Ҷоми Иттиҳод-2000: «Варзоб» класс нишон медиҳад!

Шодии Сӯҳроб Ҳамидов, Ораз Назаров, Алиёр Ашӯрмамадов ва дигаронро ҳадду канор набуд. Дастоварди «Варзоб» дар соли 2000-умро дигар ягон намояндаи Тоҷикистон такрор накардааст. Ду пирӯзӣ, як мусовӣ ва ҷойи аввал дар гурӯҳ! Плюс роҳхат ба Лигаи Олӣ! Ва ин роҳхатро ҳам «Варзоб» аз яке аз грандҳои маъмулии Ҷомҳои Иттиҳод – «Динамо»-и Тифлис зада гирифт.

Вале Лигаи Олӣ дигар ба мисли маъмулӣ набуд. «Динамо»-и Киев дублерҳои худро ба сабқат фиристода буд ва дигар ин сабқат барои ҳам тамошобинҳо ва ҳам иштирокчиён камтар ҷолибияте дошт. Ин дублерҳо низ бозии хуб нишон дода натавонистанд ва аз «Сконто» панҷ тӯби беҷавоб хӯрданд. Бозигари қаҳрамони Латвия – Владимир Колесниченко дар ин бозӣ ҳатто покер ҳам намуд, ки дер боз дар ин сабқатҳо надида буданд.

Воқеан, «Сконто» дар ин сабқат «Спартак»-ро низ шикаст дод! «Спартак»-ро бо чунин бозигароне чун Титов, Тихонов, Робсон ва Кечинов! Бар илова, дар ин сабқат чунин чеҳрае чун Александр Глеб (БАТЭ) пайдо шуд.

Вале «Спартак» «Спартак» аст. Ҷоми навбатии Иттиҳод боз ба хазинаи ҷомҳои «Спартак» рафт.

Лигаи Олӣ:

Гурӯҳи 1:

  • «Спартак» 6-1 «Кяпаз» (Робсон 4, 55, Баранов 12, Титов 32, Шеголев 77, Ширко 78 – Рзаев 63)
  • «Зимбру» 2-1 «Жалгирис» (Кулик 25, 62 – Ксанавичюс 16)
  • «Спартак» 3-1 «Зимбру» (Баранов 16, Титов 49, 86 – Митерев 25)(довар: Сафаров аз Тоҷикистон)
  • «Жалгирис» 2-0 «Кяпаз» (Мамедов 40 автогол, Дедура 88)
  • «Зимбру» 3-0 «Кяпаз» (Гилазев 17, Митерев 18, Гусила 77)
  • «Спартак» 2-0 «Жалгирис» (Робсон 19, Титов 35)

Гурӯҳи 2:

  • «Динамо» (Киев) 0-0 БАТЭ
  • «Сконто» 3-1 «Ширак» (Рехвиашвили 3, Чаладзе 29, Рубинс 35 – Арутюнян 39 пен.)
  • «Сконто» 3-1 БАТЭ (Колесниченко 16, Землинский 33 пен., Терескинас 47 – Кутузау 8)
  • «Динамо» (Киев) 1-0 «Ширак» (Коновалов 83)
  • БАТЭ 5-1 «Ширак» (Лагун 41, Окулич 67, Лашанко 76, Ермакович 77, Кутузау 90 – Арт. Петросян 73)
  • «Сконто» 5-0 «Динамо» (Киев) (Буиткус 16, Колесниченко 40,42,59,73)

 Лигаи якум:

Гурӯҳи 1:

  • Мунтахаби то 21-солаи Русия 2-2 «Нисо» (Горохов 51, Токарев 90 – Кулигазов 41, Агабаев 75)
  • «Левадия» 4-1 «Дустлик» (В. Лейтан 3,6, Колбасенко 14, 48 пен. -Давлатов 35)
  • Мунтахаби то 21-солаи Русия 0-2 «Дустлик» (Ҳасанов 3 пен., С. Қурбонов 73)
  • «Нисо» 4-1 «Левадия» (Кулиев 24, Агабаев 27, Байлиев 66, Кулигазов 89 – Колбасенко 81 пен.)
  • Мунтахаби то 21-солаи Русия 2-1 «Левадия» (Токарев 36, Калимуллин 86 автогол – В. Лейтан 40)
  • «Дустлик» 3-1 «Нисо» (Қурбонов 47, 85, Давлатов 59 – Гочкулиев 81)

Гурӯҳи 2:

  • «Динамо» (Тифлис) 5-2 САГ-Динамо (Алексидзе 23, 48, Кебадзе 40, Тситаишвили 67, Немсадзе 88 – Сало 50, Иванов 54)
  • «Варзоб» 2-2 «Иртиш-Бастау» (Князев 24, Ҳамидов 28 – Мендез 36 пен., Клишин 44)

22.01.2000. 300 тамошобин. «Варзоб»: Муканин, Князев, Кнител, Турдиев, Ҳайдаралиев, Зардов (Гулмадов 78), Хоҷаев, Қурбонов, Назаров, Ҳамидов, Ашӯрмамадов.

  • «Варзоб» 5-3 «Динамо» (Тифлис) (Назаров 32, 79, Ашӯрмамадов 44, Ҳамидов 62 пен., 68 – Алексидзе 14, Анчабадзе 54, Тситаишвили 77)

23.01.2000: 350 тамошобин. «Варзоб»: Муканин, Князев, Кнител, Турдиев, Ҳайдаралиев, Зардов (Идиев 87), Хоҷаев, Қурбонов (Зубайдов 82), Назаров (Ҳабибуллоев 88), Ҳамидов, Ашӯрмамадов.

  • «Иртиш-Бастау» 6-1 САГ-Динамо (Мендез 5, Зубарев 21,33, 71, Мирошниченко 30, Гумар 52 – Крохмал 59)
  • «Динамо» Тифлис) 5-2 «Иртиш-Бастау» (Анчабадзе 44, Датвадзе 53, Немсадзе 76, 86, Кебадзе 90 – Зубарев 25, Мирошниченко 37)
  • «Варзоб» 1-0 САГ-Динамо (Ҳамидов 67)

25.01.2000: 200 тамошобин.«Варзоб»: Муканин, Князев, Кнител, Турдиев, Ҳайдаралиев, Зардов (Гулмамадов 81), Хоҷаев, Қурбонов, Назаров, Ҳамидов, Ашӯрмамадов.

Даври нимниҳоӣ:

  • «Зимбру» 2-0 «Сконто» (Берко 73, Гусила 84)
  • «Спартак» 5-1 БАТЭ (Ширко 16, Робсон 45, 52, Кечинов 70, Бузникин 90 – Глеб 26)
  • «Зимбру» 4-0 БАТЭ (Борет 13, Кулик 32, Митерев 58, Бутелший 79)
  • «Сконто» 2-1 «Спартак» (Буиткус 46, Землинский 49 пен. – Ширко 8)

Бозии ниҳоӣ:

  • «Спартак» 3-0 «Зимбру» (Ширко 28, Булатов 68, Титов 81)

Голзанҳои беҳтарин:

  • Владимир Колесниченко («Сконто») – 5
  • Луис Робсон («Спартак»)
  • Егор Титов («Спартак»)
  • Сӯҳроб Ҳамидов («Варзоб») – 4
  • Ширко («Спартак»)
  • Зубарев («Иртиш-Бастау»)

Ҷадвали ғайрирасмии дастаҳо: 

  Б П М Ш T/T Х
1 Спартак (Маскав, Русия) 6 5 0 1 20-5 15
2 Зимбру (Кишинёв, Молдова) 6 4 0 2 12-7 12
3 Сконто (Рига, Латвия) 5 4 0 1 13-5 12
4 БАТЭ (Борисов, Беларус) 5 1 1 3 7-13 4
5 Динамо (Киев, Укроин) 3 1 1 1 1-5 4
6 Жалгирис (Каунас, Литва) 3 1 0 2 3-4 3
7 Ширак (Қумрӣ, Арманистон) 3 0 0 3 2-9 0
8 Кяпаз (Ганҷа, Озарбойҷон) 3 0 0 3 1-11 0
9 Варзоб (Душанбе, Тоҷикистон) 3 2 1 0 8-5 7
10 Динамо (Тифлис, Гурҷистон) 3 2 0 1 13-9 6
11 Иртиш-Бастау (Павлодар, Қазоқистон) 3 1 1 1 10-8 4
12 Нисо (Ишқобод, Туркманистон) 2 1 0 1 5-4 3
13 Левадия (Маарду, Эстония) 2 1 0 1 5-5 3
14 Дустлик (вилояти Тошкант, Узбакистон) 2 1 0 1 4-5 3
15 САГ-Динамо-МВД (Бишкек, Қирғизистон) 3 0 0 3 3-12 0

 ПС: Касе агар маълумоте илова кардан хоҳад дар ин матлаб, ё аксҳое ё видеое аз ин бозиҳои соли 2000 дошта бошад, хеле муташаккир мебудам.

 

 

Leave a Reply