Дар бистумин солгарди нахустин соли «Помир» дар Лигаи Олии Шӯравӣ расонаҳои дохилӣ бо матолибе аз он рӯзҳо ёдовар мешаванд. Иқдоми хеле хубро «Варзиш-Спорт» пеш гирифтааст, ки аз давр ба даври он мавсим ва бо тафсири пурраи бозиҳои «Помир» матолибе ба нашр мерасонад.  

Мутаассифона, «Футболи Тоҷикистон» чунин имкон, нерӯ ва вақт, ҳамчунин донишро надорад. Вале агар хонандаҳое дар ин маврид матлабҳое ба нашр расонидан хоҳанд, даричаи ин торнигор ба рӯяшон боз аст, марҳабо!

Ҳафтаномаи «Азия-Плюс» низ дар робита ба ин бо Георгий Кошлаков, собиқ раҳбари Шӯрои вазирони Тоҷикистони шӯравӣ, ва нозири бевоситаи дастаи машҳури Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумат сӯҳбате кардааст.  

Ҷаноби Кошлаков дар баробари хотироти зиёдаш аз он сол, ҳамчунин аз воқеае ёдовар шудааст, ки воқеан ҳам аҷиб аст. Дар соли 1991 «Спартак»-и Маскав барои анҷоми бозии навбатӣ дар Лигаи Олии Шӯравӣ ба Душанбе меояд. «Спартак» ҳамон замон рақиби «Наполи»-и Итолиё дар Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо буд. Барои дидани бозии «Спартак» ҷосусҳои итолиёвӣ ба Душанбе меоянд ва ҳамроҳ бо мақомоти баландпояи ин ҷо дар нишастҳои VIP мешинанд.

Он рӯз Мӯҳсин Муҳаммадиев ба дарвозаи «Спартак» ду гол мезанад ва яке аз итолиёвиҳо мепурсад, ки оё «Помир» «Марадонаи тоҷик»-и худро фурӯхтан намехоҳад?

Намедонам, то кадом андоза он пешниҳод ҷиддӣ буд, фикр мекунам, ба ҳар ҳол агар ҷиддӣ мебуд, ҳатман ки дар ин бора сӯҳбатҳое ҳам мешуд, ва шояд Мӯҳсинро шарики Марадона дар «Наполи» медидем…Соли 1991 Марадона ҳанӯз дар «Наполи» буд?