Хуршед

Дар 50-солагии УЕФА ҳар як ассосиатсия беҳтарин бозигари давлати худро дар ним асри охир интихоб менамуд. Дар ин мобайн диққати uefa.com-ро бозии ҷолиби яке аз ҳамлагарони дастаи Хорватистон – Давор Шукер (Davor Suker) ба худ ҷалб намуд.

suker_flag

Ин бозигар аввалин бозии касбии худро дар клуби «Осиек»-и собиқ Югославия, соли 1984 огоз намуда, то 1989 дар он ҳунарнамоӣ кардааст. Баъдан ба яке аз машҳуртарин клуби «Динамо» (Загреб)-и Хорватия меояд ва то соли 1991 дар он ҷо бозӣ мекунад. Аз соли 1991 то 1996 дар «Севиля»-и испанӣ бози кардааст, ки дар 151 бозӣ 76 гол задааст. Баъдан, дар солҳои 1996 то 1999 дар тими «Реал» Мадриди Испания ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин тим Шукер ҷоми Лигаи чемпионҳоро соли 1998 ва чемпиони Испанияро соли 1997 соҳиб гардидааст. Дар ду соли баъдина, яъне дар солҳои 1999- 2000-ум дар тими «Арсенал» ва «Вест Хэм»-и Англия баромад намудааст. Давор Шукер карераи худро соли 2003 дар яке аз тимҳои олмони, «Мюнхен 1860» ба итмом расонидааст.

9-wtj98-12Давор Шукер собиқ футболбози югославӣ ва хорватӣ, дорандаи ҷоизаи нуқрагин дар Ҷоми Ҷаҳон соли 1998, дорандаи «Бутсии тилоӣ» дар соли 1998 яке аз бозигарони беҳтарин то ҳол шинохта мешавад ва дар байни мухлисони футбол обру ва нуфузи худро дорад.

Ҷавонӣ
Давор Шукер 1-уми январи соли 1968 дар Осиеки давлати Хорватия ба дунё омадааст. Кадаш 181 см. Аввалин маротиба ҳамчун бозигар дар дастаи ҷавонони Хорватия, Осиек дар соли 1984 ҳунарнамои карда буд, ки дар 91 бози 40 маротиба дарвозаи ҳарифро «сўрох» намуда буд.

Кадамҳои аввалин
Баъди аз «Осиек» ба «Динамо» Загреб омаданаш Шукери 21 сола дар Ҷоми Ҷаҳон байни ҷавонон-1987 бози намуда буд, ки шаш голи задаи ў, барои соҳиб шудан ба медали тилло, ба тими собиқ Югославия хело кўмак намуда буд. Хунарнамоии зебои ў буд, ки дар як мавсим 34 гол ба дарвозаҳои ҳарифон зада буд ва ба ў тими «Севиля» харидор шуд. Дар давраи худ Шукер соҳиби ҷоизаи «Бутсии тиллои» гардида буд. Инчунин шўҳрати ў байни мухлисон ва хорватҳо, баъд аз задани 6 гол ба дарвозаи Фаронса, дар Ҷоми Ҷаҳон- 1998 зиёдтар гардад.

Беҳтарин ГОЛ
Дар Ҷоми Аврупо 96 (ЕВРО-96), Давор Шукер ба дарвозаи даниягиҳо ду гол зад, ки дар он бози ҳисоб 3:0 шуда буд. Дар ҳолати дуюми ў як ба як бо Петер Шмейхел баромад ва хеле зебо тубро гузаронида ба дарвоза ворид намуд. Дар он ҷо як шореҳи хорвати бо ифтихор мегуфт: « Боз ки метавонад мисли Шукер чунин голи зебоеро бизанад?».

hrvsukerСолҳои беҳтарин
Шукер тактикаи бозиро ба тези омўхт ва дар 5 мавсим 76 гол зад. Ин нишондод диққати скаутҳои яке аз клубҳои беҳтарини ҷаҳон, «Реал»-ро ба худ ҷалб намуд ва ин клуб ба ў харидор шуд. Дар соли 1996 Давор Шукер бо ин «клуби шоҳона» шартнома баст. «Ман дар карераи худ беҳтарин солҳоро дар Мадрид гузаронидам. Мадрид шаҳри хуб ва «Реал» дастаи хуб аст ва ҳам дастоварҳои беҳтаринамро низ дар ҳамин ҷо соҳиб шудам» – гуфтааст Шукер. Дар аввалин баромадаш ин бозигар дар ин клуб 24 гол дар 38 вохўри задаст. У дар ин даста 3 сол ҳунарнамои кард ва дар давраи дар ҳамин клуб буданаш, ҷоми Лигаи чемпионҳоро соли 1998 ва чемпиони Испанияро соли 1997 соҳиб гардида буд.

Голи дусадум

Баъд аз «Реал» Шукер як соли дар дастаҳои “Арсенал” ва “Вест Хэм”- и Англия баромад намуд. Ва ду мавсими охир дар тими “Мюнхен-1860″ бози намудааст ва карераи худро дар ҳамин клуб ба анҷом расонид. Моҳи апрели соли 2002 Шукер голи 200-уми худро зада буд. Худи бозигар мегўяд, ки: «Омор барои ман муҳим аст ва ҳар як гол барои бозӣ баҳогузор шуда метавонад».

«Бутсии тиллои»
Нишондоди беҳтарини Шукер ҳамон шаш голи задаи ў дар ҳафт вохўри аст, ки дар Ҷоми Чаҳон 1998 бози карда буд. Ин бози ба ў «Бутсии тиллои»-ро насиб гардонид ва барои дастаи Хорватияро соҳиб шудан ба мақоми сеюм, ки бо дастаи Фаронса қувваозмои намуда буданд, кўмак намуд. «Бисёр касон дар олами футбол машҳур буданду аммо «Бутсии тиллои»-ро насиб нашуда буданд ва аз дигар тараф ман рози будам, ки «Бутсии тиллои»-ро бо медали тиллоии фаросавиҳо иваз намоям – мегўяд худи Шукер».

Рўзи сиёҳ
Дар ЕВРО-2000 довар тўби вориднамудаи Шукерро ба дарвози югославиҳо дар охирон бозии марҳилаи гурӯҳӣ ҳисоб накард. Агар ин голи задашуда ба хисоб гирифта мешуд, Хорватия ба бозии ¼ финали роҳ меёфт. Шукер ин рўзро аз ҳама рўзи гамгинтарин дар таърихи тамоми баромадҳояш дар мунтахаб меҳисобад. Инчунин, дар дастаи Хорватия дар Ҷоми Ҷаҳон-2002 Шукер ҳамаги як бози карду халос. Ба ин ҳама душвариҳо нигоҳ накарда, Шукер дар 68 бозиҳои дастаи яккачини Ховария иштирок карда, дар майдонҳои гуногун қувваозмои намуда, 45 тўб ба дарвозаи ҳарифон ворид намудааст.

Шукер дар дастаи яккачини Югославия низ 2 бози карда 1 гол задаст. Айни замон Давор Шукер агенти футбол аст. Гайр аз ин ў академияи футболи худро барои ҷавонони қобилиятнок дорад.

Дастовардҳои гурўҳи:
Чои 3-юм дар Ҷоми Ҷаҳон-1998
Голиби Лигаи Қаҳрамонҳо-1998
Финалисти Чоми УЕФА 2000
Қаҳрамони Испания 1997
Барандаи Абарҷоми Испания 1997

Дастовардхои шахси:
Сеюм футболбози ҷаҳон аз рўи ҳисоботи FIFA дар соли 1998
Нишонзани беҳтарин дар Ҷоми Чаҳон соли 1998 (6 гол)
Бозигари беҳтарини Хорватия дар солҳои 1992, 1994, 1995, 1996, 1997, 1998
Бозигари беҳтарини Хорватия дар солҳои 1954 – 2003 дар ҷашни 50-солагии UEFA
Узви рўйхати FIFA-100
Дорандаи «Тўби нуқрагин» – ҷоизаи FIFA

suker1