Охирин умед барбод рафт

No More Hopes, Just Tears

Мунтахаби 19-солаҳои Тоҷикистон охирин умеди худро барои ба даст овардани роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷавононаи Осиё аз даст дод.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи худ ҷойи саввумро гирифта буд ва охирин умедаш беҳтарин ҷойи саввум аз миёни чаҳор гурӯҳи мусалмонӣ буд.

Вале имрӯз, 10-уми ноябр, дар гурӯҳи “Б” Баҳрайн бар Қатар бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад ва дар гурӯҳаш ҷойи саввумро гирифт. Дук роҳхат ва ҷойҳои аввали ин гурӯҳро Имороти Муттаҳидаи Араб ва Сурия ишғол карданд. Баҳрайн ҳамчун ҷойи саввум баробари Тоҷикистон шаш хол дорад вале танобсӯти тӯбҳояш беҳтар аст. Таносӯби тӯбҳои Тоҷикистон 5-6 (-1) аст, таносӯби тӯбҳои Баҳрайн 7-7 (0) аст. Танҳо як тӯб беҳтар… 

Акнун, Баҳрайн чашм ба бозиҳои дигар гурӯҳҳо медӯзад ва мо аз Ҷоми 19-солаҳои Осиё то соли 2011 дигар лаб намекушоем…..

3 Responses

  1. BYE BYE S. GAFUROV !!!!!

  2. Ana aknun in sarvari timi milii Tojikiston, P.Kodirov-ro bined ki dar yake az intervyu-ho, ba fikram ba Asia-Plus guftaast ki u dar internet hondaast ki bachahoi mo dar Nepal hub baromad mekunandu, U niyate dorad chande az onhoro ba timi mili davat kunad? Ohir yakumach hudach bozihoro nadida in tavr hulosa mebaroradu, az tarafi digar bochad bachahoe ki az Yemen bo 0-3 va 0-2 az Jordan shikast mehurand, kifoi davatnoma ba timi mili nestand.

  3. NZL 1-0 BHR (1-0 agg): Fallon breaks Bahrain hearts

    Афсус, Бахрайн ба Африко намеравад, боз як намояндаи осиеи кам…бечора Бахрайн ду бор шуд то ба плей офф мерасад, вале такдираш намехандад…афсус…

Leave a Reply