Ҷоми Иттиҳод-2007: Як холу ду голи «Регар» ТадАЗ (video)


Ба ин сабқат боз «Регар» ТадАЗ – дастае, ки обрӯи Тоҷикистонро дар олами саввуми футболӣ каму беш бардоштааст, омад. Аммо ин дафъа обрӯи «Регар» ТадАЗ-ро ягона фарангии он – Аббос Абдуллоев аз Узбакистон каму беш бардошт. Аббос яке аз ду гол ба дарвозаи дастаи дуввум ё намедонам саввуми ССКА-и Маскавро зад, ҳарчанд он бозӣ бо шикасти Тоҷикистон анҷом ёфт. Бачаҳои Маҳмадҷон Ҳабибуллоев танҳо аз як мусовӣ бо қаҳрамони Қазоқистон тавонистанд холе ба даст биоваранд.

Дастаи дуввуми ССКА бошад, алорағми дастаи дуввуми «Шахтер»-и Донетск то ба марҳилаи нимниҳоӣ рафта расид. Ҷавонҳои Донетск дар гурӯҳ ҷойи охиринро гирифтанд.

Нуктаи дигари қобили қайд аз ин сабқат иштироки нахустини даста аз берун аз Шӯравӣ – «ОФК»-и Сербия мебошад. Қаҳрамонҳои Арманистону Қазоқистонро бошад, дастаҳои нуқрагини кишварҳояшон иваз карданд.

Ҷомро барои нахустин бор дар таърихи Ҷомҳои Иттиҳод намояндаи Осиёи Марказӣ – Узбакистон гирифт.

Даври гурӯҳӣ:

Гурӯҳи 1:

  • ССКА-и Маскав 1-1 «Оқтеппа» (Правосуд 6 – Соболев 76)
  • БАТЭ 2-0 «Регар» ТадАЗ (Радзивонау 37, 49)

20.01.2007: 300 тамошобин. «Регар» ТадАЗ: Алишер Додов, Маъруф Рустамов (капитан) (Сафарбек Каримов 73), Алишер Тухтаев, Наим Носиров, Одил Эргашев (Раҳмон Баротов 46), Фаррух Чориев, Хуршед Маҳмудов, Ҷамшед Исмоилов (Илҳом Ортиқов46), Иброҳим Рабимов, Низом Раҳимов (Аббос Абдуллоев 46), Пирмурод Бурҳонов (Бахтиёр Ҳасанов 46)

  • ССКА 2-0 БАТЭ (Татартчук 66, Гаглоев 75)
  • «Регар» ТадАЗ 0-0 «Оқтеппа»

21.01.2007: 200 тамошобин. «Регар» ТадАЗ: Алишер Додов, Маъруф Рустамов (капитан), Алишер Тухтаев, Наим Носиров, Фаррух Чориев, Илҳом Ортиқов (Низом Раҳимов 78),  Хуршед Маҳмудов, Ҷамшед Исмоилов, Иброҳим Рабимов, Аббос Абдуллоев, Пирмурод Бурҳонов (Мансур Ҳакимов 66)

  • ССКА 3-2 «Регар» ТадАЗ (Гриченков 28, Правосуд 31, Кочубей 90 – Абдуллоев 8, Раҳимов 82)

23.01.2007. 1.500 тамошобин. «Регар» ТадАЗ: Алишер Додов, Маъруф Рустамов (капитан, Алишер Тухтаев, Наим Носиров, Илҳом Ортиқов (Раҳмон Баротов 52), Фаррух Чориев(Сафарбек Каримов 38),Хуршед Маҳмудов, Ҷамшед Исмоилов, Иброҳим Рабимов (Низом Раҳимов 52), Аббос Абдуллоев (Бахтиёр Ҳасанов 69), Пирмурод Бурҳонов

  • БАТЭ 2-0 «Оқтеппа» (Радзивонау 80, 83 пен.)

Гурӯҳи 2:

  • «Шериф» 4-3 «Баки» (Сиаго 36, Кучук 41, Уаллас 45, Тархнишвили 78 пен. – Мусаев 40, Муҷири 71, Ионеску 89)
  • «Левадия» 4-0 «Дордой-Динамо» (Василйев 25, Лейтан 29, 37, 73)
  • «Шериф» 3-2 «Левадия» (Гумейнук 22, Уаллас 55, Тархнишвили 61 пен. – Нахк 20, Пурйе 36)
  • «Баки» 2-0 «Дордой-Динамо» (Гогоберишвили 77, Мусаев 94)
  • «Баки» 1-0 «Левадия» (Муҷири 52)
  • «Шериф» 3-0 «Дордой-Динамо» (Алексеев 6, Суворов 12, 40)

Гурӯҳи 3:

  • «Шахтер»-и Донетск 2-2 «Банантс» (Холоперов 28, Хошкодеря 52 – Хакопян 19, Мелконян 52)
  • «Вентспилс» 2-0 «Пахтакор» (Бутрикс 63, Кошмачов 88)
  • «Вентспилс» 1-1 «Шахтер» (Качанов 70 – Молдован 35)
  • «Пахтакор» 3-0 «Банантс» (Ҷапаров 4, 8, Клетсков 83)
  • «Пахтакор» 4-0 «Шахтер» (Кирян 14, Ҷапаров 57, Кападзе 70, Кликунов 77)
  • «Банантс» 2-2 «Вентспилс» (Хакопян 56, Сепуя 62 – Солейчук 4, Ндеки 16)(довар Рустам Холов аз Тоҷикистон)

Гурӯҳи 4:

  • ОФК 2-0 МТТУ (Коларов 22 пен., Веселинович 70)
  • «Каунас» 2-1 «Сиони» (Пехлич 20, Вячеслав Глеб 90 – Силагадзе 45)
  • ОФК 3-2 «Каунас» (Нухи 59, Веселинович 80, Новакович 90 – Пехлич 6, Рафаэл 14)
  • «Сиони» 2-1 МТТУ (Чассем 21, Дараселия 31 – Шомуродов 58)
  • «Сиони 2-1 ОФК (Ониани 46, Дараселия 61 – Коларов 88)
  • МТТУ 0-4 «Каунас» (Страханович 41, Пехлич 42, Глеб 44, Ксанавичюс 90)

Бозиҳои чаҳорниҳоӣ:

  • «Вентспилс» 1-1, пен: 4-2 «Каунас» (Римкус 51 – Страханович 63)
  • «Шериф» 1-0 БАТЭ (Кучук 21)
  • «Пахтакор» 1-1, пен:4-2 ОФК (Ҷапаров 45 пен. – Анделкович 75)
  • ССКА 0-0, пен:3-2 «Баки»

Бозиҳои нимниҳоӣ:

  • «Пахтакор» 1-0 «Шериф» (Кошелев 40)
  • «Вентспилс» 1-0 ССКА (Римкус 80)

Бозии ниҳоӣ:

  • «Пахтакор» 0-0, пен: 9-8 «Вентспилс»

Голзанҳои беҳтарин:

  • Сервер Ҷапаров («Пахтакор») – 4
  • Виталий Радзивонау (БАТЭ)
  • Виталий Лейтан («Левадия»)-3
  • Эдин Пехлич («Каунас»)

Ҷадвали ғайрирасмии дастаҳо 

  Б П М Ш T/T Х
1 «Пахтакор» (Тошкант, Узбакистон) 6 3 2 1 9-3 11
2 «Вентспилс» (Латвия) 6 2 4 0 7-4 10
3 «Шериф» (Тираспол, Молдова) 5 4 0 1 11-6 12
4 ССКА (Маскав, Русия) 5 2 2 1 6-4 8
5 «Каунас» (Литва) 4 2 1 1 9-5 7
6 ОФК (Белград, Сербистон) 4 2 1 1 7-5 7
7 «Баки» (Озарбойҷон) 4 2 1 1 6-4 7
8 БАТЭ (Борисов, Беларус) 4 2 0 2 4-3 6
9 «Сиони» (Болниси, Гурҷистон) 3 2 0 1 5-4 6
10 «Левадия» (Таллинн, Эстония) 3 1 0 2 6-4 3
11 «Оқтеппа» (Қазоқистон) 3 0 2 1 1-3 2
12 «Банантс» (Ереван, Арманистон) 3 0 2 1 4-7 2
13 «Шахтер» (Донетск, Укроин) 3 0 2 1 3-7 2
14 «Регар» ТадАЗ (Турсунзода, Тоҷикистон) 3 0 1 2 2-5 1
15 МТТУ (Ишқобод, Туркманистон) 3 0 0 3 1-8 0
 16 «Дордой-Динамо» (Нарин, Қирғизистон) 3 0 0 3 0-9 0

 

Advertisements

7 thoughts on “Ҷоми Иттиҳод-2007: Як холу ду голи «Регар» ТадАЗ (video)

  1. Pingback: Тоҷикистон дар Ҷомҳои Иттиҳод (олами омор) « Футболи Тоҷикистон

  2. Аббос Абдуллоевро таъриф мекунед, вале кишвари уро УзбАкистон мегуед. Гарази худро бо номгузории нодуруст нишон надихед. Ин аз маълумоти сиёси надоштани шумо дарак медихад. Нафари зиёди узбЕкзабонони Точикистон ба гурухи “Футболи Точикистон” аъзо намешаванд, хар чанде ки ба футболи Точикистон бефарк нестанд. Сабаби ин дар он аст, ки калимаи узбекро хамчун бе эхтиром “узбАк” менависед. Дар мунтахаби Точикистон футболбозони узбекзабон зиёданд. Хамаи узбекзабонони Точикистон ба дастаи мунтахаби Точикистон ва клубхои махалли мухлиси мекунанд. Инро баназар гиред!!!!!!!!!

    • Ташаккур барои баени назар,

      Нигаронии шумо қобили дарк аст. Мутаассифем, агар боиси нороҳатии Шумо шуда бошем. Бо навиштани вожае ки манзуратон аст, ҳеҷ гоҳ таҳқир ва ё ранҷонидани миллатеро надоштем. Он вожа дар форсӣ ҳамон гунае навишта мешавад, ки хондед. Қоидаи забон аст, лингвистика аст, на бештар аз ин.

      • Дуруст кайд кардед. Ман тарчумони касби мебошам. Хангоми тарчума ба забони точики бисёртар кушиш мекунам, ки аз калимахои оддитар истифода барам. Баъзе калимахои форсиро ягон точикзабон намефахмад (ман узбекзабонам, вале ватанам Точикистон аст). Хамчунин калимаи “узбак” низ дар вакти Иттифоки Шурави набуд ва ё истифода намебурдем. Баъд аз истиклолияти кишвар забоншиносони навбаромад ба системаи забоншиноси бисёри калимахои форси ва арабиро дохил карданд. Инро ман камбудии асосии забони точики мешуморам. Яъне лахча ё калимахое, ки аз тарафи кумитаи забон кабул карда мешаванд, хатто аз тарафи кормандони кумитаи мазкур истифода бурда намешавад. Яъне дар куча ё хона бо лахчаи худ харф мезананд. Бахшиш мепурсам, аз мавзу берун баромадам. Дар сомонаи варзишии кишвари хамсоя uff.uz як додарамон аз Точикистон дар викторинаи Чоми Чахон 2014 голиб баромад. Вакте ки онхоро ба гурухи Футболи Точикистон даъват намудам, посухи онхо аз ин иборат буд: “Ман рузхои аввали кушодашавии гурухи мазкур аъзо шудам. Вале дар он чо бисёртар “миллатгарои” карданд” гуфт. Рости гап чиро дар назар дошт намедонам. Боз як бори дигар бахшиш мепурсам! Барои рушди футбол дар Точикистон хизматхои бепоёнро доред. Дар кору фаъолияти Шумо муваффакиятхо таманно дорам!

    • Равшанҷон салом, бародари азиз, Шумо ҳеҷ гоҳ хафа нашавед, аз он ки узбак ё узбек мегуянд. Ба мисли он ки тоҷикон аз он хафа нестанд, ки узбакон ё узбекон онҳоро тожик мегуянд. Вале тамоми форсизабонони дунё калимаи узбакро истифода мебаранд. Дар Тоҷикистон низ зиёд ҳастанд. Агар ШУмо ба Куҳистони Мастчоҳ, Фалғару Яғноб равед, атман инро хоҳед шунид.
      Ба ғайр аз форсизабонон боз туркҳо низ узбАк мегуянд. Наход Шумо аз туркҳо (ки забони Шумо яке аз шохаи забони туркист) хафа шавед, ба фикрам не. АМмо калимаи узбек шакли русишудаи калимаи узбак аст. Узбак гуфтан ягон ҷои таҳқир надорад. Ё дораду ман намефаҳмам?

  3. Ташаккур барои шарҳ ва орзуҳо.

    Шумо албатта ба назари шахсии худ дар мавриди забони тоҷикӣ ҳақ доред. Ҳарчанд, ман ба назари шумо дар бораи “забони содаи тоҷикӣ” мувофиқ нестам ва ин забонро ҷузве аз забони форсӣ медонам :).

    Агар аҳаммият дошта бошед, дар ин гуруҳ шахсан ман ҳамеша дар Осиё ду мунтахабро асосан мухлисӣ мекнуам – Эрон ва Узбакистон. Дӯстони зиеди узбакзабон ҳам дорам. Ҳеҷ гоҳ миллатгароӣ накардаам ва ҳеҷ гоҳ тоҷиконро болотар аз ягон қавму нажоде намедонам. Миллати бародари узбакро наздиктарин миллат ба тоҷикон медонам, наздиктар аз тоҷикони Афғонистон ва наздиктар аз эрониҳо. Дӯст ҳам медорамашон. Мутаассифона, забонашонро намедонам ба ҷузъ калимаҳои арабиву форсӣ, ки истифода мешавад.

    Вале азбакси ман ҳам аз ҷумлаи ҳамон забоншиносони навбаромад ҳастам :), калимаҳои форсиву арабиро ки дар замони Шуравӣ истифода намешуданд, бисертар истифода мекунам. Чунки бовар дорам, ки забон зинда аст ва дар як ҷо намеистад. Забони русии имруз низ забони русии оғози асри бист (давраи Айни) дигар аст.

    Вокеан, дар далели дурустии гуфтаҳоям, дар Афгонистони шумораи кобили мулохизаи узбакҳо зиндаги мекнуанд, ки вакте бо форси харф мезананд, худро узбак мегуянд, чун шакли дурусти талаффузи калима дар форси хамин гуна аст.

    Сухан дароз шуд, вале мақсади асоси ин буд, ки бигӯям, ҳеҷ гоҳ ниятам таҳқир ва кам донистани шумо набуд ва агар ранҷонида бошам, узр мепурсам.

    Ва дар мавриди он бародар, ки курбони миллатгарои дар гурухи ФТ шудааст. Мутаассифона, мутаваччеҳ набудам, вагарна нафаре ки нисбат ба у миллатгароӣ кардааст, ҳатман аз гуруҳ хориҷ карда мешуд.

    Бо эҳтиром ва муваффақ бошед.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s