Дастаи «Звезда» аз шахри Иркутсk, ки дар Первий Дивизиони Русия бози мекард (замони гузаштаи феъл!), дастае, ки дар он мавсими 08-ро Рахматулло Фузайлов огоз карда буд, бинобар сабаби муфлисии моли аз идомаи иштирок дар сабкати кахрамонии лигаи якуми Русия даст кашид.

Имдодрас ва сарпарасти аслии «Звезда» – ширкати хавопаймоии “Интеравиа” ба бухрони моли дучор шуд ва бинобар карзхои зиеди худ дигар натавонист дастаро маблаггузори намояд. Хамин гуна, ситораи «Звезда» дар пайи бухрон дар низоми хадамоти гайридавлатии парвозхо дар Русия гуруб кард.

Кор ба хадде расида буд, ки дар чанд бозии ахир чиптахои хавопаймо аз хисоби шахсии мудири кулли даста харида мешуд.

“Звезда” миени 22 даста дар Первий Дивизион чойи 19-умро мегирифт ва бе ин хам аллакай чойи худ дар ин лигаро аз даст дода буд.

Рахматулло Фузайлов аввали имсол ба Лигаи олии Эрон даъват шуда буд, дар хаомн огози сол ба «Звезда» даъватнома гирфит, вале бо сармураббии вакти ин дастаи руси мушкил пайдо кард, ба хайъати асоси рох наефт ва аввали тобистон ба Душанбе баргашт. Чанд бози дар хайъати «Энергетик» доир намуд ва сипас хам дар огози тирамох ба «Бухоро» рафт ва феълан яке аз лидерхои «Бухоро»-ст.