Манучехр Чалилов хамрох бо «Локомотив-2» нишонхои биринчии сабкати кахрамонии Русия миени дастахои гайрикасбии футболи (ЛФК)-ро сохиб шуд. Ин нишони биринчи ба «Локомотив-2» хамакнун имкон медихад, то соли 2009 дар Лигаи дуввуми Русия бози кунад.

Дар бозии охирини сабкат, ки такдири нишонхои биринчиро хал мекард, ду муддаии ин нишонхо: «Локо-2» бо «Зенит» ба хам омаданд. Аллакай дар дакикаи шашум бозигари «Локо-2» туби хавододаи капитани худ Манучехр Чалиловро вориди дарвозаи ракиб намуд. Баъдан, хамрохони Ману боз ду голи дигар заданд ва бози бо хисоби 3-1 ба нафъи Ману & C анчом ефт.

Харчанд, дар ин бози Манучехр ягон туб назад, вале хамоно бо бист тубаш дар сабкати дастахои ПФЛ-и Русия у бехтарин мухочими «Локо-2» боки монд. Манучехр хамчунин да рафти сол капитани дастаи худ интихоб шуд ва баъзан вакт ба бозихои дастаи чавонона ва е дубли «Локомотив» низ чалб мешуд. Дар мачмуъ, метавон ин мавсимро барои Манучехр Чалилов муваффак хонд.