Муаллиф: Манучеҳри Ҳикмат

Дирӯз, 26 октябр, чаҳор бозии даври 29-уми сабқати қаҳрамонии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар бозии марказии давр “Парвоз” дар майдони худ “Регар” ТадАЗ – қаҳрамони феълӣ, муддаии аслии унвони қаҳрамонӣ дар имсол низро пазироӣ кард. Тӯби ягона ва ҳалкунандаи ин бозиро Хуршед Маҳмудов, капитани дастаи шаҳри Турсунзода дар дақиқаи 70-ум ба самар расонд. Ин пирӯзӣ “Регар” ТадАЗ-ро боз пешсаф намуд.

Дар бозии дигари даври 29-ум бозигари тозанафаси «Вахш» Рустам Усмонов ба қурғонтеппагиҳо пирӯзӣ овард. Голи Рустам, ки ахиран аз Қазоқистон баргашт, дар дақиқаи 53-ум «Вахш»-ро ғолиби бозӣ дар меҳмонӣ бар ССКА «Помир» намуд.

«Энергетик» пас аз бозии олиҷаноб дар Ҷоми Тоҷикистон, ки то ба марҳилаи ниҳоӣ расид, шояд бо сабаби хастагӣ дар майдони худ аз «Тоҷиктелеком» бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Бозии дигари ин давр дар шаҳри Кӯлоб миёни «Равшан» ва «Гвардия» мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

 Ҷ

 Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Регар» ТадАЗ

24

20

2

2

82-21

62

2.

«Хуҷанд»

26

20

2

4

45-17

62

3.

«Парвоз»

25

18

3

4

55-19

57

4.

«Вахш»

27

17

3

7

44-23

54

5.

«Тоҷиктелеком»

28

12

1

15

44-50

37

6.

«Энергетик»

27

11

3

13

48-42

36

7.

«Динамо»

24

10

5

9

35-34

35

8.

CSKA «Помир»

29

7

2

20

21-60

23

9.

«Саройкамар»

27

6

4

17

35-57

22

10.

«Гвардия»

29

5

4

20

24-62

19

11.

«Равшан»

26

4

3

19

26-74

15

Голзанҳо: Нӯъмон ҲАКИМОВ («Парвоз») – 22 тӯб, Сӯҳроб ҲОМИДОВ («Энергетик») – 20, Юсуф РАБИЕВ («Вахш»/«Хуҷанд») – 15.

Бозиҳои навбатӣ: Даври 30-ум

29 октябр (чоршанбе). Оғози бозӣ – 14.00
«Равшан» – «Саройкамар»
«Энергетик» – «Вахш»

30 октябр (панҷшанбе). Оғози бозӣ – 14.00
«Хуҷанд» – «Регар» ТадАЗ