Беҳтаринҳои моҳи март

Беҳтарин Бозигари Моҳ бидуни гуфтугӯ Фарҳод Восиев аст. Фарҳод дар ҳайъати дубли «Сатурн» яке аз нақшҳои калидиро бозӣ мекунад, бо он бозие ки дорад, кайҳост, ки мухлисони «Сатурн» ӯро ба ҳайъати асосӣ меронанд ва умедворам, ба наздикӣ Юрген Ребер низ инро ба инобат хоҳад гирифт. Дар мавсими имсола, ҳамин моҳи март Фарҳодро ҳамчунин капитани дубли «Сатурн» интихоб карданд, ки бояд боиси хурсандии мо бошад. Унвони Фарангии Моҳ низ ҳалолат бошад, Фарҳод!

Беҳтарин Ҳодисаи Моҳ оғоз ба кори ҳафтаномаи нави варзишӣ, «Гол» мебошад. Ташаккур ба Хуршеди Атовулло, ки сарфи назар аз ҳама мушкилиҳо ба ин иқдом даст зад. Вале рости гап, шумораҳои нахустини «Гол» он қадар ҳам ҷолиб набуданд, танҳо сафҳаи писандомадаам то андозае тафсири сабқати қаҳрамонии Русия мебошад. Вале умедворем, ки «Гол» дар ояндаи наздик тавонад рақиби сахте барои «Варзиш-Спорт» шавад ва ҳам бар илова, вақте хабарҳоро аз «ФТ» чоп мекунанд, линки ин торнигорро низ нависанд, лол. Joke.

Тими Моҳ нисбатан мешавад «Истиқлол»-ро интихоб кард. Чун қабл аз ҳама тамриноти худро бо комгорӣ анҷом дод, Ҷоми Рустам Долтабоевро соҳиб шуд ва пеш аз ҳама замонатпулии сабқати қаҳрамониро низ супорид. Ягон бохт низ дар ин моҳ надошт.

Қариб буд, ки бохт ҳам медошт, агар Маҳмадсаид Бобомуродов намебуд. Ин исм барои бисёриҳо ношинос аст, аз ҷумла барои ман низ, вале ҳамин исми ношинос буд, ки дар дақиқаи охирини бозии санҷишии «Истиқлол» бо «Энергетик» гол зад ва дастаи худро аз бохт наҷот дод. Голи Моҳ!

Вале агар «Энергетик» дар он бозӣ пирӯз ҳам меомад, Пирӯзии Моҳ насибаш намегашт. Пирӯзии Моҳ насиби «Гвардия» аст, ки дар нимниҳоии Ҷоми Рустам Долтабоев «Регар» ТадАЗ-ро шикаст дод. Ҳарчанд, аз рӯи пеналти.

Мубин Эргашев, сармураббии «Гвардия» дар моҳи март Мураббии Моҳ аст. Дастаи ӯ тавонист, ки дар Ҷоми Рустам Долтабоев хуб баромад кунад, вале афсӯс, ки маснади сармураббигиро ӯ дар охири моҳи март ба маснади ёварии сармураббӣ дар «Вахш» иваз кард.

Бадтаринҳои моҳи март

Бадтарин Тими Моҳ дастаи олимпии Тоҷикистон аст. О, магар айб нест, ки бо доштани чунин бозигароне чун Фатҳуллову Самаду ғайраву ҳоказо бозиро ба дастае чун «Абдиш-Ата» бибозӣ а?

Бохти Моҳ низ ҳамин бохти мунтахаби олимпӣ аз як дастачаи қирғизча бо ҳисоби 0-2 дар Ҷоми Ала-То мебошад.

Вале намешавад Шариф Назаров Бадтарин Мураббии Моҳ номид, чун дастаро охир ӯ ба тозагӣ қабул кардааст. Бадтарин Мураббии Моҳ дар моҳи март, шогирди Шариф Назаров, Рашид Раҳимовро меномем, ки дар даврҳои нахустини сабқати қаҳрамонии Русия ҳам ҳанӯз мадҳу сано нашунидааст.

Бадтарин Фарангии Моҳ низ аз «Локомотив» аст. Аз дастаи дуввумаш. Боз ҳам Манучеҳр Ҷалилов. Сарфи назар аз голҳои нахустинаш. Ману дар моҳи март бо «Локо-2» боз ҳам шартнома баст ва ҳол он ки бо нишондодҳои соли гузаштааш Манучеҳр саддарсад метавонист ҷойи кори дигаре барои худ ҷустуҷӯ кунад. Чаро, дивизиони дуввуми Русия а, Ману? Унвони Бадтарин Фарангии Моҳро ҳамчунин ба Аҳтам Ҳамроқулов ҳам медиҳем, ман намедонистам, ки Аҳтам нақши пешвоӣ дар топ-дастаҳои Тоҷикистонро ба пероҳани футболии ҳайъати ҷавононаи дастаи миёнаҳоли Узбакистон иваз мекунад.

Бадтарин Ҳодисаи Моҳ мисли ҳар ду моҳи пешин маҳрумияти Лигаи Олӣ аз боз як дастаи дигар аст. «Саройкамар» имкони молии имсол дар Лигаи Олӣ бозӣ карданро надоштааст ва ба Лигаи якуми Душанбе меравад.