nuriddin-davronov3Дар футболи Русия танаффуси тобистона фаро расидааст ва баъзе аз бозигарон барои омодагиву машќ њамроњи даста ба сафари хориља рафтаанду баъзеи дигар ба ватан бароии дидорбинї омодаанд. Нуриддин Давронов шогирди мактаби «Локомотив»-и Маскав имрўзњо дар Душанбе ќарор дорад ва мухбири мо бо вай атрофи тањсилу фаъолияташ дар ин клуб сўњбат намуд

 

Нуриддин Давронов
зодаи шањри Душанбе,
тањсилдидаи мактаби миёнаи № 15,
санаи таваллуд 16.01.1991
толибилм ва футболбози дастаи љавонони «Локомотив»-и Маскав

Сўҳбати Дилшоди Абдумаҷид, «Гол»

– Нуриддин ту аз он гурўњи кўчаки футболбозони љавони тољик њастї, ки бахт ба рўятон хандидааст. Чї хел ту ба ин мувафаќиятњо ноил гаштї?
– Њамин тавр шуд, ки бо баъзе сабабу имкониятњои пешомада, ман тавонистам соли 2004 ба Минск равам. Дар аввал модарам ба рафтани ман зид буд, вале падарам ба њунару истеъдодам бовар карда, бароям имкон дод, то дар Минск бахти худро санљам. Ман он љо се сол дар мактаби фуболи шањри Минск бо номи «Смена» тањсил намуда, баъди як сол ба дастаи « Энергетик»-и Душанбе омадам. Дар шартномаи кории ман бо дастаи «Энергетик» муайян шуда буд, ки њар вакте ки ман мехоњам аз клуб рафта метавонам, яъне пеши якдигар мо ягон ўњдадорї надоштем. Аз ин рў, баъди як соли бозї дар ин даста, ба клуби «Локомотив»-и Маскав гузаштам.

– Агар мушкил нест, муфасалтар дар ин бора мегуфтї?
– Ба Маскав ман моњи январи соли 2008 роњ ёфтам.  Рўзе агенти FIFA Денис Лахтер (агенти Андрей Аршавин буд то ду-се рӯзаки пеш. Иловаи “ФТ”) ба ман занг зада пешнињод намуд, ки худро дар футболи Русия санљам, албатта ин таклифро ман рад карда наметавонистам ва бо ташабусси ин агенти футбол аввал аз санљиши клуби  «Сатурн» гузаштам, вале он љо маро ќабул накарданд, сипас як санљиши дигар дар клуби  «Локомотив» буд. Инљо њунари маро писандиданд ва маслињат доданд, ки агар тезтар шањрвандии Русияро ќабул кунам, имкони омўзишу такмили  мањорату ихтисос дар мактаби «Локо» ро пайдо мекунам. Бо кўмаки дўстони падарам ба зудї шањрванди Русия гаштам ва њоло дар Маскав дар мактаб-интернати футбол зиндагї мекунам, инчунин мактаб ѓайр аз омўзиш моро бо стипедия таъмин мекунад, ки пурра барои зиндагии имрўзаи мае кифоят мекунад. Њоло модар низ аз интихоби роњи ман розиаст.

– Дар клуби ту боз дигар тољикбачањо њастанд?
– Бале, њамроњи ман Наим Шарифї, Манучењр Љалилов  дар клуб машќ мекунанд,  мо ба якдигар доимо дар алоќаем ва андешањо дар бораи ватанамон бисёр мекунем. Албатта бењбудшавии тими мунтахабу футболи точик аз масъулони соња вобастагї дорад, вале дар навбати худ агар сармураббии дастаи яккачин моро даъват кунад, мо тамоми имкониятњои худро барои ифтихори Тољикистон сарф мекунем.

– Муносибати дўстону атрофиён баъди бозингари ЛОКО шудан, бо ту чї гуна аст?
– Ба ватан ман соле ду бор ваќти таътили байни мавсимњо ва моњи ноябр бо анљоми мусобиќот  меоям. Дўстону рафиќон бо хушнудї пешвоз мегиранд, нафароне њастанд,  ки барои маслињат меоянд, то чи хел фарзандони худро ба макотиби футболи Русия интиќол дињанд. Вале, чї хеле гуфтам, он љо чизи аз њама муњим  шањрванди ин давлат будан аст. Бо вуљуди мањорати олї доштан, агар шањрвандї надошта бошї, роњ ёфтан ба мактаби футболи Русия нињоят душвор аст.

– Дар бораи комёбии дастаи љавонони Тољикистон дар мусобиќоти љањонии соли 2007 бисёр мегўянд. Ту низ иштирокчии ин сабќат будї. Агар махфї набошад, гуфта метавонї, барои он мувафаќият даста чї гуна ќадрдонї шуд?
– Дар чемпионати љањонии љавонон, ки дар Кореяи Љанубї гузашта буд, ман низ иштирок доштам ва муллифи голи сеюм ба дарвозаи ИМА ва голи ба дастаи Перу зада мебошам. Баъди мусобиќоти љањонї ба њамаи мо 100 долларї  мукофот доданд, вале баъдтар бо дахолати роњбарони љумњурї боз ба њар кадоми мо 3000 сомонї њадя шуд. Вале пул барои мо он ваќт муњим набуд,  иштирок дар ин сабќати љањонї барои њар кадоми мо як љањон таассурот бахшида, барои ояндаи касбии мо такони љиддие дод.

– Бисёр  мураббиёну футболбозон, аз љумла мухлисон њам сатњи паст ва равнаќ наёфтани футболи тољикро дар камтаљрибагї ва њакамии ноадолатонаи доварон мебинанд. Дар Русия ба доварон чї гуна муносибат доранд?
– Ба ин гуна масоил русњо муносибати љиддї доранд. Њакамї он љо воќеї ва одилона мешавад. Сониян, зинаи тайёрї ва омодагии онњо шояд нисбати доварони мо бењтар бошад. Доварони мо аз рўи он сатње, ки доранд, њакамї мекунанд. Агар онњо каму беш аз Точикистон баромада, малакаи худро дар хориљи кишвар сайќал дињанд, шояд омодагї ва њакамии эшон бењтар шаванд.

– Ба фикри ту Тољикистон дар футбол чи натиљањоро соњиб шуданаш мумкин аст?
– Албатта дар бораи натиљањо њоло гуфтан барваќт аст, вале се-чор соли охир чемпионати кишвар шавќовартар мегузарад, ки ин нишондињандаи бењшавии ин намуди варзиш дар кишвар мебошад. Мисол, ман бозии Љоми Тољикистон байни дастањои «Истиќлол» ва «Вахш»-ро тамошо кардам. Бачањо усули партофтњои панљ- шашкасаро њунармандона иљро мекарданд, ки аз мањорати хуби онњо гувоњї медод.

– Оё тафовуте дар машќу омодагї байни клубњои Русия ва Тољикистон њаст?
– Тафовут нињоят калон аст. Дар Русия машќу омодагї ба бозињо њар рўз бо наќшаву усулњои гуногун мегузарад, ки футболбозон аз гуногунии он монда намешаванд. Дар Тољикистон бошад, чи хеле ањамият додам, тамрин якранг аст.

– Ба фикри ту индивид будан дар футбол хуб аст?
– Футбол бозии коллективї аст ва њунари њар бозингар дар якљоягї самар медињад. Новобаста аз нобиѓаи футбол будан, танњо бозидан самара намедихад. Индивидуализм дар футбол танњо дар якљоягї ва њамкорї бо њамроњон натиља ва наќши зебо мегузорад. Мисоли ин гуфтањо, таљрибаи Криштиану Роналду шуда метавонад.

– Дар оянда, баъди футболбозї чи наќшањо дорї?
– Аллакай имсол ният дорам, њуљљатњои худро ба донишгоњ супорам. Дар ояндаи дур ният дорам баъди хатми донишгоњи олии варзишї мутахассиси соњаи футбол шуда кор кунам.

Advertisements