Нарзуллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ

Бозиҳои даври ҳаштуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 23-юм ва 24-уми май баргузор шуданд.

Дар чаҳор дидор мизбонон пирӯзӣ ба даст оварданд ва як бозӣ ба натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ – варзишгоҳи «Пахтакор» – яке аз ҳарифони аслиаш – «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Бояд гуфт, ки ин аввалин бохти «Парвоз» дар мусобиқаи имсола мебошад. Ду голро ҳамлагар Нӯъмонҷон Ҳакимов, нишонзани беҳтарини мусобиқа, дар дақиқаҳои 18-ум ва 87-ум ба самар расонд. Пас аз голи дуввум ду нафар бозигарони «Парвоз» Асадулло Нуруллоев ва Сӯҳроб Эгамбердиев барои бо пой задани сардовар Олим Норбоев аз майдон ронда шуданд.

«Хуҷанд»-и Хуҷанд низ дар варзишгоҳи «Спартак» дастаи меҳмон – ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Голи аввалро Пирмурод Бурҳонов дар дақиқаи 52-юм ва голи дуввумро Ҳусейн Ҷалолов дар дақиқаи 83-юм заданд.

Бозии дигари даври 8-ум дар варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар байни тими мизбон – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо натиҷаи мусовии 1:1 ба анҷом расид. Хуршед Маҳмудов, капитани «Регар» ТадАЗ, дар дақиқаи 78-ум ҳисобро боз кард. Баъди 10 дақиқа капитани мизбонон Юсуф Рабиев ҳисобро баробар намуд.

«Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ «Спитамен»-и ноҳияи Спитаменро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Бозигарони дастаи мизбон Наврӯз Рустамов (дақиқаи 5-ум), Исмоил Шонов (26-ум ва 39-ум), Бахтиёр Азизов (60-ум) ва як голи меҳмононро Фарҳод Ҳикматуллоев (45-ум) ба самар расонданд.

«Энергетик»-и Душанбе дар варзишгоҳи «Спартак»-и пойтахти кишвар бар «Гвардия»-и Душанбе бо ҳисоби рекордии 7:1 ғалаба кард. Дар ин бозӣ Сӯҳроб Ҳамидов ду гол (32-юм ва 61-ум), Обид Исмоилов (10-ум), Расул Файзов (34-ум), Алишер Улмасов (39-ум), Низом Раҳимов (66-ум) ва Шодибек Ғаффоров (85-ум) якголӣ заданд. Як голи «Гвардия» ба Фирдавс Нуров (57-ум) марбут аст.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа баъди даври 8-ум

    Б Ғ М Б Т/Т И
1. «Вахш» 8 7 1 0 17-5 22
2. «Хуҷанд» 8 6 1 1 196 19
3.  «Регар» ТадАЗ 7 4 2 1 13-7 14
4. «Истиқлол» 8 4 2 2 14-11 14
5. «Парвоз» 8 3 4 1 11-7 13
6. «Равшан» 8 2 2 4 13-15 8
7. «Энергетик» 8 2 1 5 19-16 7
8. «Спитамен» 7 1 3 3 7-12 6
9. CСKA «Помир» 8 0 2 6 6-17 2
10.  «Гвардия» 8 0 2 6 2-28 2

Беҳтарин голзанҳо: Нӯъмонҷон Ҳакимов («Вахш») – 7 гол, Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») – 6 гол, Баҳодур Шарифов («Хуҷанд») ва Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 5-голӣ.

Бозиҳои даври 9-ум:  30-юми май – ССКА «Помир» – «Энергетик», «Спитамен» – «Истиқлол»,  31-уми май – «Гвардия» –  «Равшан», «Парвоз» – «Хуҷанд», «Регар» ТадАЗ – «Вахш».