«Варзиш-Спорт» хабар медиҳад, ки Владимир Ғуломҳайдаров, мураббии шоистаи Тоҷикистон ба Сергей Юран ёварӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавам, Сергей Юран ахиран сармураббии «Локомотив»-и Остона таъин гардид. Ин дастаи тозатаъсис дар Қазоқистон яке аз муддаиёни аслии унвони қаҳрамонӣ маҳсуб мегардад ва тавре ахиран шиноси қазоқи ман (Фолловер) гуфт, ин даста аз ҷониби яке аз домодони Нурсултон Назарбоев сармоягузорӣ мешавад. Қаблан, ин домоди президент сармоягузори «Кайрат»-и Алмаато будааст ва пас аз он ки аз сармоягузории «Кайрат» даст кашидаанд, дастаи замоне нерӯманди Қазоқистон ба коми фано фурӯ рафтааст.

«Локомотив»-и Остона ахиран Андрей Тихонов ва Егор Титовро низ харида гирифт.

Владимир Ғуломҳайдаров 63 сол дорад ва дар дастаҳои душанбегии «Энергетик» ва «Помир» 397 бозӣ карда, 41 гол задааст. Таҷрибаи сармураббигии «Помир», «Пахтакор»-и Қурғонтеппа, «Кристалл»-и Смоленск, «Батир»-и Экибастуз, «Кайрат»-и Алмаато, «Тараз»-и Ҷамбул, «Мегаспор»-и Остона ва мунтахабҳои асливу ҷавононаи Тоҷикистонро дорад.