Моҳи феврал буд, ки КФО тасмим гирифт, то бозиҳои дуввумин Ҷоми раисашро дар Камбоҷа баргузор бикунад. Вале баъдан тасмим дигар шуд ва мизбонии сабқатро ба дӯши шаҳри Кучинг дар Малайзия гузоштанд.
Дар ин сабқат низ қаҳрамонҳои ҳамон ҳашт кишвари порсоларо иҷозаи бозӣ доданд. Непалу Бутану Камбоҷаву Покистону Тайвану Шри-Ланкаву Қирғизистону Тоҷикистон. Ва муддаиёни аслии Ҷом низ ба мисли соли қаблӣ намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон маҳсуб мегардиданд. Боз ҳам ду гурӯҳ бо чаҳор дастаӣ, боз ҳамон 50.000 доллар барои ғолиб, 25.000 доллар барои ҷои дуввум ва ба дигарҳо 15.000 долларӣ.
Тоҷикистонро ин навбат «Вахш» намояндагӣ мекард. Гурӯҳи «Вахш»-ро барои бо намояндагони Непалу Қирғизистон ҳамроҳ буданаш ба истилоҳ «гурӯҳи марг» меномиданд. Бозии нахустини «Вахш» рӯзи 12 май бо муддаии аслии дигари Ҷом – қаҳрамони Қирғизистон буд. Ин даҳумин бозии дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар чаҳорчӯби сабқатҳои дастаии осиёӣ буд ва он барои тоҷикон ҳафтумин пирӯзиро овард. Аҳтам Ҳамроқулов дар дақиқаи 24-ум ҳисобро боз кард. Дар қисми дуввум Абдуқаюм Қарабоев (62) ва Назир Ризомов (81) ҳисобро 3-0 карданд. Дар бозии дигари ин гурӯҳ «Ратнам» аз Шри-Ланка мини-сенсатсия карда, бар «Мананг Маршианди»-и Непал бо ҳисоби 2-0 пирӯз шуд.
Рақиби даври дуввуми «Вахш» намояндаи Непал, дастаи «Мананг Маршианди» буд. Бо назардошти бозиҳои даври якум ҳадс зада мешуд, ки «Вахш» дар ин бозӣ низ ба осонӣ пирӯз хоҳад шуд, вале. Вале даста аз Непал нишон дод, ки барои тоҷикон рақибони душвортарин хоҳанд буд. «Вахш» бозиро бо ҳисоби 1-3 бохт. Ягона тӯби «Вахш» дар ин бозиро дақ дақиқа қабл аз анҷом Назир Ризомов зад. Пас аз ин бозӣ сармураббии «Вахш» Ураз Турақулов гуфт, бозигарони тоҷик баъди пирӯзӣ бар қирғизҳо нерӯи ин рақиби худро нодида гирифтанд ва ба чунин ҷазо гирифтор шуданд. Қирғизҳо дар бозии дигар бар дастаи Шри-Ланка бо ҳисоби 3-0 пирӯз шуданд. Ҳамин гуна, баъд аз даври дуввум ҳар чаҳор дастаи гурӯҳи “B” се холӣ доштанд.
Бозии даври охирини гурӯҳӣ низ рӯзи 15 май барои «Вахш» осон набуд. Дар қисми аввал «Ратнам» аз Шри-Ланка нагузошт, то ҳуҷумҳои тоҷикон бобарор анҷом бигирад. Танҳо дар дақиқаи 53-юми бозӣ Назир Ризомов ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 75-ум бозигари «Ратнам» як тӯби дигар вориди дарвозаи худ кард ва тавре баъдан маълум шуд, маҳз ҳамин тӯб ба «Вахш» пирӯзӣ овард. Дар охири бозӣ тоҷикон як тӯб сар доданд ва ҳамин гуна, бозӣ бо ҳисоби 2-1 ба нафъи «Вахш» анҷом ёфт. Дар бозии дигари ин гурӯҳ қирғизҳо бо ҳисоби 2-0 бар қаҳрамони Непал пирӯз шуда, ҳамроҳ бо тоҷикон ба дарви нимниҳоӣ баромад. Роҳхатҳоро аз гурӯҳи дигар «Кхемара» (Камбоҷа) ва «Татунг» (Тайван) соҳиб шуданд.
Рӯзи 17 май дар бозии нимниҳоӣ «Вахш» қаҳрамони Тайванро бо ҳисоби 3-1 шикаст дод. Ҳисобро дар дақиқаи 43-ум Аҳтам Ҳамроқулов боз кард. Дар дақиқаи 57-ум ҳисоб баробар шуд. Нӯҳ дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ Соҳиб Сувонқулов ҳисобро тағйир дод ва баъди ду дақиқаи дигар Илҳом Ортиқов ба умедҳои чиноиҳои Тайван нуқтаи таммат гузошт. «Вахш» ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт, аммо на мухлисон ва на Ураз Турақулов аз бозии дастаи шаҳри Қурғонтеппа қонеъ набуданд.
Бозии ниҳоӣ, рӯзи 21 май маълум кард, ки ин нигарониҳо бесабаб набудаанд. «Дордой-Динамо», ки даҳ рӯз қабл дар ҳамин варзишгоҳи «Саравак» аз «Вахш» шикаст хӯрда буд, ин навбат интиқоми худ ситонид ва тоҷиконро мағлуб карда, соҳиби Ҷом гардид. Ҳисобро бозигари қирғизҳо Илдар Амиров дар дақиқаи 37-ум боз кард. Дар дақиқаи ҳаштуми қисми дуюм Соҳиб Сувонқулов ҳисобро баробар намуд. Вақти асосӣ бо ҳамин ҳисоб анҷом ёфт ва дар вақти иловагӣ, дар дақиқаи 105-ум боз ҳамон Илдар Амиров зарбаи пирӯзиоварро вориди дарвозаи Аслиддин Ҳабибуллоев кард.
Ҳамин гуна, Ҷоми дуввум ба Бишкек рафт.
Боз бихонед: