Феҳрас аз Фаридун Солиев, «Варзиш-Спорт». Шарҳ аз Фолловер, «Футболи Тоҷикистон»

 «РЕГАР» ТАДАЗ (ТУРСУНЗОДА)

Шахсан ман ҳеҷ интизор надоштам, ки «Регар» ТадАЗ бо он бозигароне, ки дорад, боз талоши ҷалби исмҳои наверо ба ҳайъаташ мекнуад. Вале пайдоиши «Истиқлол» дар саҳнаи футбол ва ҳамчунин талоши ҳимояи унвони беҳтарин дастаи ҷаҳони саввуми Осиё Маҳмадҷон Ҳабибуллоевро водор карданд, ки сар боло карда, ба чеҳраҳои дигар низ назар андӯзад. Ва чӣ чеҳраҳое! Даврон ва Комилро аз вилояти Суғд оварданд, Шӯҳрати ветеранро мутақоид карданд, то карйераашро идома бидиҳад. Дастаи шаҳри Турсунзода тавонист, (шак ҳам набуд), ки бозигарони аслияшро дар ҳайъаташ нигаҳ дорад, хуб, агар Жаилтони брозилиягиро ба инобат нагирем, ки шояд бебарқиҳои Тоҷикистон дар бадаш зада буданд.

Омаданд: д. Умед Ҳоҷимуродов, ҳ. Даврон Эргашев (ҳарду аз “Хуҷанд”), ҳ. Ҳасан Рустамов (аз “Тоҷиктелеком”), нҳ. Шӯҳрат Ҷабборов, м. Комил Саидов (ҳарду аз “Парвоз”), ҳ. Саид Эргашев, нҳ. Ҳикмат Расулов (ҳарду аз ССКА “Помир”), нҳ. Ҳабибулло Пиров (аз “Динамо”), м. Беҳзод Шарифов (аз куҷо?)

Рафтанд: нҳ. Алишер Ҳақбердиев (бас кард), нҳ. Илҳом Ортиқов ( ба “Вахш”), нҳ. Фарҳод Холбеков (ба “Энергетик”), м. Чарлз Накути (ба ССКА “Помир”), м. Жаилтон Оливейра (мумкин ба Бразилия).

«ПАРВОЗ» (БОБОҶОН ҒАФУРОВ)

Қариб ҳар бозигаре, ки аз дастаи нуқрагини мавсими гузашта бозигарони калидии ин даста буд ва ивазан ҳам паррандагон натавонистанд, ки ба ҷойи рафтагон бозигарони моҳирро ҷалб бикунанд.

Омад: Алишер Қосимов ( аз “Хуҷанд”).

Рафтанд: нҳ. Шӯҳрат Ҷабборов, м. Комил Саидов (ҳарду ба “Регар” ТадАЗ), д. Умед Давлатов ( ба “Хуҷанд”), м. Нӯъмон Ҳакимов, ҳ. Субҳон Хоҷамов (ҳарду ба “Вахш”), ҳ. Зафар Зубайдов, нҳ. Мубориз Асадбеков (ба куҷо?).

«ХУҶАНД» (ХУҶАНД)

Маъруфтарин исме, ки ба «Хуҷанд» омадааст, Пирмурод Бурҳонов мебошад. Ҳамон ҳам номаълум, ки агар «Тоҷиктелеком» аз байн намерафт, оё Пирмурод ба маркази идории Суғд кӯч мебаст ва ё на. Аммо талафоти «Хуҷанд» чашмрастар аст, Юсуф ва Соҳиб, ки ба тозагӣ ба Хуҷанд омада буданд, баргашта рафтанд. Давронро бошад, қаҳрамон кашида гирифт.

Омаданд: д. Умед Давлатов (аз “Парвоз”), ҳ. Маҳмадлоиқ Нуриддинов, ҳ. Умед Ҳабибуллоев (ҳарду аз “Гвардия”), нҳ. Валӣ Саъдуллоев, м. Пирмурод Бурҳонов (ҳарду аз “Тоҷиктелеком”).

Рафтанд: д. Умед Ҳоҷимуродов, ҳ. Даврон Эргашев (ҳарду ба “Регар” ТадАЗ), нҳ. Далер Шарипов (ба “Энергетик”), м. Юсуф Рабиев, нҳ. Соҳиб Сувонқулов (ҳарду ба “Истиқлол”), м. Маҳмадалӣ Содиқов (ба “Вахш”).

«ВАХШ» (ҚУРҒОНТЕППА)

«Исмоили Сомонӣ», ширкати «Исмоили Сомонӣ» ба тани қариб беҷони «Вахш» равони нав дамид ва он ки  ин ширкат ва ҳукумати вилояти Хатлон розӣ шуданд, то 50 дарсади масрафоти дастаи номдорро бар душ бигиранд, бозигарони маъруферо ба ин даста ҷалб кард. Ду талафи асосии беҳтарин даста аз ҷануб рафтани Далер ба Душанбе ва Аҳтам ба Узбакистон аст.

Омаданд: д. Рустам Ризоев, ҳ. Алексей Неъматов, м. Фозил Сатторов (ҳама аз “Тоҷиктелеком”), ҳ. Субҳон Хоҷамов, м. Нӯъмон Ҳакимов (ҳарду аз “Парвоз”), ҳ. Дилшод Ниҳолов ( аз “Саройкамар”), нҳ. Илҳом Ортиқов (аз “Регар” ТадАЗ), м. Маҳмадалӣ Содиқов (аз “Хуҷанд”), нҳ. Рустам Хоҷаев (аз “Энергетик”).

Рафтанд: ҳ. Далер Тухтасунов (ба “Истиқлол”), м. Аҳтам Ҳамроқулов (ба “Машъал-Академия (Муборак, Узбакистон”), м. Иззатулло Исҳоқов (ба “Равшан”), нҳ. Сӯҳроб Шарипов (ба ССКА “Помир”).

«ЭНЕРГЕТИК» (ДУШАНБЕ)

Ҳикмат Фузайлов дар оғози мавсим бекор нанишаста, бозигарони ҷавон ва хубро тавонист ба дастааш ҷалб кунад. Дуруст аст, ки аз 8 бозигари нав, чаҳортояшон аз дастаҳои барҳамхӯрда ва дутояшон аз дастаи заифтар омадаанд, вале охир эҳтимоли он низ ҳаст, ки ин бозигарон метавонистанд ба дастаҳои дигар низ бираванд.

Омаданд: д. Миралӣ Муродов, м. Низом Раҳимов (ҳарду аз “Динамо”), д. Умед Чоршанбиев, ҳ. Аҳтам Назаров (ҳарду аз ССКА “Помир”), нҳ. Далер Шарипов (аз “Хуҷанд”), м. Шодибек Ғаффоров, нҳ. Акмал Авазов (ҳарду аз “Саройкамар”), ҳ. Фарҳод Холбеков (аз “Регар” ТадАЗ).

Рафтанд: д. Амоншо Саодатсайров (ба “Истиқлол”), ҳ. Алишер Тӯхтаев (бас кард), нҳ. Рустам Хоҷаев (ба “Вахш”).

«ГВАРДИЯ» (ДУШАНБЕ)

Хуб, интизори дидани исмҳои воҳимае дар «Гвардия» ҳам набудем. Вале он ки якуякбора 4 бозигари ҳайъати аслии «Горди президентӣ» ба «артиш» барои «хидмат» мераванд, низ пешгӯӣнашаванда буд.

Омаданд: нҳ. Фирдавс Ғафуров (аз “Энергетик”), м. Ҳамид Камбарӣ (аз куҷо?).

Рафтанд: ҳ. Маҳмадлоиқ Нуриддинов, ҳ. Умед Ҳабибуллоев (ҳарду ба “Хуҷанд”), м. Искандар Гадоев, м. Тимур Нурматов, нҳ. Ҷонибек Иброҳимов, нҳ. Шаҳоб Раҷабов (ҳама ба ССКА “Помир”).

«РАВШАН» (КӮЛОБ)

Кӣ ба Кӯлоб меравад? Дар ҳоли ҳозир, кам касе. Ҳамон ҳам нафаре, ки хонааш ба Кӯлоб наздиктар аст. Кӣ аз Кӯлоб меравад? Дар феҳраси овардаи «ВС» чунин исмеро надидам, аҷиб аст, шояд «Равшан» тавонистааст, ки ҳамаи бозигаронашро нигаҳ дорад ва ё шояд онҳо харидор ҳам надоштаанд?

Омаданд: ҳ. Эраҷ Холов (аз “Тоҷиктелеком”), м. Иззатулло Исҳоқов (аз “Вахш”).

Рафтанд: ????

ССКА «ПОМИР» (ДУШАНБЕ)

Аз Вазорати дифоъ чунин интизориро надоштам, ки аз дӯкони футболбозфурӯшӣ бо чунин харидҳои зиёд мебарояд. Ана, чаро сарбозони бечораи артиш гуруснагӣ мекашидаанд. Хуб, шӯхӣ шӯхиву, агар ҷиддӣ гӯем, ССКА «Помир» тавонистааст, як силсила бозигарони ҷавон ва таҷрибадор, маърум ва номаъруф, аз Душанбе ва берун аз Душанберо ба ҳайъаташ ҷалб бикунад. Наход, «через военкомат»-а? Вряд ли, масалан, Накутиро магар тавассутивоенкомат ки намешавад овард. Бо тамоми эҳтиром ба Искандар Гадоеву Шаҳоб Раҷабову Исомиддин Қурбонову Далер Раҷабову Субҳон Хоҷамов, ҷолибтарин бозигари нав дар ҳайъати «Помир» – Чарлз Накутӣ мебошад. Ва сахттарин талафоташ бошад, ба ҳар ҳол, фикр мекунам, Ҷаҳонгир Ҷалилов аст.

Омаданд: п. Сӯҳроб Шарипов (аз “Вахш”), нҳ. Умед Шарипов, м. Мирзобек Мирзоев (ҳарду аз “Тоҷиктелеком”), нҳ. Ҷонибек Иброҳимов, нҳ. Шаҳоб Раҷабов, м. Тимур Нурматов, м. Искандар Гадоев (ҳама аз “Гвардия”), д. Рустам Қурбонов, ҳ. Исомиддин Қурбонов, нҳ. Далер Раҷабов, нҳ. Сафархон Мирзоев (ҳама аз “Динамо”), ҳ. Субҳон Хоҷамов (аз “Парвоз”), м. Чарлз Накути (аз “Регар” ТадАЗ).

Рафтанд: ҳ. Саид Эргашев, нҳ. Ҳикмат Расулов (ҳарду ба “Регар” ТадАЗ), м. Ҷаҳонгир Ҷалилов (ба “Истиқлол”), д. Умед Чоршанбиев, ҳ. Аҳтам Назаров (ҳарду ба “Энергетик”), нҳ. Амирбек Саидов (ба куҷо?).

«ИСТИҚЛОЛ» (ДУШАНБЕ)

«Истиқлол» хабарсози рақами аввали ин мавсим буд. Дастае, ки ҳамагӣ ду сол умр дорад ва бори аввал дар Лигаи Олӣ бозӣ мекунад, умеди душанбегиҳо барои унвони қаҳрамонӣ мебошад. Дар асри 21 Душанбе ҳанӯз ягон бор қаҳрамони Тоҷикистон нашудааст. «Истиқлол» низ дар ҷустуҷуи бозигарон дур нарафта, қариб ҳамаи ҳайъати асосии «Динамо»-и ҳамшаҳрияшро гирифт. Чунин исмҳое чун Фатҳулло Фатҳуллоев, Самад Шоҳзуҳуров таваҷҷӯҳро ба худ ҷалб накарда наметавонад. Салоҳиддин Ғафуров бо пулҳои Шоҳрух Саидов & C. аз «Хуҷанд» Юсуф Рабиев ва Соҳиб Сувонқуловро низ кашида овард, Дилшод Восиевро аз Арманистон бозгардонид ва ҳамчунин ду дастпарвардаи мактаби футболи «Локомотив»-и Маскавро низ тавонист, ки розӣ бикунонад, то ба Душанбе биоянд.

Омаданд: д. Амоншо Саодатсайров (аз “Энергетик”), ҳ. Далер Тухтасунов (аз “Вахш”), ҳ. Эраҷ Раҷабов, нҳ. Қурбоналӣ Собиров, нҳ. Фатҳулло Фатҳуллоев, нҳ. Самад Шоҳзуҳуров (ҳама аз “Динамо”), нҳ. Дилшод Восиев (аз “Мика”, Аштарак, Арманистон), нҳ. Соҳиб Сувонқулов, м. Юсуф Рабиев (ҳарду аз “Хуҷанд”), нҳ. Шамс Ҷумъабоев (аз “Остона”, Қазоқистон), м. Ҷаҳонгир Ҷалилов (аз ССКА “Помир”), нҳ. Парвиз Қошғаров. (аз куҷо?)

Рафтанд: ????????

«СПИТАМЕН» (СПИТАМЕН)

Дастае, ки номи яке аз қаҳрамонҳои миллати тоҷикро дорад, аз ноҳияе, ки номи яке аз қаҳрамонҳои миллати тоҷикро дорад, барои нахустин бор дар таърихаш дар Лигаи Олии Тоҷикистон баромад мекунад. Барои он ки ин баромад хотирмон бошад ва мисли исми Спитамен аз ин баромад ифтихор бикунанд, даста ҳатто аз Узбакистон фарангӣ овардааст.

Омаданд: д. Илҳом Ҳамзалиев, нҳ. Фурқат Пӯлодов (аз “Металлург”, Бекободи Узбакистон), ҳ. Баҳодур Тӯйчиев (аз “Сомонком”), ҳ. Тимур Баҳодуров (аз “Эсхата”).

Рафтанд: ????????