Бозии калон дар Турсунзода

Маъзарат, ки ин хабарро аввал бо англиси чоп кардам. Субх каме шитоб доштам ва то он ки хонандагонро бо ин хушхабар шинос кунам, варианти англисияшро наш кардам.

Хамакнун, тарчимааш.

Тавре, ки Фоллоевр дируз дар бахши комментхо гуфта буд, мизбонии бозихои нихоии Чоми президенти АФК ба Турсунзода дода шуд. Хамакнун, дар рузхои 25-27-уми сентябр варзишгохи “Металлург” мизбони ду бозии нимнихои ва як бозии нихоии Чомипрезиденти АФК хохад шуд.

Кахрамони Точикистон дар соли 2008 ва сохиби феълии ин Чом дастаи “Регар” ТадАЗ  барои унвони “сохиби секаратаи Чом” бо “Ишкобод”-и Туркманистон, “Дордой-Динамо”-и Киргизистон ва ВАПДА-и Покистон мубориза хохад бурд.

Куръаи мархилаи нимнихои рузи 22-юми июл, соати 12:30 ба вакти махалли дар Куала-Лумпур партофта хохад шуд.

Харсеи ракибон барои кахрамони Точикистон шинос хастанд ва Хуршед Махмудов ва компания тачрибаи шикастани онхоро аллакай доранд. Хамакнун, дар назди даххо хазор мухлиси худ аз “Регар” ТадАЗ умедоврем, ки боз моро ноумед нахохад кард ва боз ин Чомро ба даст хохад овард.

Leave a Reply