13 август. Шахри Дехли. Варзишгохи “Амбедкар”. Соати 18:30 ба вакти Душанбе.
Бахши комментси ин матлабро боз бикунед ва ин бозиро ба таври зинда пайгири бикунед!
AFC challenge cub, India, Tajikistan
13 август. Шахри Дехли. Варзишгохи “Амбедкар”. Соати 18:30 ба вакти Душанбе.
Бахши комментси ин матлабро боз бикунед ва ин бозиро ба таври зинда пайгири бикунед!
Мухлисони гиромии футбол. Хуш омадед, ба Футболи Точикистон. Ин бегох, иншоаллох, насиб карда бошад, пахши матнии мустакими бозии нихои миени Точикистон ва Хиндустонро ба рох хохем монд. Ин навбат карор аст, пахши мустаким бо ду хуруф: сириллик ва форси ба рох монда шавад.
Дориюш, кучоед?????????????
“Точдорон” аз Точикистон шонси хубе доранд, ки точи ЧОми чолишро дар сари худ барои дуввумин бор боки бигзоранд ва хамчунин, ба Конфедеросюни футболи Осие нишон диханд, ки дигар футбол дар Точикистон “зухурефта” ва “навпайдо” нест.
Ва аз хама бехтар. Точикистон дар сурати пирузи аз се соли пеш метавонад ба бозихои нихоии Чоми Осие-2011 роххат бигирад. Феълан, танхо як ширкатдори он бозихо маълум аст. Он хам Катар ба хайси мизбон
Сармураббии Хиндустон Боб Хютон низ гуфтааст, ки барои Хиндустон ин шонси бехтарин аст барои ба Катар роххат гирифтан. Ва онхо бо тамоми неру талош хоханд кард, то ин шонсро истифода бибаранд.
Хиндустон хамчунин дар бозихои интихобии ЧОми Осие низ иштирок мекунад, баръакси Точикистон, ки мутаассифона на.
Едовар мешавам, ин бози бояд рузи якшанбеи гузашта доир мешуд, вале ба иллати боронгарихои зиед дар Хайдаробод ва адами имкони бози дар варзишгохи Гачибовли ин бозиро ба Дехли гузарониданд.
Assalom. nasib imruz bileti QATARRO megirem!!!!!
az kujo bozii india-taj online tamosho kunem anik mekarded
Бахши комментси ин матлабро боз бикунед ва ин бозиро ба таври зинда пайгири бикунед!
коментси дар кучост имконият мебуд камтарак сола мекардед
салом ба халки точик аз кадом сайт бозии имрузаро онлайн тамошо кардан мумкин аст
Бахши комментс хамин чост, Мухаммади гироми 🙂
хабар надоред аз кадом сайт пахши мустакимро тамошо кардан мумкин?
salom footballtj giromi. nagz rafta rasided?
Ба футболбозони точик танхо галабаро хохонам, зеро онхо метавонанд ва бояд пирузи ба даст оранд! То кай мо кишвари “зухурёфта” дар чахони футбол муаррифи мешавем?!
Хуб омада расидам, Умедчон. Ташаккур. Вале хеееелехак хобббб дорам, факат ба хотири бози омада истодаам, чашмонам пушида аст,
http://www.goal.com/en-india/PartitaPreMatch.aspx?IdPartita=24526&stato=Pre%20Match
Ин линки бози бо забони англиси аст.
Хуб, яке аз шорехони мо, Умед Юсуфов пайдо шуд. Акнун, мунтазири шорехи дигарамон, Дориюши Рачабиен хастем, эххххей Дориюш, кучо шудед?
Дуруд, footballtj. Ман сари корам, аммо хатталимкон дар ихтиёри торнигори азизат хохам буд. Ба умеди шукухи дубораи тими футболи Точикистон!
welcome back, Darius,
ФутболТЧ ниятдорад, дар оянда бархе аз матолибро бо хатти форси низ нашр бикунад ва бад ин васила хамзабононеро, ки сириллик балад нестанд, бо ахбори футболи Точикистон ошно бинамояд
Ачиб аст, ки номи Даврончон Тухтасуновро дар фехрести бозикунони тими Точикистон мебинем. Зохиран карор буд у дар ду бозии оянда ширкат накунад. Ба хотири зарба задан ба сари як бозикуни Куреи Шимолй мучозот шуда буд. Фикр мекунам, ин фехрест баруз (update) нашудааст.
Бисёр нияти хубу сутуданист, Footballtj
На, ба он фехрас лутфан феълан таваччух надихед, пас аз огози бози он хатман ки тагйир мехурад.
Кош тагйир накунад!
😉
Мутаассифона, легионерхои мо – Дилшод ва Фарход Восиевхо, Комил Саидов, Акмал Холматов, Манучехр Чалилов ба Хиндустон оварда нашудаанд, аммо иншоаллох хамин “мунтахаби дастаии Точикистон” (Сборная клубов Таджикистана) низ кодир ба пирузи хохад буд.
Катар, барои ТЧК чой омода бикун!
Камтар аз хафт дакика то огози бозй бокист.
Ба “Мунтахаби бошгоххои Точикистон” комгорию пирузй мехохем.
Мухлисони гиромии футбол, хуш омадед ба Футболи Точикистон,
инак, аз хамин лахазот шархи онлайни бозии нихоии Чоми чолиш’08-ро огоз мекунем, хамрох бо ФутболТЧ аз Душанбе ва Дориюш аз Ландан ин бозиро пайгири бинмоед
Едовар мешавам, ки барандаи имрузаи бози бар иловаи Чоми чолиш боз як чоизаи мухимми дигарро низ ба даст меоварад
Сомонаи хиндии ГоалКом фехраси бозигарони имрузаро нашр кардааст, вале фикр мекнуам, он тахмини каблии хабарнигорони варзишии хинди аст ва шояд 1-2 тагйироте дар ин хайъат бошад
Хуштаки довар, рафтем бачахо,
Довари имруза Валентин Коваленко аз Узбакистон мебошад. Хеееееле хам умедворем, ки имруз чаноби Коваленко ки аз исмаш маълум аст миллаташ на узбак аст, даъвохои точикон сари Самраканду Бухороро ба ед наорад, шухи
Вокеан, Валентин Коваленко бозии нахустини Точикистон дар сабкати нихоии ЧОми чолиши имсола- алайхи Туркманистонро низ доварик арда буд, ва доварии хуб хам.
Харчанд дар он бози бозигарони мо бозии хуб нишон надоданд, вале он руз табассуми бахт суи чехрахои мо нигаронида шуда буд, умедворам ки имруз низ чунин бошад
Тими Хинд бо либоси обй аз рост ба чап ба тими Точикистон бо либоси хат-хатии сурх аз чап ба рост бозй мекунанд.
Хуб, хайъати Точикитсон низ эълом шуд. Дарвозаамонро Алишер Туйчив, ягона легинер дар мунтахаб аз Металлурги Бекобод химоя дорад
hay bachaho bismilloh gufta sar kadem….
Пулод Кодиров дар бозии имруза панч (!) мухофиз гузоштааст, Дориюш исми онхоро мегуяд барои шумо
Имруз фишор бар Юсуф Рабиев бештар аз гузашта хохад буд, чун Даврончон Тухтасунов – мухочими точик аз ширкат дар ин бозй мамнуъ шудааст.
Алишер Туйчиев, Алишерчон пузиш ки исматро иштибох навиштам
ок, дар холе ки Дориюш аз рафти бози шуморо огох дорад, футболтч хайъати Точикистонро муаррифи хохад кард
Мухофизон:
1. Dalerdzhon T. Defender
3 Naim N. Defender
6 Ergashev D. Defender
12 Eradzh R. Defender
17 Sohib S. Defender
Мухофизон Далерчон Тухтасунов, Наимчон Носиров, Одилчон Эргашев, Эраччон Рачабов ва Сохибчон Саванкулов
Дар хатти нимхимоя Юсуфчон Рабиев, исме ки хатман гушхои мухофизон ва дарвозабони хиндиро имруз норохат месозад хамрох бо капитан Анварчон Норкулов ва бозигари чавон Фатхуллочон Фатхуллоев карор доранд
Баъд аз бозихои зиёд дар майдони гилолуди Хайдаробод имруз ба назар мерасад, ки туб дар майдон шиновар аст! Ба осонй аз як су ба суи дигар мепарад.
дахшат
😦
Голи нахуст аз Хинд ба дарвозаи Точикистон.
mutaasifona hinduston hisobro kushod. dakikai 9. Chhetri S.
Сунил Чхетри дар дакикат 9 голро вориди дарвозаи Точикистон кард. Нахуст карор набуд голро ба хисоб оваранд. Аммо довар ба натичае расид, ки туб дар вокеъ вориди дарвозаи Точикистон шуда буд. Точикхо хашмгину норохат шуданд.
бале Умед, аввалан ин гол чун аз оффсайд хисобида шуд, аммо баъдан довари канори онро дуруст хисобид, ва хамаи даъвохои бозигарон ва мураббиени точик довари узбакро мутакоид накарданд ки Сунил Чхетри дар оффсайд буд
Норохатии тими Точикистон зохиран дар даъвои кутохи Мухиддинов бо Самир Наик бетаъсир набуд. Довар бо онхо сухбат кард ва мушкил хал шуд.
Гуфта мешавад, ки Сунил тубро аз Туйчиев дарёфт карда ва ба дарвозаи Точикистон нишондааст. Аммо ин мавзуъ бахсбарангез аст.
Хуб, все что не бҷвает, все к лучшему, акнун Точикитонро боисти ки ба хамла бигзарад ва ин навбат на бозии дифоъиро пеш бигирад,
Шорехи хиндии мусобика аз голи тимаш бисёр хурсанду пур аз фарах аст ва чег мезанад: Офарин, Дехлии Нав!
Навмед набояд шудан, дустон. Тоза огози бозист!
Голи дуввум аз Хинд ба Точикистон дар дакикаи 19
Иншоаллох, Дориюш, имруз холо хузни шорехи хиндиро низ шохид хохем шуд ва ин мо хохем буд, ки Офарин, Точикистон хохем гуфт
eee vopshe proval kuu. ee bachaho ba hud biyoyen! uspakoytes. 2-0 shud:(
черт побери
Зананда: Бхутиа Б. Ачаб коре шуд…
Бозикунони мо бояд хашмашонро канор бигзоранд, вагарна кор тамом аст.
Боб Хютон ду мухочимро ба майдон даровардаас ва хар ду низ аллакай дар бист дакикаи аввал гол заданд: Сунил Чхетри ва Байчунг Бхутия
dakikai 19. gol:Bhutia B.
Бо вучуди ин ки се мухофизи тими Точикистон атрофи Байчунг Бхутиаро гирифта буданд, у тавонист тупро аз зери пои Туйчиев дарбиёрад ва ба дарвозаи Точикистон бифиристад.
Голи севвум дар дакикаи 23
тамом,
Боз хам Сунил Чхетри. Хисоб: 3 – 0. Ба суди Хинд.
Бибин, ки асабоният бо одам чи кор мекунад…
Ман ин субх фарзанди нахустинам зода шуд, ба чойи он ки зоишгох бошам, сари комп нишастаам ва барои чи??????????????????????????
eee blin chto za dermo blya. in chi gapay? polniiy praval shud ku Tojikiston:'(
Се гол дар 23 дакика!!! Goodness gracious!
WOW!!!! Congrats, footballtj! We gotta celebrate it anyway. Don’t worry. It’s just a game. But yours is a life;)
akai Abdulfattoh tabrik. pisarcha yo ki duhtarcha?
Хуб, асабоният буд набуд, вале пас аз ин бози Пулод Кодиров бояд истеъфо биравад, ин чи харф аст, ба Сингапур бозиро бохт, Филиппинро бурда натавонист ва дар ним соат аз Хиндустон се гол хурд…
Чхетри тубро аз зарбаи баланду болои Байчунг дарёфт кард, бо сина ба замин нишонд ва бо зарбаи пои чапаш вориди дарвозаи Точикистон кард. Ин хама мухофизи точик чй кор мекунанд?
ташаккур барои табрикот,
хуб такдири Точикистон барои Катар набудааст,
Уффф! Насиров наздик буд лоакал як гол бизанад, ки нашуд. Зарбааш аз канори дарвоза рад шуд.
Шояд ин охири кор набошад а бачахо? Манзурам на он аст, ки се голи дигар мехурем, лол, балки он ки шояд се гол зада метавонем?
Бобо Футболтч! Тсссс! Еще не вечер!
Точикистон дорад аз чанги хашму асабоният берун меояд ва тайи 5 дакикаи ахир бозиаш бехтар шудааст. Саванкулов хам зарбаи хатарнокеро равонаи дарвозаи Хинд кард, аммо комгор нашуд.
Вале хануз зарбахои Точикистон аз фосилаи дур сурат мегирад.
Бачо! Наздиктар брен охе!!!
Бачахо, агар хамин точикхо ба се гол задан имруз кодир набошанд, пас бигзор 6-7 тои дигар сар диханд
rost mega. eshe ne vecher. man az turkey navista istodaam. agar dar yod doshta boshed hamin sol turkey hammai boziashro avval boy doda istoda bud. lokin burda tavonist. chehiya az 2-0 3-2. shvecariya az 1-0 2-1. harvatya az 1-0 1-1 va bo penalti burd. mo ham vaqte ki tamosho kadem umedamona hej vaqt nakandem…
Точикистон бехтарин фурсатро аз даст дод. Фатхулло тубро ба шеваи Девид Бекхам ба Рабиев пос дод. Аммо Рабиев… трррр кард.
Хабари хуш: туб бештар дар ихтиёри Точикистон аст. Шояд мо хам бихандем?
Умед дуруст кайд карди. ИНшоаллох, ки Точикистон низ имруз дахони яку ним миллиард хиндиро воз хохад кард,ба хар хол умед дорем, то дакоики охирин
Дар таърихи футбол ин гуна мисолхо кам нестанд
Точикистон дар холи бозгашт ба назму сомони худ аст. C’mon dudes!
чи бало зад Прадипа ки ивазш кадан?
Як мавриди таъвиз (замена) дар тими Хинд.: Прадип Н. рафт, Ваду М. омад.
А я про них бум-бум.
Захмй шудааст, зохиран. Мехрочуддин Вадуи банголии тозанафас чои у омад.
зато мо Сунил Чхетри ва Байчунг Бхутияро фаромуш намекунем, хар дуяшон ду бори ба Алишер Туйчиев гол задаанд ва хар чахор гол ИШТИБОХИ ХИМОЯТГАРОН аст
Корти зард барои Наик С. аз тими Хинд.
Naik S dar dakikai 39 kordi zard girift
Наик яке аз чахор мухофизи тими Хинд аст
корти сурх, довари азиз аз кишвари азизи УзбЕкистон, илтимос ду-се корти сурх ва ду се пеналти скидка кун,
Агар он довари тошканди се пеналти дихад ба мо,
Барои ин ерияш бигзарем аз бахри Самарканду Бухоро
Наик ба хотири чилавгирй аз пешравии Фатхулло ва зарба задан бо пояш корти зард гирифт.
Лол;)
dar soli 1986 dar ligai olii turkiya bozii bayni GALATASARAY va FENERBAHCE bud. dar in bozi kismi yakumi bozi 3-0 bar foidai GALATASARAY ba anjom rasid. lokin dar kismi duyumi bozi FENERBAHCE 4 gol zad va GALATASARAYRO 4-3 maglub karda bud. baroi chi imruz Tojikiston ham hamin hel nakunad??? Umedvorem…..
Дифоъ (защита)-и точикхо иштибох кард ва туб ба пои Стивен Диас уфтод. Аммо хушбахтона туби задаи Стивен рост дар дасти дарвозабони точик уфтод…
gooooooooooooooooolllllllllllll!!!!!!!!!!!!
Ураааааааааа!
Офарин бар Фатхулоооооооооо!
Умедчон, кош ту дар Дехли мебуди ва ин киссаро ба гуши Пулод Кодиров хам мегуфти…
хеле хам мехохам бидонам ки дар танаффус Пулод Кодиров чи хохад гуфт ба бачахояш
hamin ligai turkiyaro guftamu Tojikiston gol zad!!!!
суперррррррррррррр
Фатхулло дар дакикаи 44, як дакика пас аз дарёфти корти зард, голро бар фарки сари хиндихо нишонд!!!!
Корти зардро Фатхулло Фатхуллоев хамрох бо Мехрочиддин Вадуи зиндй гирифт. Дар як он.
Fathulloev Fathullo dar dakikai 44 goli yakumi Tojikistonro zad. nadeyus ne posledniy…
Хисоб: 3-1 (хануз ба суди Хиндустон)
Едовар мешавам, мухлисони гироми ки Фатхулло яке аз ситорахои чавону суъудкунандаи мунтахаби Точикистон мебошад. Голи пирузиовари у ба дарвозаи амрикоихоро ед доред августи соли гузашта дар Кореяи Чануби? Он яке аз бехтарин голхои он сабкат шуморида шуда буд
Дарвозабони Хинд аслан фурсату имконе надошт, ки зарбаи мухками Фатхуллоро баргардонад. Чун туб мустакиман ба гушаи дарвоза исобат кард ва дарвозабон дар гушаи дигаре буд.
Вот так вот!
Ачабо, хамин навиштахоямонро хамин харсеямон хонда истода бошем? лол
hozir ham az dur goli hushru zad…..
Мухим нест. Хеле кайф дорад, не?
Дар кисми дуюм иншоолло бачахои мо кахрамонии Ливерпулро дар финали ЛЧ-2005 (Милан-3:3) такрор хоханд кард. Ман ба ин боварии комил дорам. Ба пеш Точикистон!
албатта, аввалин хадафам аз боз кардани ФутболТЧ барои худам буд, ва баъд дидам ки ба охистаги дорад мухлис пайдо мекнуад, пас гуфтам барои дигархо хам нависам
Танаффус!
То фурсате дигар шуморо дар варзишгохи Амбедкори Дехлии Нав дубора хохам дид. Хуш бошед ва умедвор ба пирузй!
kismi yakumi bozi ba anjom rasid….
эххе, Комрон хам хамин чост у, кучо буди а бача? Комрончон ман Душанбе омадам, ба имейлатон раками телефонамро менависам баъдан занг занед сухбат мекнуем
Шорехи хинди менависад, ки пас аз понздах дакика боз уро хамрохи бикунем то бубинем ки точи Чоми чолиш ба сари ки нишонда хохад шуд, у албатта ба мунтахабаи худаш мутмаин аст, аммо иншоаллох мо умедворем ки точ ба сари Точдорон аз Точикистон хохад гузошта шуд
Умедчон, где аксхо?
footballtj, шумо нагзед?
Хататонро хондам. Занг мезанам.
kamtar pas roi mekunam…
Салом бачахо. Шумо нагзен, зурен, мун хубум. Хами мегум сборнии Точикистон ранги чумохо бози дора чи.
Хамин Пулоди Кодир дар гозетаи точикистон хондум, вай як аграном будай. Барои хамин вай тренер нест!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Хайрррр, аз таърих мисолхо овардем ки чархи гардунро ба дигар су тоб дода мешавад. Худо мегем ки хиндихо сваркаш накарда бошанд, лол
Агар точикистон бойтия хамаи футболистоя кати тренерош дар душанбе мекапумшона латшон менум…………
Mo ham paygiri dorem bachaho. Tashakkur baroi shorehi. Insholloh TJK piruz meshavad!!!
Хами футбалистои точикистони мо бози карда наметона. Да кишлоки чавалаи мо зуртар бози менем. Стопрацент бовари дорум ки агар кишлоки мо кати индустон бози куна мо разгромитуш менем!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Баргардед сари чохотон! Огоз шуд
fotballtj tavalludi farzand muborak boshad!!
Ташаккур, Кодири гироми
Корти зард барои Саванкулов Сохиб дар дакикаи 47.
hay sar kadem…
ва кисми дуввум бо корти зард ба Сохиб Саванкулов огоз шуд
Ба гуфтаи шорехи хиндй, Сохиб монеъ аз давидани Байчунг шудааст. Аз ин ру корти зард гирифт. Охир, ин Байчунг ачаб бозикуни хатарноке аз об даромад!
footballtj, ruslan va jurahon dar nazdam. onho ham baroi dastgiri omadan. salom gufta istodaand. farzand muborak!!!!
вокеан, дар ин сабкат то хануз боре хам пеналти дода нашудааст. Шояд ин навбат довари узбак ба нафъи Точикистон ….а?
Ташаккур ва салом ба Руслан ва Чурахон
Таниш (трения) дар майдон боло мегирад. Хакимов ва Чхетри шох ба шох шуданд. Бхутиа ва довар дахолат карданду хар дуро аз хам чудо карданд. Зохиран, то поёни руз чанд то корти сурх хам хохем дид.
Хамин туркманхо афтиданду акаллан хамон пои Байчунга мешикастанд ку,…чи хел хуб мешуд
Стивен Диас зарбаи баланде зад, ки рафт паи кораш. Яъне вориди дарвоза нашуд (сипос мар Худойро!)
Фикр мекунам, довар Коваленко то хол хуб довари дорад
Норкулов ба дарвоза наздик шуд ва Хиндустонро як лахза ларзонд. Аммо Субрата (дарвозабони Хинд) зудтар аз Мухиддинов ба сарвакти туб расид ва Хиндустонро осуда кард.
Поси Рабиев ба Мухиддинов як бори дигар дарвозаи Хиндро тахдид кард. Иштибох аз Гоурмангии хиндй буд. аммо дарвозабони сарсахти хиндй ин тубро хам ноком кард.
Худованди бахшояндаву мехрубон,
мехрат битобон
бар Точикистон
то битавон
боз хам нафас кашид…
Дар майдон харакоти хаячонангезе иттифок намеуфтад… Ё шояд шорехи хиндй хобаш бурда…
Э бача, бхе дига!!! Мрдаховут бурдай???
Упс! Борон омад. Майдон мисли Хайдаробод гилолуд хохад шуд.
Самад Шохзухуров ба майдон меомада бошад?
injajayam boron sar shud
оо, хамин борон намерасид…Ин хавояш низ Хиндустонро дастгири мекнуад-е
Тухтасунов дар дакикаи 58 туби Стивен Диасро пас зад. Туб самти дарвоза мепарид.
Зарбаи классик аз Саванкулов! Вале чй фоида? Субрата бо як зарбаи по тубро дафъ кард.
Footballtj,
Please do something about the language. Can you comment in ruzbaki (I mean zaboni adabii imruzai tojik) in parallel with me?
вокеан, дар бози барои чойи саввум Кореяи Шимоли бо хисоби 4-0 бар Мянмар голиб омадааст.
Khub shud ki jumapolvon az maydoni khudamon berun shud…)))
Мухиддинов метавонист хисобро иваз кунад. Аммо Субарта бо зарбаи по боз хам тубро дур кард.
Dont worry about that person, he’s already blocked and cant comment more.
Ur doing great job and your comments are the best Ive ever listened to and have read…
Таъвиз (замена): Наим М. рафт, Самад С. омад.
Doriush take it easy. Do not pay attention to such creatures
yes, and dont be nervious,
uve already seen последствия нервиозности
Точикхо тубро дар ихтиёри Байчунг гузоштанд. Хушбахтона, зарбаи Байчунг тубро ба самти хатти чарима парт кард. Зарбаи точикхо самти дарвоза хатарнок буд. Аммо Стивен Диас кадам пеш гузошт, тубро гирифту самти дарвозаи Точикистон баргардонд. Хар ду зарба хадар рафт (бехуда буд).
Хиндихо чй кори неке дар торих анчом додаанд, ки Худованд барояшон Субратаро офаридааст. Ду зарбаи дигар ба дарвозаи Хинд ва хар дуро Субрата пас зад. Оё ин мардак хато хам мекарда бошад? Ба умеди Худо…
Зарбаи зебои ахир аз Рабиев буд. Аммо он хам туъмаи Субрата шуд.
salom ba hamai azizon! Tashakkur ba Darius baroi tafsiri bisyor olii in raqobat!
Ba umedi piruzi
Thanks Godir. But I think he might be right. we are from 2 different worlds and don’t underdstand each other anymore… Sad, but real.
Сипос ба Зиёи гиромй. агар пируз нашавем, хамааш хадар хохад рафт;)
Точикистон фишор бар Хиндустонро афзоиш медихад. Зарбахо пушти хам самти дарвозаи Хинд мепаранд, аммо дифоъи Хиндустон хам бадак нест.
на, хадди акалл имруз таваллуди шорехи олии футбол аз Точикитсонро шохид хохем шуд
ва голи чахоруми Хиндустон
Гол: 4-1
дифоъи Точикистон бадак аст имруз Дориюш
Bloody helll…
ачиб, гола отмена кардан?
khayriyat bo Hind kriket bozi namekunem vagarna…
Дакикаи 75 барои Точикистон мусибате тоза офарид. Офаринандаи мусибат – хамон Чхетрии маъруф. Хисоб: 4-1 (Точикистон, что с тобой?)
Шорехи хиндй эълом кард: Чоми Чолиш аз они Хинд шуд!!!
бачахора хукумат нагз дастгири намекуна хамика рам бози мекунан шукри Худо гуфтан даркор обеспечиват нокада требоват кадан даркор нест
Хисоби 4 бар 1 фикр мекунам сарнавишти ин ракобатро хал кард ва дигар умеди тагйири хисоб ба нафъи тими мо вокеъан намонда
rahmat!!!!!
Мухиддинов бо асабоният тубро ба дарвозаи Хинд зад. аммо муваффак нашуд. Субратаи оханин дами дарвоза буд ва монеъ шуд.
Дакикаи 78. Таъвиз (замена): Бхатиа Б. рафт, Сингх С. омад.
хамика орзу мекуни ки як бор точико дастболо шаванд аммо сад дарего
Наход мо баробари хамин хидухо бози карда натавонем дар бозингарони мо мехри ватан нест хар кас барои худаш бози мек на барои ватан
4 дакика пеш аз он хам таъвиз сурат гирифт: Нуъмончон К. рафт, Чалилов Ч. омад.
in chi bozii football yo ki basketbol? schet vobshe scheti basketbol shud ku….
Фатхуллоев тубро аз канори Самир Наик рабуд ва ба нимаи Хинд рох ёфт, аммо Анвар аз тими Хинд чилави пешравии уро гирифт.
бачахои мо тупа ба по зада натонистан ба кисми баскетбол гузаштан гуфтан яке ихе бози мечаспа
Ин Тухтасуновро хам аз даст додем. Синааш зарбае мухкам хурд. Руи замин уфтода ва синаашро бо дастхояш гирифтааст. Пизишкон омаданду бурдандаш.
Зарба хурд ё сактаи калбй гирифт? Ё хар ду?
Клаймикс Ларенс аз тими Хинд дар мавкеъияти олй карор гирифт, барои задани голе дигар ба дарвозаи Точикистон. Хушбахтона, худхохй кард ва зарбаро худаш зад, ки заъиф буд ва ба дарвоза нарасид. Агар ба Сушил кумар пас медод, шояд холамон бадтар аз ин мешуд.
Балеееееееее……..Он легионерхо ки хамрохи мунтахаб ба Хиндустон наомаданд е натавонистанд биоянд, ачабо, акнун, чи фикр мекарда бошанд а…Ое онхо низ худашонро гунахгор хоханд донист?
Стивен Диас, ки имруз хеле фаъъол буд, бо Клиффорд Миранда таъвиз шуд.
Let me grab a Miranda can to have a sip!!!
Охе ино хамашон иностранцан! И чи хелй номои хиндияй? Миранда, Стивен….
Пулод Кодиров дар конфронси матбуоти чи мегуфта бошад? Агар ояд ба конфронс…тачрибаи наомадан дорад ку. Хазор доллар-“ак” штраф и все
Туб дар ихтиёри Сушил Кумар. Пос ба Чхетрииии!!! Хатарнок! Уффф… Ба хайр гузашт. Мерси, Туйчиев. тубро пас зад.
Хиндиянд, хиндиянд Дориюш. Он чо номхои гарби зиед истифода мебаранд.
khayr bachaho tashakkur baroi shorehi.in ast vokeiyati fotboli TJK. Insholloh khub meshavad. 50 soli avvalash mushkil)))
Бозикунони хоричии карордодй хам зиёд доранд, Футболтч. Номхои гарбй, оре. Бештар зодахои минтакаи Гоаи Хинд.
Masehoyni Hinduston chunin nomho dorand. Man onjo tahsil karda budam
Чхетри шухиомез як бори дигар тими Точикистонро тарсонд: наздик омаду муваффак нашуд.
Кодир, холо кучоед?
Шрехи хиндй мегуяд: Хузури бисёр густардаи мардум дар варзишгохи Дехлй дар пирузии хиндихо накши умда дошт. Пас лутфан точиконамонро зиёд сарзаниш накунем. Чун хеч кадомамон нарафтем, ки аз наздик ташвикашон кунем.
dar Pokiston
бо кадом пул охир мерафтем, Дориюш.
Ин сарватмардони мо барои бузкаши, ки хеч ба точикон рабте надорад, е гушти мошин хадя медиханд, аммо намедонанд ки футбол то чи андоза метавонад шухратсози исми кишвар бошад
Поёни бозй!
Хисоб: 4-1
Тими мизбон (Зиндустон) Чоми Чолишро ба даст овард ва дар мусобикоти Осиё-2011 ширкат хохад кард.
Khudo hofiz barodaro
Хиндихо бояд барои Сунил Чхетри мучассама бигзоранд, бо се голи пирузмандонаи имшабаш.
Худо нигахдор, Кодир. Норохат набош, бародар. Ба хар хол, дуввум шудем.
Ва дуруду офарин бар Фатхулло Фатхуллоев, ки моро аз расвоии бохти бидуни гол начот дод.
Худо нигахдори хамаи Шумо ва як чахон сипос, Дориюши гироми барои кори оли, Шумо имшаб баро Точикистон хидмати бештар аз Пулод Кодиров ва бозигаронаш кардед
фардо мархабо ба Футболи Точикистон, Аксхоеро аз комгориву шодмонихои хиндиен ва чехрахои махзуни точикон хохем дид.
Бо умеди пирузихо дар оянда, намасте, лол
Ва сипос аз хамрохии шумо. Умедворам хеч кадом навмед нашуда бошед.
Чунин аст расми сарои дурушт
Гахе пушти зину гахе зин ба пушт
Холо ба зудй дубора пушти зин хохем шуд.
Ба бозикунони тими Точикистон хам “хаста набошед” мегуем, бо дарки мавкеъияти сахти онхо. Бозй бо кишвари мизбон кори содае нест. Бо чегу гавгои сохибхонахо аз чахор су дасту по мехурй. Пас, аз онхо бояд сипосгузор бошем барои макоми дуввум ва ташвикашон кунем, ки дар оянда макоми нахустро ба даст оваранд.
Худо нигахдори хама!
Ман хам ба хамаи дустон изхори сипос мекунам барои шархи онлайнии ин бозие,ки мутаассифона дар он шикаст хурдем.