Пас аз он ки Конфедеросюни футболи Осиё (КФО) аъзояшро ба табақаҳои гуногуни футболӣ гурӯҳбандӣ кард ва Тоҷикистонро шомили пасттарини ин «кастаҳо» намуд, сар аз соли 2005 дастаҳои «кишварҳои зуҳурёфта»-ро аз иштирок дар сабқатҳои асосии дастаии Осиё маҳрум намуд ва барояшон як сабқати дигари вижае ташкил кард. Сабқати вижае бо номи Ҷоми раиси КФО. Ва аввалин пирӯзи ин Ҷом қаҳрамони Тоҷикистон, «Регар» ТадАЗ гардид. Ин матлаб ҳам аз таърихи ин сабқат ҳикоя мекунад.
Мизбони нахустин Ҷоми раиси КФО шаҳри Катмандуи Непал таъин гардид. Ҳарчанд ба гурӯҳи «зуҳурёфтагон»-и осиёвӣ 17 кишвар шомиланд, аммо қаҳрамонҳои танҳо ҳашт чунин кишварро ба нахустин Ҷоми раис роҳ доданд. Онҳоро чаҳор дастаӣ ба ду гурӯҳ тақсим карданд ва гуфтанд, ду ҷои аввал ба нимниҳоӣ мебароянд. Ва гуфтанд, касе ҷомро ба даст орад, 50.000 $ хоҳад гирифт. Ба мағлуби бозии ниҳоӣ нисфи ин маблағ ваъда шуд.
Рақибони «Регар» ТадАЗ дар гурӯҳи “A” қаҳрамонҳои Тайван, Бутан ва Непал буданд. Бозии нахустини худро қаҳрамони Тоҷикистон рӯзи 4 майи соли 2005 бо «Транспорт Юнайтед»-и Бутан доир намуд. Ва тоҷикон ба осонӣ «нақлиётчиён»-и бутаниро бо ҳисоби калони 6-1 шикаст доданд. Се тӯбро дар ин бозӣ Ҷомӣ Муҳиддинов (дақоиқи 35, 37 ва 56), ду тӯбро Хуршед Маҳмудов (дақиқаҳои 18 ва 89) ва як тӯби дигарро Рустам Табаров дар дақиқаи 86-ум вориди дарвозаи қаҳрамони Бутан карданд. Танҳо тӯб ба дарвозаи «Регар» бо пойи кадом як Наванг Дендуп дар дақиқаи 68-ум зада шуд. Ин танҳо тӯбе буд, ки дар ин сабқат ба дарвозаи «Регар» зада шуд. Дар бозии дигари ин гурӯҳ соҳибони майдони «Три Стар Клаб»-и Непал бо «Тай Пауер Кампани» 1-1 мусовӣ карданд. Ва бад ин тартиб, пас аз даври аввал «Регар» пешсафи гурӯҳ гардид.
Бозии дувуми худро «Регар» ТадАЗ рӯзи 6 май бо қаҳрамони Тайван доир намуд. Бояд гуфт, ки барои умуман кишвари Тайван иштирок дар Ҷоми раиси КФО нахустин таҷриба дар сабқатҳои осиёӣ буд. Ва «Тай Пауер Кампани» даҳ соли ахир пайваста қаҳрамони кишвараш буд. Ва аммо «Регар», ки барояш дастачаҳакҳои тайванӣ набуд. Тоҷикон дар ин бозӣ бо ҳисоби 3-0 ғалаба ба даст оварданд. Тӯбҳоро Одил Эргашев (дақ.7), Ҷомӣ Муҳиддинов (дақ.17) ва Рустам Табаров (дақ.40) заданд. Ин бозӣ «Регар»-ро ба таври автоматикӣ ба даври нимниҳоӣ бурд. Дар бозии дигари ин гурӯҳ қаҳрамони Непал бар қаҳрамони Бутан бо ҳисоби 2-1 ғолиб омад.
Бозии саввуми «Регар» ТадАЗ бо қаҳрамони Непал, дастаи «Три Стар Клаб» рӯзи 8 май бидуни гол анҷом пазируфт. Ва ҳамин гуна, ҳардуи ин даста мутаносибан ҷойҳои якуму дуввумро гирифта ба даври дигар роҳхат гирифтанд.
Дар даври нимниҳоӣ рӯзи 12 май «Регар» ТадАЗ ба осонӣ «Блю Стар» аз Шри-Ланкаро бо ҳисоби 6-0 шикаст дод. Тӯбҳоро инҳо заданд: Сӯҳроб Ҳамидов (13, 34), Хуршед Маҳмудов (43), Абдулло Умарбоев (70), Маъруф Рустамов (74), Шуҷоат Ҳамидов (90). Барои роҳхати дигар ба бозии ниҳоӣ қаҳрамони Қирғизистон, «Дордой-Динамо» танҳо дар зарбаҳои ёздаҳметраи пас аз бозӣ мизбони Ҷом, дастаи непалиро шикаст дод.
Қабл аз бозии ниҳоӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии «Регар» ТадАЗ мутмаин буд, ки Ҷом ба Турсунзода бурда хоҳад шуд. Дар бозии ниҳоӣ, рӯзи 14 май дар ҳузури 8.000 бинандаи непалӣ дастаи шаҳри Турсунзода ҳарфи сармураббии худро нашикаст. Аллакай дар дақиқаи 7-уми бозӣ зарбаи Низом Раҳимов аз дурии 30 метр ҳисобро боз кард. Бо вуҷуди гол тоҷикон ҳамоно ҳамла мекарданд. Ва дар дақиқаи 70-уми бозӣ аз пеналти Одил Эргашев ҳисобро калонтар кард. Пас аз ду дақиқа Ҷомӣ Муҳиддинов ба ҳисоби бозӣ нуқтаи таммат гузошт ва худ бо панҷ тӯб беҳтарин нишонзани нахустин Ҷоми раиси КФО гардид.
Ҳамчунин бихонед: