Қирғизистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми чолиш-2010 бо азоби алиме соҳиби роҳхати нахустин ба даври ниҳоӣ гардид.

Ин бозиҳо ахиран дар Непал сурат гирифтанд ва дар гурӯҳи С бар иловаи мизбон – Непал боз Қирғизистон ва Фаластин барои роҳхат талош мекарданд.

Афғонистон, ки дар чолиши қаблӣ роҳхатро дар Бишкек аз дасти Қирғизистон зада гирифта буд, низ дар ин гурӯҳ буд, вале намедонам бо чӣ сабабҳое аз бозиҳо даст кашид, мутаассифона.

Ба ин тартиб, дар бозии нахустини ин гурӯҳ Непал бо Фаластин мусовии бидуни гол карданд. Дар бозии дувум Непал бо Қирғизистон 1-1 карданд ва голи ҷавобиро қирғизҳо панҷ дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ аз пеналтӣ заданд. Ва инак, дар бозии ҳалкунанда Қирғизистон бо Фаластин низ 1-1 мусовӣ карданд ва аз рӯи таносуби тӯбҳо ҷойи аввалро дар гурӯҳ гирифтанд.

Ҳамакнун, бар иловаи Ҳинд, Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ, ки бе бозии интихобӣ барои даври ниҳоӣ роҳ дода шуда буданд, Қирғизистон низ ин роҳхатро гирифт.