Имрӯз, 11 январ, дастаи ҷавононаи «Локомотив»-и Маскав ба тамрини нахустини имсолаи худ ба Туркия рафт. Ин тамрин то 28 январ идома хоҳад кард.

Дар қатори бозигарони ҷавони «Локомотив», Ринат Билялетдинов, сармурабби ҷавонони «Локомотив» ҳамчунин ду бозигари тоҷик – нимҳимоятгар Нуриддин Давронов (соли таваллудаш 1991) ва муҳофиз Наим Шарифӣ (соли таваллудаш 1992)-ро низ ба ин тамрин ба Туркия бурд.