Муҳоҷими мунтахаби Тоҷикистон Аҳтам Ҳамроқулов аз Узбакистон ба Ватан баргашт. Ва хуб кард, ки баргашт.
Аҳтам ҳамакнун талош хоҳад кард, то боз дар «Вахш» яке аз беҳтаринҳо бошад.
Аҳтам аз оғози имсол дар Лигаи якуми Узбакистон, дастаи «Машъал-Академия»-и шаҳри Муборак бозӣ мекард. Аҳтам бозӣ дар ин дастаро хеле хуб сар кард ва чанд гол ҳам зада тавонист, вале баъдан аз чӣ сабаб бошад, ки дигар исмашро намешунидем. Дастаи ӯ бошад пешсафи Лигаи якуми Узбакистон буд.
«Вахш» барои Аҳтам дастаи худӣ аст, чун ӯ алифбои футболро дар ин ҷо омӯхтааст. Дар панҷ сол (2003-2008) Аҳтам яке аз бозигарони беҳтарини дастаи беҳтарини шаҳри Қурғонтеппа гардид. Соли 2005 12 голаш ба ӯ унвони беҳтарин голзани сабқат ва ба дастааш унвони қаҳрамониро оварданд.
Аҳтам ба хабаргузории «Варзиш-Спорт» хабаркашӣ кардааст, ки аз бозгашташ хеле хушҳол аст.
Filed under: Ahtam Hamrokulov, Uzbekistan, Vakhsh | Tagged: Ahtam Hamrokulov, Uzbekistan, Vakhsh
Хайрият!!!! мешудайку