Бино бар хабари «Азия-Плюс», дар мавсими 2009 ҳукумати вилояти Хатлон ва ширкати холдингии «Исмоили Сомонӣ» 50 дарсади масрафоти дастаи «Вахш»-ро бар дӯш хоҳанд гирифт.

Исроил Шарипов, раҳбари ин даста ба хабаргузории «АП» гуфтааст, пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ ин комгорӣ барои футболи Қурғонтеппа ба даст омадааст. Оқои Шарипов гуфтааст, масрафоти даста барои мавсими ҳолӣ як миллион сомониро ташкил хоҳанд дод.