“Regar” TadAZ goes to Nepal
Бегоҳи имрӯз, 12-уми май бозигарони «Регар» ТадАЗ ба ҳавопаймои «Сомон Эйр» мешинанд ва ба Дубай парвоз мекунанд, то баъдан аз Дубай ба Деҳлӣ бираванд ва аз Деҳлӣ ба Катманду.
Дар Катманду, пойтахти Непал, дар варзишгоҳи Дашрат се дастаи дигар: қаҳрамонҳои Шри-Ланка, Покистон ва Непал мунтазири қаҳрамони Тоҷикистонанд то барои Ҷоми президенти Конфедеросюни футболи Осиё бо тоҷикон дастбагиребон бишаванд.
«Варзиш-Спорт» хабар додааст, ки ба ҳайъати қаҳрамони Тоҷикистон 19 бозигар шомиланд:
Дарвозабонҳо: Алишер Додов, Умед Ҳоҷимуродов.
Ҳимоятгарон: Саид Эргашев, Маъруф Рустамов, Наим Носиров, Даврон Эргашев, Фаррух Чориев, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов.
Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Иброҳим Рабимов, Ҷамшед Исмоилов, Сардорбек Эминов, Раҳмоналӣ Баротов, Бахтиёр Ҳасанов.
Муҳоҷимон: Комил Саидов, Шуҷоат Неъматов, Давронҷон Тухтасунов, Беҳзод Шарифов.
«Варзиш-Спорт» хабар додааст, ки ба ҳайъати қаҳрамони Тоҷикистон 19 бозигар шомиланд, ки исмҳояшонро аллакай гуфтем, вале хабар надодааст, ки чанд нобозигар бо ин ҳайъат ба тамошои Непал мераванд. Хуб, инаш муҳим нест, муҳиммаш пирӯзии тоҷикон дар он ҷост.
Ҷадвали бозиҳои Ҷоми президенти АФК дар гурӯҳи «А»:
14 May:
-
“Regar” TadAZ (TJK) vs “Pakistan WAPDA” (PAK)
-
“Nepal Police Club” (NEP) vs “Taiwan Power Company” (TPE)
16 May:
-
Pakistan WAPDA (PAK) vs Nepal Police Club (NEP)
-
Taiwan Power Company (TPE) vs Regar TadAZ (TJK)
18 May:
-
Regar TadAZ (TJK) vs Nepal Police Club (NEP)
-
Taiwan Power Company (TPE) vs Pakistan WAPDA (PAK)
Дар гурӯҳҳои дигар ин дастаҳо бо ҳам рақобат мекунанд:
Group B: Ashgabat (Turkmenistan), Sri Lanka Army (Sri Lanka), Abahani Limited (Bangladesh).
Group C: Dordoi-Dynamo (Kyrgyzstan), Kanbawza (Myanmar), Phnom Penh Crown (Cambodia), Yeezdin FC (Bhutan).
Дастаҳои гурӯҳи «Б» аз 12-ум то 16-уми май ба шаҳри Даккаи Бангладеш мераванд, дастаҳои гурӯҳи охарӣ бошанд, аз рӯзи 10-уми июн то 14-уми ҳамон моҳ дар Бишкек рақобат хоҳанд кард.
Се ғолиби гурӯҳ ва як ҷойи дуввуми беҳтарин дар марҳилаи ниҳоӣ дар охири сол барои Ҷом талош хоҳанд кард. Умед ва интизорот аст, ки агар «Регар» ТадАЗ тилисми непалиро бишканад, марҳилаи ниҳоӣ дар Турсунзода баргузор шавад.