Дебют дар ҳайъати асосӣ ва бозии хеле ҳа хуби Фарҳод Восиев ба дастааш – “Сатурн”-и ЗериМаскав имкон надод, то ба марҳилаи дигари Ҷоми Русия бигзарад.
“Сатурн” бозии худро дар марҳилаи 1/16 ниҳоии Ҷоми Русия дар шаҳри Владивосток аз дастаи маҳаллии “Луч-Энергия” бо ҳисоби калони 0:3 бохт. Дастаи владивостокӣ дар Лигаи якуми Русия бозӣ мекунад.
Дар ин бозӣ фарангии тоҷик Фарҳод Восиев тамоми 90 дақиқа дар майдон буд ва яке аз бозигарони беҳтарин дар ҳайъати дастаи бохта ба шумор меафт. Аз ҷумла, ӯ чанд лаҳзаи голзанӣ дошт, вале бахташ омад накард ва ҳам чанд чунин лаҳза барои ҳамдастагонаш фароҳам овард, вале онҳо истифода бурда натавонистанд.
Воқеан, дастаҳои дигари тоҷикон – “Локомотив” ва ССКА-и Маскав ва “Рубин”-и Қазон низ бозиҳои ҷомии худро бохтанд. Мутаассифона, ҳатто дар бозиҳои ҷомӣ бо дастаҳи лигаи аввал сармураббиҳои ин дастаҳо ҳеҷ ҷоеро барои фарангиёни тоҷики худ қоил нашуданд.
Воқеан, аз 16 дастаи Премйер-Лига танҳо чаҳор (!) даста тавонистанд ба марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Русия роҳхат бигиранд! Браво, ба намояндагони “кастаҳои поин”-и футболи Русия!
Filed under: Farhod Vosiev, Russian football | Tagged: Farhod Vosiev, Russian football
ХУРШЕД БАР ЧЕМПИОНЇ, ВАЛЕ СЎЊРОБ БАР МАЌОМИ ЧОРУМ ТАЛОШ МЕКУНАД
Нимаи аввали чемпионат паси сар шуд. Футболбозони тољик аз ин давра чи таасурот бардоштанд? Ба саволњои мо доир ба ин мавзўъ ду футболбози бењтарини марњилаи аввал – капитани дастаи «Регар-ТадАЗ» Хуршед Мањмудов ва њамлагари дастаи «Энергетик», ки њоло бењтарин нишонзани чемпионат мебошад, Сўњроб Њомидов посух медињанд.
- Нимаи аввали чемпионатро чї гуна шарњ медињед?
Хуршед Мањмудов: – Барои «Регар – ТадАЗ» на онќадар хуб буд. Ва агар сухан дар бораи худи чемпионат равад, гузаронидани чемпионат наѓз буд. Аввалин ноомади кори мо аз оѓози мавсим сар шуд, ки мо дар сафар аз дастаи «Хуљанд» бо њисоби 2:0 маѓлуб шудем. Вале дар охирин даври марњилаи аввал дастаи мо бозии бењтарини худро нишон дода, дар майдони худ тими «Вахш»-и Ќўрѓонтеппаро бо натиљаи 3:1 шикаст додем. Бозї бо «Истиќлол» (бо натиљаи 1:1 тамом шуда буд «ВС») њам хеле љолибу диданї буд ва мо ѓалабаи садфоизаи худро аз даст додем.
Сўњроб Њомидов:- Хеле хуб гузашт. Аз чанд соли пешин хеле хуб. Бозињо мувофиќи таќвим гузаронида шуд, кам бозињое буданд, ки ба рўзи дигар мавќуф гузошта шуда буд. Инчунин ман ба як чиз норозигї баён менамоям, ки дар чемпионат теъдоди дастањо хеле каманд ва бозингарони чемпионати мо дар як мавсим максимум 20 бозї мегуз-аронанд. Агар ба футболњои байналмилалї нигарем, бозингар метавонад дар як мавсим 30-40 бозї гузаронад. Инчунин истироњат низ хеле дароз карда шудааст.
- Оё аз љойгиршавии дастаатон розї њастед?
Хуршед Мањмудов: – Ман хусусан аз љойгиршавии дастаи «Регар-ТадАЗ» розї нестам. Мо дар ин рўзњо дар маќоми аввал ва ё дуюм бояд меистодем, вале бо амри таќдир мо њоло дар маќоми сеюм њастем. Мо дар оѓози мавсим 5-6 бозии аввалро на онќадар хуб анљом додем. Вале дар охир бо усули худи бозии «Регар-ТадАЗ» раќобатамонро давом додем.
Сўњроб Њомидов: – Ман њам ќаноатманд нестам. Дар чанд бозии аввали чемпионат мо маѓлуб гардидем. Дар 4-5 бозии охир хуб баромад намудем ва холњои имконпазирро ба даст даровардем.
- Њоло бо чї кор машѓулед?
Хуршед Мањмудов: – Ман бо њамроњии даста дар тамринњои дастаљамъї ќарор дорем. Аллакай ду бозии рафиќона гузаронидем, ки дар њардуяш ѓолиб омадем. Инчунин интизор меравад, ки бо дастаи мунтахаби Олимпии кишвар ва тими «Локомотив»-и Маскав бозињои рафиќона доир намоем.
Сўњроб Њомидов: – Њоло дар тамринњо банд њастам. Рўзи гузашта бо тими «Регар-ТадАЗ» бозии рафиќона анљом додем. Тамринњои мо њар рўз аз соати 9 то соати 11 баргузор мешавад. Истироњат надорем.
- Оё ба дастаи Шумо ягон футболбози нав омадааст?
Хуршед Мањмудов: – Њоло ба дастаи мо аз тими «Парвоз» Мансур Њакимов омадааст. Дигар бо ягон футболбоз тим ќарордодро оѓоз нанамудааст.
Сўњроб Њомидов: – Њоло бо ягон кас даста шартнома ба имзо нарасонидааст, вале дар тамринњои мо футболбози дастаи «Регар-ТадАЗ» Идибек Њабибуллоев иштирок карда истодааст.
- Бозии худро дар марњилаи аввали чемпионат чї гуна бањо медињед?
Хуршед Мањмудов: – Ман аз бозии худ њаштод дар сад розї њастам. Камина агар фикр намоям, дар бозии «Вахш» њунари бењтарини худро нишон додам ва дар бозї бо «Хуљанд» ба ман бозї омад накард.
Сўњроб Њомидов: – Дар аввали марњила бозии ман он ќадар омад накард ва њаминро мегўям, аз ин бозињо ќаноатманд набудам. Инчунин бозии ман дар дидор бо «Хуљанд» сараввал омад намуд, ки мо ѓалаба карда истода будем, вале дар охир маѓлуб шудем (натиља 3:2 ба фоидаи суѓдињо «ВС»). Бозии ман дар вохўрї бо «Истиќлол» (2:0 ба фоидаи «Истиќлол») умуман омад накард.
- Дар нимаи дуюм чи наќшањо доред?
Хуршед Мањмудов: – Наќшаи даста – танњо ѓолиб омадан дар чемпионати кишвар ва инчунин соњиб гардидан ба Љоми президенти Конфедератсияи Футболи Осиё. Моро бозии шадид дар даври аввалини марњилаи дуюм дар Ќўрѓонтеппа истизор аст. Вале мо танњо бањри ѓалаба ба маркази вилояти Хатлон хоњем рафт. Мусовї њам ба мо мисли маѓлуб шудан аст. Раќиби асосии мо дар бозињои Љоми президенти Конфедератсияи Осиё ин «Ашхобод»-и Туркманистон мебошад. Боз њаминро ќайд карданї њастам, мо бањри ба даст овардани Љоми Тољикистон низ талош хоњем кард.
Сўњроб Њомидов: – Мо љиддї тамрин намуда истодаем, ки дар марњилаи дуюми чемпионат раќобати сахтеро бар раќибонамон нишон дињем. Инчунин ба мо вазифа гузошта шудааст, ки соњиби Љоми Тољикистон шавем. Дар охири мавсим мо метавонем камаш соњиби љои 4-ум шавем. Мо медонем, ки дар ин маќом барои мо лозим аст, ки бо тими «Парвоз» ва «Истиќлол» раќобат намоем, вале сад дар сад гуфта метавонем, ки моро дар охири чемпионат маќоми чорум интизор аст.
Дебют не, балки огоз бояд гуфт ба точикии.