Саиди Регари, барои «Футболи Тоҷикистон»

sharif-nazarovГуворотарин хотираҳои марбут ба мунтахаби Тоҷикистон бо исми Шариф Назаров тавъам аст. Дастаи соли 1997-и зери раҳбарии ӯро ёд доред? Пас аз он ки дар соли 1996 бозигарони мо бозиро ба узбакҳо «фурӯхтанд», дар  мунтахаб тозакориҳо (чистки) шуд. Бозигароне, ки дар замони Шӯравӣ исмашон вирди забонҳо буд, ҳамин гуна, бебозгашт мунтахабро тарк гуфтанд. Ҳамроҳ бо онҳо, сармураббӣ Абдулло Муродов.

Ва ба ҷойи онҳо Шариф Назаровро таъин карданд. Дар як муддати кӯтоҳ ӯ тавонист, дар асоси «Варзоб»-и он замон мунтахаберо рӯи кор оварад, ки ҳатто Тошканти маъмулан моро ба доми истеҳзо мекашида, каф бикӯбад! Чунин мунтахаби нерӯманди Тоҷикистонро Тошканд бори дуввум дар соли 2003, дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё дид, вақте Тоҷикистон қариб буд, узбакҳоро дар майдони худи онҳо шикаст бидиҳад. Мутаассифона, дар охири бозӣ Сӯҳроб Ҳамидов ва Раҳматулло Фузайлов, ки бо дарвозабон якбаяк баромада буданд, натавонистанд аз шонси худ истифода бибаранд. Воқеан, дар ҳамон сабқат, дар қисми дуввумаш дар Таиланд, узбакҳо бозиро ба таиландиҳо «бохтанд» ва мо боз аз киштии равона ба сӯи қисмати ниҳоии сабқат берун мондем. Дар он қисмати ниҳоӣ узбакҳо хеле хуб ҳунарнамоӣ карданд, ки ин ҳам гувоҳи нерӯи он мунтахаби Тоҷикистон мебошад.

Дар танаффуси байни ду замони Шариф Назаров риштаи идора ба дасти Зоир Бобоев дода шуд. Ва мунтахаб хеле бад баромад кард.

Пас аз пирӯзӣ дар Ҷоми чолиш, Шариф Назаровро боз ҳам «кидат» карданд. Ба иллати бохт бо ҳисоби клаони 0-9 дар Бозиҳои Осиёӣ аз Эрон. Албатта, сабабҳои дигар низ барои пеш кардани Шариф Назаров буд.

Пасон, бози сарварӣ бар китфҳои номуваффақтарин сармураббӣ – Маҳмадҷон Ҳабибуллоев фуруд омад. Шукри Яздон, мунтахабро аз дастони ӯ ба зудӣ наҷот доданд. Вале ба ҷойи ӯ, боз як деҳқони дигарро сари кор оварданд. Пӯлод Қодировро. Аз ӯ натиҷаи хуб мунтазир будан камоли аблаҳист.

Рейтинги сармураббиён дар 12 соли ахир:

Ҷойи аввал –  Шариф Назаров.
Ҷойи дуввум – Шариф Назаров.
Ҷойи саввум  – Шариф Назаров.
Ҷойи чаҳорум – Абдулло Муродов.
Ҷойҳои 5-ум то 49-умро барои насли оянда холӣ мегузорам.

Ҷойи 50-ум – Зоир Бобоев.
Ҷойҳои 51-ум то 998-умро барои асри 22 холӣ мегузорам.
Ҷойи 999-ум – Пӯлод Қодиров.
Ҷойи 1000-ум – Маҳмадҷон Ҳабибуллоев.

Хулоса: Мунтахабро бояд ба дасти ягона сармураббии соҳибмаълумоти Тоҷикистон ва Шӯравӣ – Шариф Назаров бояд дод.

Ё: Ба мунтахаб бояд аз берун ягон мутахассис даъват кард, хубтараш аз Аврупо, ягон олмони ва ё ҳолландиро. Ба ман нахандед, Федеросюни футболи Тоҷикистон агар барои Хиддинк пул надошта бошад ҳам, барои, масалан, Юрген Геде дақиқ дорад.

d0b8d0b7d0bed0b1d180d0b0d0b6d0b5d0bdd0b8d0b5-040

Ана, ҳоло тамоми кишварҳо аллакай нақшаи бозиҳои мунтахабҳои худро кашидаанд, ба ҷойҳои даркорӣ занг задаанд, бо одамони даркорӣ сӯҳбат кардаанд. Акнун, аз футболдорони мо бипурсед, ки нақшаи корияшон бо мунтахаб дар соли 2009 чӣ гуна аст? Посух мегиред: «Ҳа, мо ба он ва вай кишвар пешниҳоди бозӣ кардем, вале онҳо рад карданд.» Албатта, рад мекнуанд, зеро охир онҳо нақшаҳои бозиҳояшонро аллакай барои чаҳор соли оянда тартиб додаанд. Вале Давлатови мо аз рӯзҳои бозиҳои рафиқона дар тақвими ФИФА танҳо як рӯз пеш огоҳ мешавад, ва субҳи рӯзи дигар ба туркманҳо ё қирғизҳо занг мезанад, то пешниҳоди бозии рафиқона бикунад.

Акнун, бо иҷозаи Шумо, ҳамаи ҳафт бадбахтии мунтахаби Тоҷикистонро мешумурам:

1. Ба сабаби сиёсати субйективии мураббиҳо, на ҳама бозигарони хуб ба мунтахаб ворид мешаванд.

2. Мунтахаб зуд-зуд ба дасти дилетантҳо меафтад – мебинӣ, ки онро ё фурӯшанда тарбия мекнуад ва ё деҳқон, ё ин ки пизишки ҷонварон. Ба муҷаввизи мураббиягӣ касе нигоҳ намекунад.

3. Кор бо мухлисон комилан бурда намешавад. На эмблема ҳаст, на либоси худӣ, на исм (монанди «Оҳуёни кӯҳӣ», «Ғизолон», «Палангон», «Шерон», «Фарзандони кӯҳистон». «Тоҷдорон» – аз нигоҳи сиёсӣ хуб нест. Ба ин масъала бояд ба мардум бо як пурсишнома муроҷиат кард). Дар ин бора касе фикр ҳам намекунад.

4. Ба омор ҳам касе машғул нест, охир омор – ин таърихи даста аст.

5. Фаъъолияти селексионӣ бурда намешавад.

6. Ҳамкорӣ бо расонаҳои хабарӣ хеле заиф аст.

7. Тамрин ва бозиҳои байнулмилалӣ каманд

Бидуни ҳалли ин машокил, мо, Худо медонад, ки дар саҳнаи ҷаҳонӣ обрӯе ба даст орем.

«Футболи Тоҷикистон» барои дурустии далоили дар матолиб овардашуда масъулиятро бар дӯш намегирад,  ин матлабҳоро ба хотири чандандешӣ ва озодии баён чоп мекунад ва омода аст, назари дигар ҷонибҳоро низ нашр бикунад.