Вақти бештар ба Искандар…дигарҳо ҳама сифр (poll)

Full match of Iskandar Jalilov. Other Tajik young legioners are out

Искандар Ҷалилов, бозигари ҷавони дастаи ҷавонони ССКА-и Маскав дар бозии дуввум пайидарҳам аст, ки ба майдон мебарояд.

Ин навбат Искандар аз аввали бозӣ дар бозӣ буд ва барои ҳамаи 90 дақиқаи бозӣ. Ва ин навбат дастаи Искандар ба осонӣ пирӯз шуд. Бар ҳамсолонашон аз «Ростов» бо ҳисоби 4-1! Искандар гол назад.

Дар ҳамин ҳол, ҷавонони «Локомотив» дар Краснодар бе Наим Шарифӣ ва Нуриддин Давронов бо «Кубан» мусовии бидуни гол карданд. Ҷавонҳои «Сатурн» бошанд дар меҳмонӣ бар «Терек» пирӯз омаданд…Бе капитанашон Фарҳод Восиев. Ҷавонҳои «Рубин» дар Қазон бар дубли «Спартак»-и Маскав бо ҳисоби 5-4 ғолиб омаданд. Тоҷикони «Рубин» – Парвиз Умарбоев ва Алишер Ҷалилов ягон гол назаданд, чун умуман бозӣ надоштанд.

Дар ҷадвали сабқати ҷавонҳои Премйер-Лигаи Русия ССКА-и Маскав (Искандар Ҷалилов) дар ҷойи 13-ум аст. «Локомотив»-и Маскав (Наим Шарифӣ, Нуриддин Давронов) дар ҷойи сеюм аст. «Сатурн»-и Раменское (Фарҳод Восиев) пас аз «Локомотив» дар ҷойи чаҳорум ҷойгир шудааст. «Рубин»-и Қазон (Парвиз Умарбоев, Алишер Ҷалилов) дар ҷойи шашум аст.

Leave a Reply