Дардноктарин ҷамъбасте ки менависам. На ба он хотир, ки мухлиси ССКА «Помир» хастам, на мухлиси ин даста нестам, вале дилам ба номи дар футбол таърихии «Помир» месӯзад. Эй, войи «Помир», эй войи «Помир»….  Войи дастае, ки замоне дар футболи Шӯравӣ ҳаммаънои Тоҷикистон буд ва ҳоло дар сабқати қаҳрамонии сатҳи саввуми футболи Осиё дар охири ҷадвал қарор дорад, нисфи сабқат гузаштааст, вале ягон бор шаҳди пирӯзиро начашидааст. Эй, войи «Помир»…

Сармураббии даста Нӯъмон Юсуфов мегуфт, аз бозигаронаш норозист, мегуфт, аз онҳо умеди дигар дошт, мегуфт, ҳеҷ чунин интизориро надошт.

Дар тамоми марҳила ССКА «Помир» танҳо ду хол гирифтааст, ва онҳоро низ аз ду дастаи заифтарини дигар.

Беҳтар мебуд, ки ин даста намебуд.

Ақаллан, аз вуҷуди Чарлз Накути истифода бурда, мухлисонро ҷамъ кун!

Натиҷаҳо: 

  • Гвардия» 1-1 ССКА «Помир» (Мирзобек Мирзоев)
  • «Равшан» 3:1 ССКА «Помир» (Искандар Гадоев)
  • ССКА «Помир» 1:3 «Парвоз» (Сӯҳроб Ашӯров пен.)
  • “Регар” ТадАЗ 2:0 ССКА “Помир”
  • ССКА «Помир» 1-1 «Спитамен» (Накути)
  • Истиқлол» 3:2 ССКА «Помир» (Искандар Гадоев, автогол)
  • ССКА «Помир» 0:2 «Вахш»
  • «Хуҷанд» 2:0 ССКА «Помир»
  • «Энергетик» 2:1 ССКА «Помир» (Искандар Гадоев)

Голзанҳо: 

  • Искандар Гадоев – 3
  • Мирзобек Мирзоев – 1
  • Сӯҳроб Ашӯров – 1
  • Чарлз Накути – 1
  • Автогол – 1

Беҳтарин бозигар:

Исми Искандар Гадоев зуд-зуд ба гӯш мерасад. Воқеан ҳам бозигари хуб ба назар мерасад. 

Омор:

9 бозӣ, 0 пирӯзӣ, 2 мусовӣ ва 7 нокомӣ. Таносӯби тӯбҳо 7-19

Марҳилаи дуввум:

Сармураббии даста Нӯъмон Юсуфов мегӯяд, агар дар даста боқӣ бимонад, пас  дар марҳилаи дуввум феҳраси бозигарон ба маротиб дигартар хоҳад шуд. Тирамоҳ хоҳем дид, иншоаллоҳ.