Федеросюни футболи Тоҷикистон дастаи «Саройкамар» аз ноҳияи Панҷро аз ҳаққи иштирок дар бозиҳои боқимондаи сабқати қаҳрамонии Тоҷикистон маҳрум кард.

«Саройкамар» ҳафтаи гузашта бояд ба вилояти Суғд мерафт ва бо «Парвоз» ва «Хуҷанд» бозӣ мекард. Вале панҷиҳо ба Суғд сафар накарданд, фикр мекунам, ба иллати молӣ ва дар ҳар ду бозӣ ба онҳо бохти фаннӣ бо ҳисоби 0-3 дода шуд.

Ҳамакнун, «Саройкамар»-ро аз идомаи иштирок дар чемпионати Тоҷикистон маҳрум карданд ва дар ҳамаи бозиҳои боқимонда ба ин даста бохти фаннӣ бо ҳисоби 0-3 дода мешавад. Ёдовар мешавам, қаблан ССКА «Помир» аз идомаи иштирок дар чемпионат даст кашида буд.

Аҷиб аст, агар бозии «Саройкамар»- ССКА «Помир» ба таърихи пас аз ин ҳаводис мебуд, ба кӣ бохти фаннӣ медоданд? Хуб, ба ҳар ҳол, ин бозӣ ба таърихи 9 ноябр буд, ки се холи бебозиро «Саройкамар» гирифта буд. Ба ҳар ҳол, аҷаб чемпионате…

Бозиҳои навбатии чемпионати Тоҷикистон

Ба ҳар ҳол, аввалин шаҳди ин қарорро «Вахш» чашид. «Саройкамар» бояд ба Қурғонтеппа меомад, вале бар ин иваз ба дастаи «Вахш» пирӯзии фаннӣ бо ҳисоби 3-0 лоиқ донистанд.

Дар ҳамин ҳол, чанд бозии дигар дар чемпионати Тоҷикистон доир шуд ва ҳамагӣ бо натиҷаҳои ғайримунтазира. Аз бохти «Регар» ТадАЗ дар майдони худ оғоз мекунем. Ҳарчанд тамоми Тоҷикистони футболӣ дастаи шаҳри Турсунзодаро чемпиони соли 2008 аллакай медонанд, вале бохти ғайримунтазираи «Регар» ТадАЗ дар майдони худ нишон дод, ки ҳанӯз барои «Хуҷанд» не всё потеряно. Ҳисобро дар ин бозӣ Комил Саидов аз Бобоҷон Ғафуров дар дақиқаи 52-юм боз кард. Дар дақиқаи 65-ум Ортиқов ҳисобро барбар намуд, вале ҳамон лаҳза Комил Саидов боз дастаашро ба пеш баровард. То охири бозӣ дигар натиҷа тағйир наёфт ва 2-1 ғалаба насиби «Парвоз» шуд. Ин саввумин бохти «Регар» ТадАЗ дар чемпионати имсола буд.

Аҷаб аст, қаблан хабар дарҷ шуда буд, ки Комил Саидов то соли оянда аз футбол маҳрум шудааст, вале пас аз нашри ин хабар Комил дар бозӣ бо «Гвардия» хет-трик кард ва дар Турсунзода ду голи баробар бо бриллиант зад.

Аз бохти «Регар» ТадАЗ дастаи «Хуҷанд» натавонист истифода бибарад. «Хуҷанд» ба меҳмонии «Динамо» ба Душанбе омада буд, ва ба голи Фатҳуллоев (дақ. 72) бо голи Умаров (дақ. 76) посух дода, ҳисобро 1-1 мусовӣ анҷом дод.

«Гвардия» ва «Равшан» низ ҳамдигарро наранҷонида, бозияшонро бо ҳамин ҳисоб анҷом доданд. Ба голи мизбон Нурматов (дақ. 70) меҳмон Содиқов (дақ. 75) ҷавоб дод. Воқеан, агар ин хабарро ягон корманди “Варзиш-Спорт” ё Федеросюни футболи Тоҷикистон ё ҳар нафари огоҳи дигар хонад, лутфан мегӯяд, ки ман оё натиҷаи бозии «Равшан»-ро дуруст ҳисоб дорам? Оё ба ӯ барои як бозӣ бо ССКА «Помир» пирӯзии фаннӣ надода буданд?

Рақобати дигари вилояти Хатлон бо Душанбе бо пирӯзии аввалӣ анҷом ёфт. «Тоҷиктелеком», ки дар майдони худ бозӣ мекард, «Энергетик»-ро шикаст дод. Ҳусейнов (дақ.30) ва Сатторов (дақ. 56) ду голи пирӯзиовар барои Қурғонтеппагиҳо заданд, ки ба ин голҳо беҳтарин голзани чемпионати имсола Сӯҳроб Ҳамидов танҳо бо як гол шаш дақиқа қабл аз анҷоми вақти бозӣ ҷавоб дода тавонист. Ду бар як ба нафъи «Тоҷиктелеком».

«Тоҷиктелеком» ин ҳафта шаш хол ба даст овард ва ба ҷойи панҷум баромад. Се холи дигаррро ба «Тоҷиктелеком» ҳамчун пирӯзии фаннӣ бар ССКА «Помир» доданд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

 Ҷ  Дастаҳо Б Ғ М Б Т/Т И
1. «Регар» ТадАЗ 33 26 4 3 110-29 82
2. «Хуҷанд» 33 24 4 5 58-21 76
3. «Парвоз» 33 22 6 5 74-26 72
4. «Вахш» 35 20 3 12 55-36 63
5. «Тоҷиктелеком» 35 16 3 16 58-55 53
6. «Энергетик» 34 15 4 15 61-47 49
7. «Динамо» 30 11 8 11 40-43 41
8. «Саройкамар» 34 8 5 21 43-73 29
9. «Гвардия» 36 6 6 24 29-77 24
10. «Равшан» 34 6 6 22 36-89 24
11. CСKA «Помир» 36 7 2 27 21-86 23

Беҳтарин голзанҳо: Сӯҳроб ҲАМИДОВ («Энергетик») – 27, Нӯъмон ҲАКИМОВ («Парвоз») – 25, Юсуф РАБИЕВ («Вахш»/«Хуҷанд») – 19 гол.

Advertisements