“Dream Team” of “VS”


drim_tim

Advertisements

13 thoughts on ““Dream Team” of “VS”

  1. 11 БЕЊТАРИН ФУТБОЛБОЗОНИ «РЕАЛ»

    Силсилабењтаринњоро сомонаи варзишии Sports.ru давом дода, ин њафта маълумотро дар бораи 11 бењтарин бозингарони «Реал» нашр намуд. Њоло дар њайати љомдорони шашкаратаи Лигаи чемпионњо бозингарони бењтарини љањон гирд омадаанд. Вале дар ин рўихат њоло номи Роналдуву Кака нашр нашудааст ва мумкин аст ки баъд аз чандсолањо бо њунарнамоии хуби худ ин футболбозон дар ин рўихат љои худро гиранд. Ва инак 11 бењтаринњои дастаи овозадори «Реал»-и Мадрид.

    ИКЕР КАСИЛЯС
    Солњо: 1998-…
    Натиљаи бозињо: 472
    Ин дарвозабон бозии дебютии худро дар чемпионати Испания соли 1998 дар шањри Билбао бо дастаи «Атлетик» гузаронидааст ва дидори дебютиашро дар љомњои Аврупої дар шањри Афина оѓоз намудааст. Соли 2000-ум Касиляс аз њама дарвозабони љавонтарин дар таърихи финалии љоми лигаи чемпионњо гардида буд. Баъд аз ду сол боз ба даври финалии њамин љом баромад намуд ва ба њама исбот намуд, ки ба дарвозабони раќами яки даста арзанда аст. Ў дар ин бозињо дарвозабони даста Сесар Санчесро иваз намуда буд. Бо амри таќдир ин дарвозабони машњур танњо як маротиба љоизаи «Трофео Замора» соњиб гардидааст. Икер ба наздикї бењтарин дарвозабони ла-лигаи Испания муаррифї гардид. Дар охири соли гузашта Икер чорумин футболбози Аврупо таин гардид, ки ин барои дарвозабонон аз њама натиљаи баландтарин мебошад. Алтернатива: Рикардо Замора

    МИГЕЛ ЧЕНДО
    Солњо: 1981-1998
    Натиљаи бозињо: 463
    Голњо: 3
    Бозингари ивазнашавандаи тарафи рости хати муњофизати дастаи «Реал»-и Мадрид њашт мавсим баромад кард. Љароњати давомноки пояш ба он сабаб шуда натвонист, ки ў ба ин рўихати бењтарин бозингарони «шоњона»-њо дохил гардад. Ў яке аз бозингрони асосии даста ба шумор мерафт ва дар тўли ин њашт мавсиме, ки ў дар даста баромад намуд, панљ маротиба пайи њам унвони чемпионии Испанияро соњиб гардидааст. Аз њама љоизаи асосиро – Љоми лигаи чемпионњои Аврупоро Чендо дар охирин мавсими баромадаш дар даста ба даст овардааст.
    Алтернатива: Хосе Эмилио Сантамария

    ГРИГОРИО БЕНИТО
    Солњо; 1969 – 1982
    Натиљаи бозињо: 420
    Голњо: 3
    Ин футболбозро бењтарин муњофизи Аврупо дар солњои 70-ум меномиданд. Дар њама раќобатњо ин муњофиз намегузошт, ки њамлагари њариф ўро фиреб дода ба дарвозаи даста голро ворид созад. Бенито тайи сенздањ сол дар даста баромад намуда, аз сабаби оне, ки муњофизатгар буд, хеле голи кам задааст. Ў дар 420 дидор њамагї се гол ба нишон расонидааст. Ба он нигоњ накарда, ки шаш маротиба ѓолиби чемпионати Испания ва панљ љоизаи љоми Испанияро соњиб шудан, ягон маротиба унвони чемпионии ягон љомњои Аврупоиро ба даст надаровардааст.
    Алтернатива: Пирри

    РОБЕРТО КАРЛОС
    Солњо: 1997-2007
    Натиљаи бозињо: 475
    Голњо: 62
    Яке аз тезњаракаттарин футболбоз дар тамоми љањон аз дастаи «Интер» ба «Реал» омадааст. Фикр мекунам, ки барои ин футболбоз умуман сарњад вуљуд надорад. Агар андозаи майдон њарчанд калон бошад њам, ў бо њамон суръати худ ба пеш мераваду ягон маротиба хастагиро њис нахоњад кард. Аз њар гўшаи майдон ў ба сўи дарвозаи њариф зарбањои хатарнокро ворид месохт, ки барои дарвозабонон душвории љиддиро пеш меовард. Нишонаи ќайдкунии голи худро ў чунин мекард. Яъне ки мисли Александро Дел Пиеро забонашро мебароварду ба мисли Кака ба њаво нигоњ карда дасташро мебардошт. Дар соли 2006-ум ў рекорди Алфредо Ди Стефаноро аз њисоби бозии легионерњо дар Мадрид, паси сар сохта буд. Яке аз сад бозингарони Аврупоие аст, ки дар лигаи чемпионњо зиёда аз 100 дидор гузаронидааст. Њоло ин футболбоз дар дастаи «Фенербахче»-и Туркия баромад менамояд.
    Алтернатива: Хосе Антонио Камачо

    ФЕРНАНДО ЙЕРРО
    Солњо: 1989-2003
    Натиљаи бозињо: 598
    Голњо: 126
    Яке аз бењтарин капитанњои дастаи «Реал Мадрид» ва яке аз голеадорњои номаълуми тим ба њисоб меравад. Дар мавќеи нимњимоятгари канорї ва муњофизи марказї бозї кардааст. Йерро тавонист дар давоми мавсим ќариб 20 гол ба дарвозаи њариф ворид созад (21 гол дар мавсими 1991-92), ва дар синни 34 солагї унвони хет-трикиро ба даст даровард (соли 2002-юм се гол ба дарвозаи «Сарагоса»). Ин се голи задааш аз зарбањои љаримавї ва аз масофањои дур вориди дарвоза сохтааст. Аз њисоби ронда гаштан аз майдон ба дили мухлисонаш тамоман зада буд. Йерро то њоло дар даста њамчун антибозингар шинохта мешавад. Дар карераи худ Йерро 10 корти сурх гирифтааст, ки дар як мавсим 3 маротиба ронда шуда буд (Серхио Рамос низ се маротиба ронда гашта буд). Йерро аз њисоби бозї кардан дар даста маќоми панљум ишѓол мекунад.
    Алтернатива: Клод Макелеле
    ЗАЙНИДДИН ЗИДАН
    Солњо: 2001-2006
    Натиљаи бозињо: 155
    Голњо: 38
    Дорандаи «Тўби тиллої», се маротиба бењтарин футболбози љањон дар пурсишномаи ФИФА. Маблаѓе, ки дастаи «Реал»-и Мадрид ба ин футболбоз сарф намуда буд, ба 73,5 миллион евро баробар аст, ки то аввали моњи июни њамин сол ќиматтарин футболбози љањон шинохта мешуд. Аз њама лањзаи хотирмони Зидан барои мухлисонаш, ин голи аз масофаи дур задааш дар бозињои финалии Лигаи чемпионњо бар зидди «Байер» буд. Инчунин хет-трик (аввалин маротиба дар карераи футболбоз) ба даврозаи «Севиля». Бо Зайниддин Зидан дастаи «Реал» танњо як маротиба бењтарин тими Аврупо шинохта шуд, вале Зайниддин дили њазорон-њазор мухлисро ба дастаи мадридињо гарм намуд. Гуфта метавонем, ки футболбози бузурги фаронсавї давраи карераи олиашро мањз дар Мадрид гузаронидааст. Њоло ў боз дар дастаи «Реал» аст. Вале ин дафъа на њамчун футболбоз, балки њамчун мушовири президент.
    Алтернатива: Риккардо Галехо

    РАУЛ
    Солњо: 1994 – …
    Натиљаи бозињо: 706
    Голњо: 316
    Бозингари бузурги Мадрид, дорандаи њамаи рекордњои даставї. Бењтарин нишонзан дар таърихи даста. Нишонзани бењтарини Лигаи чемпионњо. Аз њама љавонтарин футболбози тим аст, ки дар хориља беш аз 500 бозї гузаронидааст. Муаллифи тўби 4500-уми даста дар чемпионати миллии Испания. Бењтарин нишонзани тими миллии Испания. Барои оне, ки ба ќуллаи баландтарин расад, Раул бояд соњиби Љоми љањон ва Љоми Испания шавад.
    Алтернатива: Мичел

    ФРАНСИСКО ХЕНТО
    Солњо: 1953-1971
    Натиљаи бозињо: 597
    Голњо: 253
    Ягон нафар дар Аврупо ба мисли ин нафар соњиби Љоми Лигаи чемпионњо нагардидааст (6 маротиба). Инчунин ба мисли Хенто ягон нафар дар тўли 15 сол пайи њам дар љоизаи асосии Аврупо ин ќадар дидор нагузаронидааст. Танњо Паоло Малдини метавонад ба ин футболбоз наздик шаваду халос. Дар њисоби ин бозингари италиявї њашт дидор дар даври финалї аст. Тахаллуси Хенто ин «одами тезсуръат» мебошад, ки 100 метрро дар 11 сония тай менамуд.
    Алтернатива: Хосе Эктор Риал

    АЛФРЕДО ДИ СТЕФАНО
    Солњо: 1953-1964
    Натиљаи бозињо: 403
    Голњо: 307
    Ин футболбоз дорандаи яку якбора се шањрвандии давлатњо аст: Испания, Аргентина ва Колумбия. Бозингари асосии даста дар тамоми бозињои дастаи «Реал Мадрид» ба њисоб мерафт. Панљ маротиба пайињам ба даври финалии Љоми Лигаи чемпионњо баромад намуда, дар он ѓолиб омадааст ва дар њамаи ин панљ бозї голеро ба дарвозаи њариф ворид сохтааст. То њамин мавсим ў њамчун рекордгузор дар нишонзанї шинохта мешуд, вале мавсими гузашта рекорди ин шахси бузургро Раул паси сар сохт. Панљкарата дорандаи љоизаи «Трофео Пичичи». Дар асри гузашта нашрияи «Франс Футбол» ба ин футболбози аргентиниягї маќоми чорумро дар рўихати 100 бозингарони бењтарини љањон љойгир намуд.
    Алтернатива: Сантиляна

    ФЕРЕНС ПУШКАШ
    Солњо: 1958-1967
    Натиљаи бозињо: 262
    Голњо: 236
    Дар шаш мавсими аввала ин футболбоз ба дарвозаи њариф бист гол ворид сохтааст. Чор маротиба љозадори «Трофео Пичичи». Инчунин омори ин футболбози венгр дар лигаи чемпионњо хеле хуб аст – 39 дидор, 35 гол. Њафтояш дар ду бозии финалї бо «Айнтрахт» ва «Бенфика». Дар соли 1995 бењтарин нишонзани асри ХХ аз њисоби рўихати IFFHS дониста шуд. Венгр дар синни 31 солагиаш ба њайати «Реал Мадрид» дохил шудааст.
    Алтернатива: Уго Санчес

    ЭМИЛИО БУТРАГЕНО
    Солњо: 1984-1995
    Натиљаи бозињо: 463
    Голњо: 217
    Аз бозии дебютиаш сар карда ин футболбоз ба дили мухлисони даста роњ ёфта буд (дубл ва як партофти бо гол анљом ёфта). Сармураббии њамонваќта Ди Стефано ба ў чунин хислатнома дода буд: «Голи ин бачањак аз даруни баданаш мебарояд». Дар соли 1984 ба мухлисоне, ки ба ў боварї надоштанд, исбот сохт ки ў дар њаќиќат голеадори даста аст. Дар бозии финалии Љоми УЕФА бо дастаи «Андерлкехт»-и Белгия (6:1, баъд аз 0:3 дар бозии аввал) унвони хет-трикиро ба даст даровард. Дар мавсими 1990-91 ў бењтарин нишонзани чемпионати Испания гардид. Яке аз панљ бозингароне, ки унвони «Quinta del Buitre» соњиб гардидааст.
    Алтернатива: Амансио Амаро

  2. КАКА: «РЕАЛ»-И МАДРИД НИШОНАИ ФУТБОЛИ ИСПАНИЯ АСТ»

    Баъд аз он, ки собиќ бозингари «Милан»-и Италия Кака намоиши худро оиди гузаштан ба дастаи «Реал» дар варзишгоњи «Сантяго-Бернабеу» ба анљом расонид, бо рўзноманигорон нишасти матбуотї гузаронид. Дар ин нишаст Кака изњор намуд, ки дастаи ў дар Аврупо бењтарин аст ва бояд дигарон ба ин иќрор шаванд.

    – Ваќте ки дар рўбарўятон 40000 нафар меистод ва барои тамошои Шумо омада буданд, худро чи тавр њис мекардед?
    – Ман худро дар ин њолат аз њама хушбахттарин шахс мењисобидам. Инчунин ман фањмидам, ки дар назди мухлисони дастаи навам чї ќадар обрў доштаам. Мехоњам ба боварии мухлисон сазовор гашта, њамагуна љоизањоро ба даста оварам.
    – Барои чї Шумо фикри аз «Милан» рафтанро кардед?
    – Ман дар ин бора ваќте ки дар Бразилия ќарор доштам, бисёр гуфтаам. Дар моњи январ аллакай дастаи «Милан» барои ман дарвозаи худро кушода буд. Банда мефањмидам, ки ањволи даста дар бўњрони иќтисодии љањонї он ќадар хуб нест. Дар чемпионати охирин ба воситаи падарам «Милан» фањмид, ки бисёр дастањо барои ман харидорї ашаддї њастанд. Ин дуввумин рафтани ман аз дастањо аст, ки бо хубї анљом меёбад. Баъдан ман ба худ ќавл додам, ки агар «Милан»-ро тарк намоям, ба ѓайр аз «Реал» ба дигар даста нахоњам рафт. Орзуи ман амалї гардид.
    – Дар њаёти худ Шумо ин намуд намоишро дида будед?
    – Ягона намоише ки бо чунин њашамат гузашт, ин ин намоиши Роналдинио дар «Милан» буд. Имрўз ман он чи ки дар футбол надида будам, дидам. Ин рўзи фаромўшнашавандаи ман хоњад гашт.
    – Барои чї танњо “Реал Мадрид”-ро интихоб кардед?
    – Барои он, ки дар ин даста њама чиз муњайё аст. Ин бидуни тасаввур аст. Футболбозоне, ки дар ин љо баромад менамоянд, инро ба камина бисёр гуфтаанд ва ин ба ман кўмак намуд, ки Мадридро интихоб намоям.
    – Ваќте ки Шуморо харидорї менамуданд, хабарњо дар бораи ба Мадрид омадани Криштиану Роналду њам буд. Шумо инро чї гуна шарњ медињед. Оё Шумо барои Роналду шуда дастаро интихоб намудед?
    – Ваќте ки мо бо Флоретино Перес сўњбат доштем, ў ба ман наќшањои ояндаи дастаро нишон надода буд. Вале, сўњбат бо ў интихоби маро љоннок сохт. Барои камина бозї кардан дар чунин дастаи номї шараф аст. Барои ман шароит фароњам шуд, ки бо бењтарин футболбозон дар як даста баромад намоям. Ман он ваќт танњо њаминро фикр мекардаму халос. Криштиану Роналду дар гўшаи хотирам њам набуд. Ва боз њаминро тасаввур мекардам, ки њамдастагони ман Раул, Касилияс ва Гути њастанд.
    – Ба Шумо Алфредо Ди Стефано чї гуфт?
    Номи пурра Рикардо Изексон дос Сантос Лейте
    Тахаллус Кака, бачањаки тиллої, Рикки
    Таввалуд 22 апрели соли 1982 (27 сола)
    Зодгоњ Бразилиа, Бразилия
    Шањрвандї Бразилия, Италия
    Ќад 186 см
    Вазн 83 кг
    Мавќеъ Нимњимоятгари њуљумкунанда
    Даста Реал Мадрид
    Раќам 18
    КАРЕРАИ ДАСТАВЇ
    2001—2003 Сан-Паулу 59 (23)
    2003—2009 Милан 193 (70)
    2009 — Реал Мадрид 0 (0)
    ТИМИ МИЛЛЇ
    2002— Бразилия 63 (23)
    – Ў барои ман бисёр чизњои аљоибро наќл намуд ва инчунин “Бернабеу”-ро ба “Маракано” баробар намуд.
    – “Реал Мадрид” имсол метавонад, ба «Барселона» раќобати сахт нишон дињад?
    – Ња. Наќшаи варзишии Флоретино Перес ба њамин асос карда шудааст, ки мавсими оянда аз дастаи «Барселона» унвони чемпиониро кашида гирад. Се љоизаи каталонињо мењнати зиёдро талаб мекунад, вале “Реал Мадрид” натанњо нишонаи футболи Испания, балки тамоми Аврупо мебошад.
    – Шумо бо Мануэл Пеллегрини сўњбат кардед?
    – Њоло не, вале боварї дорам, ки ба ќарибї сўњбат хоњем кард.
    – Пешвозгирии Роналду имкон дорад, ки аз пешвозгирии Шумо хубтар гузарад?
    – Роналду мисли мо футболбози оддї аст. Дар се соли охир Криштиану Роналду дар ду бозии финалии Лигаи чемпионњо иштирок намуд. Вале натанњо ў, балки дигар футболбозон ба мисли Раул низ бисёр љоизањоро ба даст овардаанд ва хоњанд овард. Дар «Реал»-и Мадрид танњо футболбоз-ситорањо баромад менамоянд.
    – Шумо гуфта метавонед, ки чунин ситорањо ба «Реал» љоиза меорад?
    – Собиќаи ман дар футбол нишон медињад, ки танњо мањорат ва ситорагї наметавонад љоизањоро ба даст дарорад. Ман якчанд ситорањоро медонам, ки ягон маротиба љоизаро ба даст надаровардаанд ва якчанд шахсони дар олами футбол ношиносро низ медонам, ки унвони чемпиони љањонро соњиб гардидаанд. Инсони ќавиирода ва ба худ боваридошта соњиби љоизањо мегардад.
    – Шумо чї фикр доред, оё Шумо метавонед бо Криштиану Роналду мутобиќ шавед?
    – Байни мо ягон раќобат нест. Мо њарду бе ягон мамоният метавонем якљоя баромад кунем. Ва берун аз майдон њам мо ба якдигар раќиб нестем.
    – Шумо оянда худро дар дастаи нав чї гуна тасаввур мекунед?
    – Ваќте ки ман ба Аврупо омадам, њаётам ба куллї таѓйир ёфт. Ман ба муддати шаш сол шартнома бастам ва агар имкон шавад боз бозиамро идома хоњам дод. Маро ояндаи дурахшон интизор аст.
    – Ваќте ки Шуморо Карло Анчелотти ба «Челси» даъват намуд, Шумо чї гуфтед?
    – Ман ба ў эњтироми хосса дорам. Ман аз ў хеле розї њастам, ки тўли чанд сол мо якљоя кор кардем. Ў барои камина хеле кўмак намудааст ва ман онњоро њељ ваќт аз хотир нахоњам баровард. Вале, ман ба ў гуфтам, ки хоњиши дар «Реал» баромад намудан дорам.
    – Баъд аз шартномаро ба имзо расонидан, Шумо аввалин маротиба ба кї гуфтед?
    – Ба падарам.
    – Шумо дар бораи бозгашт ба Љопон, ки бозињои рафиќона доир мекунед, чї гуфта метавонед?
    – Дар хотироти ман аз Љопон бисёр чизњо наќшбандї шудааст. Дар онљо камина соњиби љоми љањон дар њайати тими Бразилия дар соли 2002 гардидам ва чемпиони љањон байни тимњо, ки соли 2006 гузаронида шуда буд, дар њайати «Милан» ѓолиб баромадам. Ман медонам, ки дар Љопон мухлисони дастаи «Реал» хеле зиёд њастанд ва ман боварї дорам, ки њамроњи дастаи љадиди худ ба онљо сафар мекунам.
    – Пеш аз ин ягон маротиба «Реал» ба Шумо харидор шуда буд?
    – Ман медонам, ки ба банда дастаи мадридињо як маротиба харидор шуда буданд, вале ман ба ин ањамият надода будам. Агар роњбарияти дастаи “Милан” онњоро шунидан намехост, њељ гоњ ман тарки даста намекардам. Ман ба пуррагї худро ба даста вобаста карда будам.

    ПИКЕ: «ДАР МАВСИМИ ОЯНДА БАРОИ ШАШ ЉОИЗА ТАЛОШ ХОЊЕМ КАРД»

    Номи пурра Херард Пике Бернабеу
    Зодрўз 2 феврал 1987
    Зодгоњ Барселона, Испания
    Шањрвандї Испания
    Ќад 190 см
    Вазн 78 кг
    Мавќеъ Муњофизи марказї
    Даста Барселона
    Раќам 3
    КАРЕРАИ ДАСТАВЇ
    2001—2004 Барселона B
    2004—2008 Манчестер Ю 12 (0)
    2006—2007 → Сарагоса 22 (3)
    2008— Барселона 25 (1)
    ТИМИ МИЛЛЇ
    2006—2008 Испания (21сола) 12 (1)
    2009— Испания 3 (1)
    Дар мавсими гузашта Херард Пике яке аз «деворњо»-и дастаи «Барселона» ба њисоб мерафт ва ин муњофиз як сол пеш аз дастаи «Манчестер Юнайтед»-и Англия харидорї карда шуда буд. Акнун ин муњофизатгари бењтарини каталонињо мехоњад миннатдории худро ба Сэр Алекс Фергюсон изњор намояд.

    – Як сол гузашт, ки Шумо ба дастаи каталонињо омада будед. Оё гуфта метавонед, ки дар ин сол тамоми љоизаи бударо соњиб гардидан чї гуна буд?
    – Хеле душвор буд. Ин сол барои мо соли пурбарор омад. Мо њамаи љоизањоро ба ягон кас насупорида, ба њамааш соњиб шудем. Даста бо бозии зебои худ дили мухлисонашро ба ваљд овард. Мо барои мавсими оянда тайёрї дида истодаем ва барои шаш љоиза талош хоњем кард.
    – Бењтарин лањзаи њаёти Шумо дар мавсими гузашта?
    – Хеле бисёр буданд. Голи Инеста дар даќиќаи 93-юм як умр дар хотири ман наќш хоњад гузошт.Њисоби 6-2, ки мо дастаи таърифии шоњонаи «Реал»-и Мадридро шикаст дода будем, ин њам аз хотири ман њаргиз намебарояд. Њама љоизањо, финал дар Рим ва Валенсия, ин њам аз хотироти ман нахоњад баромад. Аз байни њамаи ин ман бояд якеашро интихоб намоям. Њозир фикр мекунам. Ёфтам, ин голи Иниеста буд, ки моро ба даври финалї баровард.
    – Буданд он лањзањое, ки даста хуб баромад накард?
    – Албатта буданд. Маѓлубият аз дастаи «Эспаниол» дар майдони худ –ин як зарбаи хеле сахт буд.Мо медонистем, ки дар љадвал пешсаф њастем, вале чунин бозињои дербииро њаргиз бой додан нашояд. Боз маѓлубият бо њисоби 3-4 дар сафар аз дастаи «Атлетико».
    – Дар даста нишонаи мухлисон кист?
    – Нишонањо инњоянд- Хави бо Пуйол. Онњо аллакай тайи чандсолањо аст дар даста баромад намуда, дар шодию ѓамгинии даста шариканд. Ман њам дар оянда кўшиш мекунам, ки то ба дараљаи ин шахсон расам.
    – Аз рафтани Шумо сармураббии «МЮ» Алекс Фергюсон ѓамгин гашта бошад?
    – Ман умуман намедонам, ки дар фикри вай њоло чи назарњову чи хаёлњо гузашта истода бошад. Ман аз ў миннатдорам ва доимо њурмати ин шахси наљибро ба љо меорам. Ў барои омадани ман ба Каталония кўмак намуд.

  3. РОББЕН+СНАЙДЕР+15 МЛН=РИБЕРИ
    Чи тавре ки ВАО-и Британия хабар медињад, «Реал» мехоњад барои харидории Франк Рибери маблаѓи бисёреро сарф намояд.
    Дастаи «Шоњона» мехоњад барои як худи Франк Риберии фаронсавї ду бозингари Голландии даста Ариен Роббену Уесли Снайдер ва 15 миллион фунт ба дастаи «Бавария» дињад, хабар медињад Daily Star. Мумкин сармураббии олмонињо Луи ван Галл ба ин пешнињоди Перес розї гардад, чунки ин ду футболбоз њамватани ин мураббї мебошад. Хотиррасон мекунем, ки аллакай дар сеяки фасли тобистон дастаи «Реал» – ба тим чор нафарро овардааст: Кака, Криштиану Роналду, Карим Бензема ва Раул Албиол. Агар Рибери њам ба њайати мадридињо гузарад, худ тасаввур кунед, ки ин даста чи гуна хоњад шуд.
    Дар ин бора Франк Рибери гуфт, ки бо роњбарияти «Бавария» хархаша карданї нест: “Медонам, ки барои ман дастаи «Реал»-и Мадрид харидор гаштааст, вале ман њоло бозингари «Бавария» мебошам ва дар ин бора бо роњбарияти тим ягон хархашае карданї нестам. Ман њар як сухани худро аввал андеша карда баъд мезанам, ки мабодо роњбарият аз ман малол нагарданд. Ман њоло ба дастаи олмонињо тааллуќ дорам ва ин тим чї ќароре барорад, ман розї њастам “, – гуфт Рибери.

    БА ГУФТАИ ОЛМОНИЊО ВЕЛЛИТОН ВА ВАГНЕР БА БУНДЕСЛИГА МЕРАВАНД
    «Штутгарт» барои ёфтани њамлагар ба љои Марио Гомес, ки ў ин мавсим дар тими «Бавария» баромад менамояд, ба форварди ЦСКА Вагнер Лав чашм ало намудааст.
    Ба ќарибї дорандаи медали биринљии чемпионати Олмон гуфта буд, ки њамлагари сенегалли «Хоффенхайм» Демба Баро ба тим меорад ва арзиши трансфер 12-15 миллион евроро ташкил медод. Вале, ин проблемаи асосии ин сенегалї дарди пойњояш мебошад. Дар натиља даста ин њамлагарро инкор намуда, ба форварди «њарбиён»-и Маскав харидор гашт, хабар медињад “Спорт-Экспресс”.
    – Таваљљўњ ба Вагнер Лав њаст, вале ба омадани ў боварї надорам, – гуфт рўзноманигори Bild Берн Гертайс. – Асос он аст, ки ЦСКА барои ин футболбоз хеле бисёр талаб мекунад – 18 – 20 миллион евро.
    Агар ба нашрияњои олмонињо бовар кунем, ба ѓайр аз Вагнер њамдавлати ў Виллитони «Спартак»-ро тими «Гамбург» харидор шудааст ва худи њарбичиро инчунин чемпиони Олмон “Волфсбург” дар њайати худ дидан мехоњад.

    ОУЭН БА «МАНЧЕСТЕР ЮНАЙТЕД» ГУЗАШТ
    «Манчестер Юнайтед» бо Майкл Оуэн шартномаи дусоларо ба имзо расонид. Ў њамчун агенти озод аз дастаи «Нюкасл», ки дар охири мавсим ќарордодаш ба охир расида буд, ба тими «МЮ» омад.
    «Майкл – њамлагари сатњи байналмилалї њаст. Ў исбот намуд, ки њисоби голњои задааш, дараљаи хеле баланд аст. Мањорати ў њаргиз зери парда нахоњад монд», – чунин арзёбї намуд, сармураббии «МЮ» Сэр Алекс Фергюсон.
    «Ман баъд аз оне, ки худи сармураббї Сэр Алекс ба камина занг зада хоњиши дар даста баромад намудани маро талаб намуд, баъд гуфтушунидро бо тим оѓоз намудам. Ў инчунин дар занги худ маро (рўзи чоршанбеи њафтаи гузашта) ба нањории пагоњирўзї даъват намуд. Дар нањорї ў ба ман гуфт, ки мехоњам туро дар њайати даста бубинам. Ман бе ягон андеша розї шудам. Ин барои ман шонси фантастикї буд. Ман бо њарду дастам ўро сахт доштанї будам. Хушбахтии ман дар он буд, ки бо якчанд бозингарони њайати «МЮ» ман шинос њастам. Мехоњам миннатдории худро нисбат ба боварии Сэр Алекс ба ман арзёбї намоям. Ман ќавл медињам, ки бо бозии хуби худ ва голњои пай дар пайам дили Сэр Алексро аз худ шод мегардонам ва исбот менамоям, ки дар дастаи ба монанди «МЮ» афтидани ман тасодуфї нест», – гуфтааст худи Оуэн.

    БЕНАЮН ТО СОЛИ 2012 ДАР «ЛИВЕРПУЛ» МЕМОНАД
    Ниммуњофизатгари исроилии «Ливерпул» Йосси Бенаюн бо дастааш ќарордодашро дарозтар намуд. Акнун ин футболбоз метавонад дар даста то соли 2012 баромад намояд.
    «Мо барои ояндаи даста бояд кафолат дода тавонем. Ин ба он оварда мерасонад, кки танњо якчанд бозингарони даста ба худ дар оянда кафолат дода метавонанд. Мо хурсанд њастем, ки ба ин кор ќодирем» – гуфт дар як мусоњибааш сармураббї Рафа Бенитес ба The Liverpool Echo.

    ШФР: НАХРИ ЧИПТАИ БОЗИИ РУСИЯ ВА АРГЕНТИНА МУАЙЯН ШУД
    ШФР (Шўрои футболи Русия) эълон намуд, ки нархи чиптаи бозии рафиќонаи дастаи Русия ва Аргентина аз 400 то 1000 рубли русиро ташкил медињад. Дидор рўзи 12 август дар варзишгоњи «Локомотив»-и шањри Маскав доир мегардад.
    Нархи чиптаи умумї аз 400 то 1000 рубли русиро ташкил медињад ва VIP чипта – 3500-20000 рубл. Ба як даст супоридани аз чор чипта зиёд мумкин нест, хабар медињад сомонаи хусусии ШФР.

    ПРЕЗЕНТАТСИЯИ РОНАЛДУ ДАР «РЕАЛ»
    Чил даќиќа пеш аз презентасияи худ Криштиану Роналду рост ба хоначаи либосивазкунии «Реал» омад. «Ман дар ин љо ягон маротиба набудам. Ин фантастика аст». Дар ин њолат ў фањмид, ки чанд метр аз ў тўдаи мухлисон кумири худро интизор нишастаанд.
    Аллакай дар ин хонача Роналду тўбро бароварда, њар гуна финтњоро ба љо меовард. Ягон маротиба тўб аз пой, бадан ва сари ў ба замин наафтид. Роналду пеш аз баромадан ба майдон худро дар инљо санљид ва фањмид, ки дар пеши мухлисонаш њаргиз ягон хатогиеро ба љо намеорад. Баъд аз чанд даќиќа Хорхе Валдано ба ин љо омад ва ба Роналду гуфт, ки тайёр шавад, то ки ба майдон бароянд.
    Роналду фањмид, ки ин њодиса дар хотироташ наќш хоњад баст, чунки ў аввалин маротиба футболкаи дастаи «Реал»-ро ба тан кашида вориди майдон мегардад. “Ин аз њама презентатсияи бузургтарин дар таърих арзёбї меёбад?” мепурсад Криштиану. “Ња мо њамаи рекордњоро паси сар мекунем”, – љавоб мешунавад. Роналду механдаду ба бозикунии тўб медарояд.
    То ин ваќт Роналду танњо бо либоси асосии даста дар расмгирињо иштирок мекарду халос. Криштиану инро њаргиз њељ руст карда наметавонист, чунки медонист, ки барои мухлисони даста чї гуна ў ќадр дорад. Ў бо либоси худ бо навиштањои љопониву испанї, арабиву англисї аксбардорї менамуд.
    Пеш аз 10 даќиќаи то оѓози презентатсия ба хоначаи либосивазкунї Флорентино Перес омад. “Шумо хуб бозї карда метавонед?”, – мепурсад Роналду аз президент ва дар љавоб чунин суханро мешунавад: “Ман тамоми бозиро ба ту месупорам, дўсти азизи ман “. Чанд даќиќа онњо сўњбат карданду президент Роналдуро танњо монду баромада рафт ва акнун Роналду баромади худро интизорї менамуд. Ваќте ки Перес Роналдуро ба майдон хонд, њамаи хомўширо овози 119 детсибалии мухлисон фаро гирифт.
    Роналду салиби сари синагии худро мебўсад ва охирин маротиба ба тўб расиду ба майдон баромад. Ин бозї њоло акнун оѓоз меёбад…
    Зиёда аз 85 њазор тамошобинон ба варзишгоњи «Сантяго Бернабеу» барои гузаронидани презентатсияи Роналду омада буданд. Ин бегоњии 6 июл рух дода буд, хабар медињад рўзномаи испании AS.
    “Ман хеле хурсандам, ки њоло дар ин љо ќарор дорам. Ман аз хурдї орзуи дар дастаи «Реал» баромад намуданро доштам ва ин орзуи ман љомаи амал пўшид”, — иќрор шуд бозингари португалї дар ављи тантана.
    Чи тавре ки Agence France-Presse хабар медињад, ин љамъ омадани мардум ба презентатсияи Роналду ба ин хел њодисањо њисоби рекордї аст. Рекорди гузаштаро соли 1984 футболбози аргентинии «Наполи» Диего Марадона гузошта буд, ки ба презентатсияи ин шахси бузурги олами футбол 75 њазор одамон љамъ омада буданд.
    Хотиррасон менамоем, ки Криштиану Роналдуро дастаи «Реал» аз тими «Манчестер Юнайтед» ба маблаѓи 93,4 миллион евро харидорї намуда буд.
    Баъд аз презентатсия Роналду чунин суханонро ба забон овард:
    «Ман ин ќадар одамонро дар вохўрии худ мунтазир набудам. Ин анбўњи одамонро ман танњо дар бозињои «Эл-Классико» дучор омада будаму халос. Ман хеле хурсандам, ки ба чунин тими бузург омадам ва фикр мекунам, хобњои кўдакии ман ба њаќиќат табдил ёфт. Банда инчунин аз он хурсанд њастам, ки дар даста ман тањти раќами 9 баромад хоњам кард. Ин раќамро пеш Алфредо Ди Стефано «њукмрон» буд. Инчунин ба ман аљиб ки њамроњи Кака дар як тим баромад менамоем».

  4. ЌИССАИ БОЗИЊОИ КОЛХОЗИИ ЖИРКОВ

    Нимњимоятгари ЦСКА Юрий Жирков рўзи чоршанбе барои шартномаашро бо дастаи «Челси» ба имзо расонидан ба Лондон парвоз намуд.
    Дастаи англисњо барои хуб анљом ёфтани ин трансфер барои бозингари ЦСКА 18 миллион фунти худро сарф намуданд. Овардани Жирковро ба дастаи англисњо собиќ сармураббии даста, Гуус Хиддинк тавсия дода буд. Футболбози рус акнун бо даста ба муддати чор сол шартномаро ба имзо расонид.
    Нашрияи бритонии “Миррор” дањ далелњоро дар бораи Юрий Жирков навиштааст, ки барои мухлисони дастаи «Челси» хеле аљиб аст. Дар поён инњоро меорем ва фикр мекунем, ки барои мухлисони футболи тољик низ ин маълумотњо хеле аљиб мебошад.

    1. Юрий Валентинович Жирков дар Тамбов, ки 430 мил (1 мил баробар ба 1609,344 метр) аз тарафи љанубу шарќии Маскав санаи 20 августи соли 1983 таваллуд шудааст. Падари ў коргари тањљояи завод буд ва модараш хаткашон. Оила иборат аз шаш фарзанд дар хонаи якњуљрагї зиндагї менамуданд ва Юрий то поси шаб дар кўчањо њамроњи дигар кўдакон аз пушти як тўб кашола буд.

    2. Дар солњои кўдакиаш Юраро аз њисоби каммањорат буданаш ба як мусобиќаи наврасона роњ надоданд. Сенздањсола кўдак ўро зада аз мусобиќоти кўдакона пеш намуда буд ва ў бо гиря роњи хонаро пеш гирифт. Баъдан Жирков орзуи касби танкистиро мекард ва мехост, ки мисли дигар шермардони миллат танкист гардад.

    3. Дар соли 2001-ум Юрий њайати дастаи «Спартак»-и Тамбовро пурра сохта буд ва дар 74 дидор 26 голро ба самар расонидааст. Инчунин барои ёрї расонидан ба оила Жирков дар як мусобиќаи колхозї баромад менамуд, ки барои ѓолиб мањсулотњои хољагии ќишлоќ тўњфа дода мешуд.

    4. ЦСКА ситораи ояндаро соли 2004-ум, баъд аз оне, ки ин бачањаки кўчакро мураббињои дастањои «Спартак», «Локомотив», ва «Арсенал»-и Киев «брак» таин намуданд, ба даста овард. Аввалин маоши Жирковро умуман дар футбол тасаввур кардан номумкин буд, чунки маоши ў танњо ба як моњвора мерасид. Вале Жирков ба ин њам розї буд ва аз фурсати муносиб истифода бурда, ин антеннаро мехарад. Баъд аз он Жирков бемалол метавонист бозињои лигаи аврупоиро тамошо кунад.

    5. Жирков њамлагари канории хуб буд ва зарбањои олиљаноб дошт. Алалхусус бо пои чапи худ хеле зарбањои сахти нишонрасро ба сўи дарвоза равон мекард. Суръати тез ва дриблинги хуб дорад. Инчунин дар мавќеи муњофизї низ хуб баромад менамояд. Юрий бозии бењтарини худро дар дидорњои ѓолибиятии ЦСКА дар Љоми УЕФА – 2004/2005 гузаронидааст. Умуман дар њайати њарбиён Жирков 215 дидор гузаронида 24 голро ба самар расонидааст.

    6. Голи ў ба дарвозаи “Гамбург” (2:3) дар Лигаи чемпионњои мавсими 2005-2006, ки аз маркази майдон чанд нафарро фиреб дода зада буд, яке аз бењтарин гол дар таърихи мусобиќот шинохта шудааст.

    7. Дар љамъбасти соли 2008-ум, ки нашриёти “Спорт-экспресс” пурсишнома гузаронида буд, Жирков бењтарин футболбози Премер-лига таин гардид.

    8. Жирков ду маротиба ѓолиби чемпионати Русия, се маротиба дорандаи Љоми Русия ва як маротиба Љоми УЕФА гардидааст. Дар моњи январ Жирков бо дастаи ЦСКА шартномаи навро ба имзо расонида буд, ки њамроњи додараш Николай то 2011-ум сол бояд баромад менамуд.

    9. Дар моњи феврали соли 2008-ум Жирков оиладор шуд. Њамсари ин футболбоз Инна ном дорад. Онњо њоло якљоя ба тарбия намудани фарзандашон Дмитрий банд њастанд, ки моњи сентябри соли гузашта чашм ба олами њастї кушода буд. Жирков дар он њолат чунон банд буд, ки ба зани њомиладораш назар намояд. Чунки ў барои тайёрї ба бозињои Љоми Аврупо дар Туркия банд буд.

    10. Аз замоне, ки дар њайати асосии тими миллии Русия баромад менамояд, 31 дидор гузаронида то њол шањди голро начашидааст. Аввалин дидорашро Жирков 9 феврали соли 2005 гузаронида буд.

    ГУФТАНИЊОИ ШАХСОНИ ОЛАМИ ФУТБОЛ ДАР БОРАИ ЖИРКОВ:

    МУЊОФИЗИ ЦСКА ДЕЙВИДАС ШЕМБЕРАС:
    «Маро њоли њозир ду эњсосот фаро гирифтааст. Аз тарафи аввал ба мо хеле душвор аст, ки чунин як футболбози бомањоратро аз даст додем ва аз тарафи дуюм ман аз интихоби Юра хурсанд њастам. Ба чунин даста ба монанди «Челси» њар гуна футболбоз шомил намегардад ва Жирков интихоби дуруст кардааст, ки ба ин дастаи лондонињо гузашт. Хеле вазнин аст, њоло барои дастаи ЦСКА ба љои чунин як футболбоз дигарашро овардан. Оё њарбиён ба мисли Жирков бозингарро меёфта бошанд ё не?»

    МУРАББИИ ФУТБОЛ АНАТОЛИЙ БИШОВЕТС:
    “Ман фикр мекунам, ки гузаштани Жирков ба «Челси» пештар бояд рух медод. Жирков ба ин арзанда аст. Дараљаи бозии ў дар се соли охир олидараља шуда буд. Дастаи ЦСКА бе мењнати ин футболбоз ягон љоизаро соњиб намегардид. Ман њоло ўро яке аз ситорањои футболи Англия тасаввур карда истодаам. Жирков њама чизро доро аст. Њам тактикаи хуб ва њам суръати баланд. Анчелотти аз ин футболбоз фоида ба даст меорад. Рафтани ў ба бозии ЦСКА низ таъсири худро мерасонад. Вале, бозии ў дар чемпионати бењтарини љањон аз он шањодат медињад, ки тими миллии мо њам хеле боќувват шуда истодааст. Жирков ба пеш! ”

    СОБИЌ ФУТБОЛБОЗИ ДАСТАИ «ЧЕЛСИ» АЛЕКСЕЙ СМЕРТИН:
    “Ман ба Жирков чї маслињат дода метавонам? Аз худ нарав. Бозї кардан дар дастаи «Челси» – бозї кардан дар ЦСКА ва тими миллии Русия нест. Вале, берун аз майдон худро эњтиёт кун, мухлисонатро эњтиросм намо ва оддї бош. Ба ин англисњо бањо хоњанд дод.
    Дар “Челси” Жирковро раќобати њайатии сахт интизор аст. Дар он љо ман баъд аз бозии хуби худ, ба худ боварї надоштам, ки дар даври оянда ба майдон меоям. Аллакай љоямро дигарон мегирифтанд. Чунки дар он љо њама футболбозон бомањоратанд. Барои њамин њар рўз нишон додан даркор аст, ки ту дар ављи хуби футболбозї њастї. Инчунин дар он љо футболбозони ивазнашаванда низ њаст. Инњо Терри ва Лемпарданд. Вале, онњо дар тамрин худро инќадар азоб намедињанд. Њаргиз ба онњо таќлид накун. Чунки онњо футболбозони сатњи байнапмилалї њастанд. Љо Коул – камтар бачаи суст аст. Инро аз хулќу рафтори ў дидан мумкин аст. Дрогба њам худро њарваќт хуб нишон намедињад”.

    ФОРВАРДИ «ДИНАМО» АЛЕКСАНДР КЕРЖАКОВ:
    «Фикр мекунам, ки Жирков ба мисли Аршавин ба ќуллањои баланд мебарояд. Вале, барои Юра камтар мушкил аст. Ваќте ки Аршавин ба дастаи «Арсенал» рафта буд, ў аллакай лидер таин гардида буд. Ба гуфтаи мухлисони тими «Зенит» Аршавин дар Петербруг «шоњ» буд. Жирков ба коллективе рафт, ки дар он љо њама ситорањо љамъ омадаанд. Ба њайати асосї шомил гардидан Жирков бояд раќобати сахтро нишон дињад. Агар ду-се сол пеш Жирков ба дастаи англисњо мерафт, камтар осон буд, чунки дар он љо Малуда набуд. Акнун њоло ин фаронсавї дар ќуллаи баланди њунарнамоиаш мебошад. Вале ман фикр мекунам, ки Жирков аз Малуда мањорати зиёд дорад ва ба њайати асосї шомил мешавад. Мо бо Жирков дар тими мунтахаб дар бораи хориља гап назада будем. Вале, ман мефањмам, ки ин футболбоз интихоби дуруст кардааст»

    НИМЊИМОЯТГАРИ ЦСКА МИЛОШ КРАСИЧ:
    «Ман фикр мекунам, ки Жирков бењтарин футболбози Русия ба њисоб меравад. Ў ин мањорати волои худ дар чемпионати Аврупои соли гузашта, ки дар давлатњо Швейсарияву Австрия шуда гузашта буд, нишон дод.Дар дараљаи даставї ў аз ин њам хубтар баромад менамуд. Ман аз он хавотир нестам, ки «Челси футболбози наонќадар хубро харид. «Челсир ба худ бозингари арзандаро дарёфт намуд ва ба њайати дастааш шомил сохт»

    ЊАМЛАГАРИ «ТОТТЕНХЭМ» РОМАН ПАВЛЮЧЕНКО:
    «Ман хеле хурсандам, ки Юрий ба «Челси» омад.Ин хел шонс метавонад дар њаёт як маротиба имкон дињад, барои њамин ба ин шонси худ бетараф шудан лозим несту интихоб кардан мебояд. Жирков – футболбози њаќиќаи профессионалї њаст. У метавонад, яке аз лидерони дастаи «Аристократњо» гардад. Ягона проблемаиЮра ин забон аст.Вале, ман фикр мекунам, ки инро Юра паси сар менамояд».

  5. 11 БЕЊТАРИН ФУТБОЛБОЗОНИ «БАРСЕЛОНА»

    Баъд аз оне, ки дастаи «Барселона» соњиби унвони бењтарин тими Аврупо, яъне соњиби Љоми лигаи чемпионњо гардид, сомонаи Sports.ru тасмим гирифтаст, ки бењтарин футболбозони дастаро, ки дар солњои гуногун баромад намудаанд, нашр намояд.

    АНТОНИО РАМАЛЕТС
    Солњо: 1946-1961
    Натиљаи дидор: 473
    Рекордгузори мутлаќи Испания доир ба даст овардани љоизаи «Замора Трофео» аст. Барои бењтарин дарвозабон шуданаш ин љоизаро 5 маротиба ба даст овардааст. Дар соли 1956 ў дар њамаи бозињои чемпионат иштирок намуда, ба њисоби миёна 0,82 голро аз дарвозаи сар дод, ки ин њам нишондоди бењтарин аст ва се сол пас боз њамин натиљаро такрор намуд. Рамалетсро бењтарин дарвозабон дар таърихи даста меноманд. Хосияти љањиши хуб ва париданњои зебо дошт ва барои њамин ба ў тахаллуси бразилии «Гурбаи Маракано» ном нињода буданд. Футболбози њайати асосии даста дар солњои аввали 50-ум се маротиба соњиби Љоми Испания ва ду маротиба пайињам соњиби семпиони Испания гардидааст.
    Алтернатива: Андони Субисаррета

    РАМОН АЛЕСАНКО
    Солњо: 1980-1993
    Натиљаи дидор: 499
    Голњо: 26
    Аз њама гаронтарин муњофизатгар дар њамон замона, дар тамоми таърихи Испания, ки ба арзиши 100 миллион песет аз «Атлетико» ба «Барселона» гузаштааст. Шашумин футболбоз дар даста, аз љињати бозї кардан дар тим аст. Алесанко умуман бо даста 17 љоизаро соњиб гардидааст. Дар соли 1992 ў њамчун капитан аввалин љоизаи лигаи чемпионњоро ба даст овард. Ин дар варзишгоњи «Уэмбли» буд.
    Алтернатива: Алберт Феррер

    РОНАЛД КУМАН
    Солњо: 1989-1995
    Натиљаи дидор: 345
    Голњо: 102
    Дар ягон даста Роналд Куман ба мисле, ки дар «Барселона» баромад менамуд, њунарнамої карда натавонист. Аќаллан ба ѓайр аз «Барса» ўро ба ягон даста њамчун бозингари њайати асосї намегирифтанд. Ў дар ин даста аз соли 1989 то соли 1995 345 дидор гузаронида, 102 маротиба тўри дарвозаи њарифро сўрох кардааст. Ў ба њисоби миёна 10 гол дар як мавсим задааст.
    Алтернатива: Карлес Пуйол

    МИГЕЛИ
    Солњо: 1973-1989
    Натиљаи дидор: 664
    Голњо: 27
    Ин футболбоз аз њама зиёд дар таърихи даста дидор гузаронидааст. Ба ин бозињои ў чемпионат, љом, лигаи чемпионњо ва њатто бозињои дўстона њам љамъ шудааст. Мигели дар таърихи «Барса» инчунин бозингари њамакора низ ном баровардааст. Гоње ўро ба маркази муњофизат мемонданду гоње ба канорњо ва ваќташ шудаст, ки ў њамчун нимњимоятгар шуда њунарнамої кардааст. Тарзи услуби бозии ў ба капитани њозираи каталонињо Карлос Пуйол монандии сахт дорад. Тахаллуси ў дар даста Тарзан буд.
    Алтернатива: Серхи Бархуан

    ХОСЕП ГВАРДИОЛА
    Солњо: 1990-2001
    Натиљаи дидор: 472
    Голњо: 10
    Сармураббии њозираи даста чун футболбоз 11 сол дар «Барселона» баромад намудаасту дар 472 дидор 10 голро ба самар расонидааст. Аввалин маротиба ин футболбоз-мураббї њамчун хавбеки канорї шуда бозї мекард. Ў бо бозии сахт ва партовтњои зебояш дили њазорон-њазор мухлисро ба худ љалб кардааст. Аввалин маротиба дар синни 22 солагиаш соњиби унвони капитани гардидааст ва дар даста яке аз бењтаринњо шинохта мешуд. Гвардиола баъд аз анљоми карераи футболии худ- абарќудраттарин футболбоз дар таърихи «Барселона» муаррифї шудааст.
    Алтернатива: Хосе-Мария Бакеро

    ХАВИ
    Солњо: 1998-…
    Натиљаи дидор: 533
    Голњо: 48
    Капитани дуюми њайати њозираи дастаи «Барса», ки ба ќарибї дар њисоби бозї дар даста ба љои дуюм баромад, карераи худро дар даста аз соли 1998 оѓоз намудааст. Акнун барои ў лозим меояд, ки ду-се мавсими дигар дар даста баромад намуда, рекорди гузоштаи Мигелиро паси сар намояд. Инчунин ў аввалин футболбози даста аст, ки дар љомњои аврупої ба нишондоди 100 ноил гардидааст.Ин футболбоз дар мавсими гузашта бењтарин ассистент муаррифї гардид. 16 партофтњои ўро њамдастагонаш бо гол арљом додаанд. Соли 2008 дар чемпионати Аврупо Хави бењтарин бозингари мусобиќот дониста шуд ва ба њайати дастањои мунтахаби «Аврупо-2008» дохил гардид.
    Алтернатива: Микаэл Лаудруп

    ХРИСТО СТОИЧКОВ
    Солњо: 1990-1995
    Натиљаи дидор: 336
    Голњо: 162
    Яке аз «чиркинтарин» бозингарони таърихии даста ин Христо Стоичкови булѓорї мебошад. Панљ соли њунарнамоии худ дар даста 10 корти сурхро дар пеши рўи худ дидааст. Инчунин ў дар аввалин мавсими худ бењтарин нишонзани даста гардидааст. Дар дуюмин мавсим ў соњиби лигаи чемпионњои Аврупо гардид ва дар мавсими оянда голи чемпиониро ба дарвозаи «Реал Соседад» дар охирин даври чемпионат, ворид сохтааст. Муаллифи 100 гол дар мусобиќоти аврупої мебошад, инчунин рекордгузор аз њисоби дубл шудан дар лигаи чемпионњо – 4 маротиба. Дар соли 1994-ум Стоичковро њамчун футболбози Аврупо эълон карда ба ў љоизаи «Тўби тиллої»-ро супориданд.
    Алтернатива: Луис Суарес

    РОНАЛДИНО
    Солњо: 2003-2008
    Натиљаи дидор: 250
    Голњо: 110
    Дорандаи «Тўби тиллої» дар соли 2005, бењтарин бозингари лигаи чемпионњо соли 2005-ум ва бењтарин бозингари хориљї дар чемпионати Испания ин Роналдинио аз давлати Бразилия мебошад. Аз њама бозингари намоёни даста дар асри ХХI. Ў инчунин дар майдони футбол бо финтњои худ ва бо шоуи аљоибаш дили мухлисонро ба худ моил кардааст. Аввалин тўби худро ин «шоњи финт» аз 40 метр ба дарвозаи «Севилия» ворид сохтааст ва охиринашро бо усули ќайчї ба дарвозаи «Атлетико». Бозингари бењтарини Франк Райкард арзёбї шудааст. Ў мавсими гузашта бо дастаи «Милан» шартнома баста, то њил дар он даста баромад карда истодааст.
    Алтернатива: Ривалдо

    ЙОХАН КРУИФФ
    Солњо: 1973-1978
    Натиљаи дидор: 227
    Голњо: 83
    Яке аз ташкилкунандагони бењтарин бозии классико (бар зидди «Реал») дар 14 соли охир (5:0 ба фоидаи «Барса» дар мавсими 1973-74). Дар бозии дебютии худ дар њайтаи дастаи каталонињо дубл шудааст ва дар охири мавсим дар њисоби ў 24 гол навишта шуд.Инчунин дар ин мавсим бори сеюм љоизаи «Тўби тиллої»-ро соњибї намудааст. Дар њамон сол бењтарин голи дастаро дар тамоми таърихи вуљуд доштааш ба самар расонидааст. Ин голро ў ба дарвозаи «Атлетико» ворид сохта буд. Баъд аз дањ соли анљоми карерааш дар даста боз ба тим баргашт. Вале њамчун сармураббї.
    Алтернатива: Паулино Алкантара

    ЛАДИСЛАО КУБАЛА
    Солњо: 1950-1961
    Натиљаи дидор: 345
    Голњо: 274
    Дар соли 2000 бењтарин бозингар дар таърихи даста шинохта шуд. Баъд аз ду сол ба ќабристони «Лес Кортс» – љои пешинаи варзишгоњи «Барселона» гўронида шуд. Дар рўзи дафнии ин футболбози машњур 19 000 000 мухлисонаш ба варзишгоњи «Кампп Ноу» љамъ омада буданд. Ин венгр (зодаи давлати Венгрия) се соли аввал њамчун њуљумкунанда баромад намуда буд ва баъдан ба маркази майдон омада наќши ниммуњофизатчиро мебозид. Инчунин голњои ў аз зарбањои љаримавї дар хотири мухлисони «Барса» то дергоњ боќї хоњад монд. Ба њисоби миёна дар як мавсим 24 гол ба дарвозањои њариф ворид сохтааст. Кубала – инчунин ягона футболбоз ва рекордгузор аст, ки дар як бозї њафт голро ба дарвозаи «Спортинг»-и Хихон ворид сохтааст.
    Алтернатива: Сесар Родригес

    ЛИОНЕЛ МЕССИ
    Солњо: 2004-…
    Натиљаи дидор: 159
    Голњо: 79
    Дар соли 2005-ум њамчун љавонтарин футболбози дастаи «Барселона» ба майдон омад. Дар соли 2007 дар бозии классико хет-трик гардида буд («Реал» – «Барса» 3:3). Ин дастовардро дар тўли 12 соли охир ягон кас ба даст оварда натавониста буд. Инчунин дар ин мавсим муаллифи голи 5000-умини каталонињоро дар чемпионати Испания вориди дарвозаи «Расинг» сохт. Бењтарин нишонзани лигаи чемпионњои имсола гардид, инчунин голи дуюмини дастаашро дар бозии нињої ба дарвозаи «Манчестер Юнайтед» ворид сохт (2:0). Бењтарин футболбози љањон дар њоли њозир ба њисоб меравад.
    Алтернатива: Эстанислау Басора.

  6. THE GUARDIAN: ЖИРКОВ БА «ЧЕЛСИ» ГУЗАШТ

    Нимњимоятгари ЦСКА Юрий Жирков рўзи чоршанбе барои шартномаашро бо дастаи «Челси» ба имзо расонидан ба Лондон парвоз намуд.
    Дастаи англисњо барои хуб анљом ёфтани ин трансфер барои бозингари ЦСКА 18 миллион фунти худро сарф намуданд. Овардани Жирковро ба дастаи англисњо собиќ сармураббии даста, Гуус Хиддинк тавсия дода буд. Футболбози рус акнун бо даста ба муддати чор сол шартномаро ба имзо хоњад расонид. Аллакай ин футболбоз метавонад рўзи душанбе дар њайати дастаи «Ашрофзодагон» тамринро оѓоз созад, хабар медињад The Guardian.
    Акнун чи тавре, ки сомонаи хусусии дастаи «Челси» хабар медињад, Юрий Жирков дар даста тањти раќами 18 баромад хоњад кард. Ба гуфтаи сомона дар тим њоло танњо раќамњои 4 ва 18 холї асту халос. Бахт ба рўи Жирков хандид, ки раќами дўстдоштаи худро дар тими дигар интихоб хоњад кард.

    ИНТИХОБИ ШЕВЧЕНКО: ВАТАН Ё МАБЛАЃ?

    Президенти “Динамо” Игор Суркис гуфт, ки даста ба тими «Челси» барои харидани Андрей Шевченко созишномаро оѓоз сохтааст.
    «Ў ба интихоби мо љавобгў аст. Мо аллакай ба онњо дар бораи харидорї намудани Шевченко арз намудаем. Акнун љавобашро интизорем. Њоло гуфта наметавонем, ки Шевченко ба Киев бармегардад. Њамааш аз роњбарияти тими Лондонињо вобаста аст. Мумкин роњбарият ин даъвати моро рад намояд. Аз ин даъвати ман Валерий Георгиевич низ ќаноатманд аст»
    Хотиррасон менамоем, ки дар сафи дастањои «Динамо»-и Киев, «Рома»-и Рим ва якчанд тимњои Фаронса Шевченкоро дастаи «Ал-Гараф»-и Ќатар њам дар њайати худ дидан мехоњад. Тими ќатарињо розї њастанд, ки ба ин футболбози украин дар як њафта 129 њазор евро маош људо намоянд.
    Њоло муаммо аст ки Шевченко ватанро ва ё ин, ки сарватро ќабул мекарда бошад. Дастаи «Рома» њам љиддї ба футболбоз харидор аст.

    ПАВЛЮЧЕНКО ВА БЕНАЮН БА ЯК ДАСТА МЕРАВАНД?

    Роман Павлюченкоро, ки дастаи «Тоттенхэм» ўро ба фурўш мондааст, тими «Бешикташ» мехоњад харидорї намояд, хабар медињад Daily Mail.
    Чи тавре ки дар газета нашр шудааст, барои пурра намудани њайати даста ба бозињои Лигаи Чемпионњо, тим натанњо форварди 27-солаи русро, балки њамлагари фаронсавии дастаи «Эвертон» Луи Сааро низ даъват намуда истодааст. Инчунин чемпиони мавсими гузаштаи футболи Туркия ба нимњимоятгари «Ливерпул» Йосси Бенаюн низ чашм ало кардааст. Пеш аз ин Павлюченкоро дастањои «Вилярреала», «Рома» ва «Штутгарт» низ дидан мехостанд. Акнун агар Павлюченко Англияро тарк намояд, ба кадоме аз ин дастањо мерафта бошад. Тавсияи мо ин аст, ки «Рома»-ро интихоб кунад. Чунки серияи А нисбат ба дигар чемпионатњо пурќувваттар аст. Агар Шевченко њам ба Рим равад, дар чунин њолат Роман Павлюченко ва Андрей Шевченко њамдаста хоњанд шуд.

    ЦСКА БА ЉОИ ЖИРКОВ БОЗИНГАР ЁФТ

    Дастаи ЦСКА мехоњад, ки баъд аз рафтани Юрий Жирков ба дастаи «Челси» Рамон Моттаро даъват намояд, хабар медињад ItaSportPress.it.
    Чи тавре, ки дар интернет – портал менависад, Мота њоли њозир њамчун бозингари иљоравии «Интернатсионал» дар њайати дастаи «Васку да Гама» баромад намуда истодааст. Хотиррасон менамоем, ки шартномаи футболбози 21-солаи бразилї ба доастаи «Васку да Гама» охири моњи декабр ба анљом мерасад, вале бо дастаи «Интернасионал» – дар моњи июли соли 2011-ум.

    КУПЕ АЗ «АТЛЕТИКО» БА ПСЖ ГУЗАШТ

    Собиќ дарвозабони дастаи Фаронса Грегори Купе рўзи душанбе аз дастаи «Атлетико»-и Мадрид ба дастаи ПСЖ гузашт.
    Дарвозабони 36-сола шартномаашро бо ПСЖ ба мўњлати ду сол имзо намуд, хабар медињад сомонаи хусусии тим.
    Хотиррасон менамоем, ки Купе дар њайати дастаи «Лион» њафт маротиба унвони чемпионии Фаронсаро ба даст овардааст. Мавсими гузашта, ў њамчун дарвозабони эњтиётии «Атлетико» ќарор дошт ва имсол акнун дар тими пойтахти Фаронса баромад хоњад кард.

    «СПАРТАК» БОЗИНГАРИ УРУГВАЙЇ МЕХАРАД

    «Спартак» ба харидории нимњимоятгари њуљумкунандаи тими «Хетафе» Хуан Албина завќ дорад.
    Ба ин футболбоз инчунин дастањои «Атлетико», «Вилярреал» , «Спортинг»-и Лиссабон ва «Олимпиакос»-и Юнон бо чашми харидорї нигоњ мекунанд, хабар медињад ItaSportPress.it. Чи тавре ки Интернет-портал менависад агенти ин футболбози 22-солаи уругвайї, собиќ бозингари «Наполи» Даниэл Фонсека бо ин дастањои шавќманд гуфтушунидро оѓоз хоњад кард.

    «ЗЕНИТ» ГУИСАРО ХАРИДА МЕТАВОНАД?

    «Зенит» њайати худро бо њамлагари «Торино» Роландо Бянки пур карда натавонист.
    Питерињо барои футболбози 26-сола ва собиќ бозингари тими љавонони Италия, розї буданд, ки 3 миллион евро маоши солона таин намоянд. Вале аз љониби бозингар ин даъват инкор карда шуд. Инчунин дастаи «Зенит» ба форварди «Фенербахче» Даниэл Гуиса розї њаст, ки 15 миллион евро ва боз Фотењ Теккеро ќурбон кунад. Лекин, љониби туркињоро ин маблаѓ ќонеъ карда натавонист. .

    «ЛОКОМОТИВ» ЊАЙАТАШРО ПУРРА МЕСОЗАД

    Дастаи «Локомотив» барои харидории форварди «Спорта Ресифе» Чиро Силва, тимњои «Фиорентина», «Бенфика» ва «Спортинг»-и Лиссабонро паси сар намуд, менависад ItaSportPress.it.
    Акнун тими «роњиоњанчиён» дар бораи харидории ин футболбози тими љавонони Бразилия аз 1 июл бањсу гуфтушунидњоро оѓоз хоњад кард.

    ПАВЕЛ ПОГРЕБНЯК: РУСИЯ ВА Ё ОЛМОН

    Павел Погребняк, њамлагари «Зенит» мехоњад њайтаи дастаи «Рубин»-ро пурра созад.
    Чї тавре ки газетаи «Твой ДЕНЬ» хабар дод, дастаи ќазонињо розї њастанд, ки ба Павел маоши солонаи 4 миллион евро таин созад. Ин њам дар њолест, ки ба футболбози рус тими «Бавария» 3 миллион еврои солона маош муайян сохта буд. Акнун барои ин футболбоз лозим аст, ки «Бавария» ва ё «Рубин»-ро интихоб намояд.

    КАКА РАЌАМИ 8-РО ИНТИХОБ КАРД

    Нимњимоятгари дастаи «Реал» Кака тањти раќами 8 баромад хоњад кард.
    Пеш аз Кака бо ин раќам нимњимоятгари аргентинии даста Фернандо Гаго баромад дошт. Акнун Гаго тањти раќами 5 баромад мекунад, хабар медињад сомонаи хусусии тим.
    Даста рўзи чоршанбе бозингари нави худро дар варзишгоњи «Сантьяго Бернабеу» ба намоиш гузошт. Ба ин чорабинї зиёда аз 40 000 мухлис љамъ омада буданд.

  7. ЛЕО МЕССИ: «МО ЯКЕ АЗ БЕЊТАРИНЊО ЊАСТЕМ»

    Баъд аз мавсими хотирмон Лео дар зодгоњи худ дар шањри Росариои Аргентина истироњат карда истодааст.
    Соли 2009-ум ба њаёти Мессии љавон як ќатор навгонињоро ворид сохт. Ин њам бошад ѓолиб шудан дар Љоми Испания, Чемпионати Испания ва Лигаи чемпионњо. Инчунин ў бењтарин нишонзани лигаи чемпионњо таин гардид ва яке аз довталаби асосии «Тўби тиллої» дар соли љорї мебошад.
    Месси дар зодгоњаш, ки 22 сол муќаддам, 24-уми июн таваллуд ёфт, зодрўзи навбатии худро љашн гирифт.

    – Дар рўзи зодрўзатон чї орзуи варзишї намудед?
    – Ман ду орзу намудам. Мехоњам, ки боз соли оянда бо љоизањои дастаи «Барселона» мухлисони худро хурсанд созам ва инчунин дар соли оянда мехоњам дар њайати тими Аргентина чемпиони љањон гардам.
    – Шумо тасаввур карда метавонед, ки дар рўзи љашнгирии 23-юмин зодрўзи худ њамчун дорандаи «Тўби тиллої» ва бењтарин футболбози «Барселона» таин мегардед?
    – Ман инро тасаввур карда метавонам. Вале муњим ин аст, ки ќисми асосии даста бошам. Боз мекўшам, ки мисли имсола хуб баромад намуда, чунин љоизањои зиёдро сазовор гардем.
    – Шумо њоло дар бораи чї фикр карда истодаед, 10 сол пеш Шумо орзуи тани сињатро доштед?
    – Рости гапро гўям, дар ин бора фикр накарда будам, ки имрўз чунин мешавам.
    – Истироњатро дар миёни ањли оила ва наздикон гузаронида истода, Шумо аз нав ќувваро барои оѓози мавсими нав љамъ намуда истодаед?
    – Њама ваќт агар ман фурсате ёбам, њатман бо ањли оила мегузаронам. Вале ин ба банда хеле кам рўй медињад. Онњо маро дастгирї менамоянд ва дар бурду бохту рўзи сахту хурсандии ман шарик њастанд. Дар сатњи оилавї ман сад дар сад барои мавсими нав тайёр мешавам.
    – Шумо дар бораи хариди Криштиану Роналду, ки арзишаш ба 94 миллион мерасад, чї гуфта метавонед.
    – Њељ чиз, яке хариду дигаре фурўхт. Ман ба ин њељ дахлдор намешавам, ман танњо хостгори футбол њастам ва дар майдони бозии худро идома медињам.
    – Ба ин хабари хуш Шумо чї гуна менигаред?
    – Хуб аст. Чунин нархро дар олами футбол нашунида будам. Вале чї тавре, ки дар боло ќайд намудам, ин кори ман нест.
    – Ин маблаѓ ба фоидаи кист?
    – Ќисми асосии ин маблаѓро даста мегирад, на футболбоз.
    – Акнун ба назари Шумо ки бењтар аст – «Барса», љоизадори се мусобиќот ё ин ки, «Реал»-и Флорентино?
    – Мебинем. Мумкин дар Мадрид ин футболбозони нав ба монанди Какаю Роналду мањорати хуб нишон дињанд, вале мо њамон њастем. Њамон «Барса»-е, ки ин мавсим тамоми љањониёнро ба ваљд овардем.
    – Кї бењтар, Кака ё Иниеста?
    – Онњо футболбозони гуногунанд ва онњо мањорати худро доранд. Андрес – ситораест бо усули худ ва Кака – низ бо усули ба худ хос.

    – Шумо мехоњед ки мавсими оянда бо Маскерано дар як даста баромад намоед?
    – Албатта, ки намехоњад бо чунин футболбози бузург, ба мисли Хавиер Маскерано дар як даста баромад нанамояд. Мехостам, ки ў ба дастаи мо ояд.
    – Шумо аз он хавотир нестед, ки «Барса» то њоло ягон бозингари навро харидорї нанамудааст?
    – Не, умуман не. Дар дастаи мо бозингароне њастанд, ки дорандаи якбора се љоизаи асосии мавсим шуданд, магар ин кам аст? Ин чунин маъно дорад, ки мо яке аз бењтаринњо њастем.

    Маълумот
    Номи пурра: Лионел Андрес Месси
    Тахаллус: Кайк, Лео
    Зодрўз: 24 июни 1987
    Зодгоњ: Росарио, Аргентина
    Шањрванди Аргентина
    Ќад: 169 см
    Вазн 67 кг
    Мавќеъ: нимњимоятгари кунљї
    Даста: Барселона
    Раќам: 10

    ГОНСАЛО ИГУАИН: ” МАН ХУДРО АЛЛАКАЙ ДАР МУНДИАЛ МЕБИНАМ ”

    Ваќте ки Гонсало Игуаин ба “Реал” омад аксари мутахассон умед надоштанд, ки ин футболбози аргентинї дар њайати асосї мавќеъи худро ишѓол мекунад. Вале њамин тавр шуд ва имрўз «Реал»-ро бидуни Игуаин тасаввур кардан мушкил аст. Њоло ба таваљљўњи Шумо фишурдаи мусоњибаро бо ин футболобози номї пешкаш менамоем.

    – Шумо ваќте, ки ба Мадрид омадед, хеле љавон будед ва бисёрињо Шуморо умуман намешинохтанд…
    – Ња, ваќте, ки ба Мадрид омадам ба дўстдорони даста тамоман ношинос будам. Ман дар он ваќт њамагї 19 сол доштам ва ин даъват ба камина хуш омад. Ман кўшиш намудам исбот намоям, ки ба њайати «шоњона»-њо афтиданам ѓайриоддї нест. Аз натиљаи худам хеле хурсандам ва аз интихоби худ низ. Дар ин љо ман се маротиба чемпиони Испания гардидам, вале имсол чемпионшавии мо ѓайриимкон буд… Ман дар якчанд њолатњо афтида будам, гоње мешуд хуб баромад мекардам ва гоње мешуд наонќадар. Фикр мекунам, ки мавсими оянда боз њам вазнинтар хоњад шуд.
    – Ваќте ки ба «Реал» омада будед, тамоман мањорат надоштед, вале баъдан … Шумо њамаи нозукињои бозии футболро омўхтаед?
    – Ман бозингари асосии даста шудан мехостам ва барои њамин ин бозиро хеле хуб омўхтам. Албатта, њоло њам дар бозии ман камбудињо дида мешавад ва ин камбудињоро ман бартараф намуда истодаам. Дар ин мавсим бозии саддумини худро дар њайати «Реал» гузаронидам ва ба якумин ќуллаи орзукардаи худ расидам. Акнун њарчи бештар бозї карданро хоњонам.
    – Сабаби бисёр голзании Шумо дар чист? Шумо инро чї гуна бањо медињед?
    – Ваќте ки њолати голзаниро аз даст медињам, хеле рўњафтода мешавам, медонам, ки задани гол ин вазифаи њамлагар аст. Асабонї мешавам, ваќте ки чунин њолатњоро аз даст медињам, охир ман метавонам дастаро ба ѓолибият сазовор гардонам. Ман баъд аз голи чемпионии худ дар мавсими гузашта (мавсими 2007-08) таѓйир ёфтаам ё не? Ман намегўям, ки танњо голи ман ба даста унвони чемпиониро овард. Лекин хоњиш дорам, ки њарчи зиёдтар гол занам. Ман инро пеш аз омаданам ба даста орзу мекардам. Пеш аз даромадан ба майдон ба худ ќавл медињам, ки то худам «бас аст» нагуфтан, дастамро њељ ваќт боло намебардорам. Банда рўзњои нохушро гузаронидаам ва фикр мекунам, ки инсони њамеша хушбахт дар рўи замин вуљуд надорад.
    – Фанатњо бо Шумо чї гуна муносибат доранд?
    – Мардум маро ба њолам намегузоранд, вале дар Мадрид њама маро њурмату эњтиром мекунанд. Агар ту бо онњо аксбардорї намої, хеле хурсанд мешаванд ва агар нахоњї онњо туро мефањманд.
    – Дар бораи падаратон чанд сухан мегуфтед?
    – Ба банда омад кардааст. Падарам бо ман зиндагї мекунад, худ футболбоз аст ва аввалин шахсест, ки барои ман маслињатњои муфид медињад. Ў њама ваќт маро њимоя менамояд.
    – Шумо дар бораи Ди Стефано ба ман чї гуфта метавонед?
    – Ман як ваќтњо бо ў вохўрда будам ва ин рўзро ман бењтарин рўзи худ мењисобидам. Ў барои ман дар бораи он солњо, ки футболбози менамуд наќлњо кард. Ди Стефано ба ман гуфт, ки њама корро дар майдон бо аќли худ кор кун, на бо пойњоят. Ин сухани ўро ман то њол дар хотир дорам.
    – Дар бораи символи даста-капитан Раул ягон њарф зада метавонед?
    – Ман аз ў бозї карданро омўхтам.Ба њамаи он нигоњ накарда, ки ў њамаро апллакай ба даст овардааст, ў мекўшад, ки мисли пештара бошад. Ба љои ў аллакай роњбарияти даста бозингар кофта истодаанд ва фикр мекунам, ки ба мисли Раул дар «Реал» ягон кас шарафёб намешавад. Гуфтаниам, ки ў якто аст ва љои ўро ягон кас гирифта наметавонад.
    – Аз ин гапњоятон маълум аст, ки алоќаи Шумо бо ў дар майдон хеле хуб аст.
    – Ња, Ња, бо Руло…
    – Руло?
    – Ња, мо ўро чунин ном мебарем «Руло». Ман бо Руло дар майдон муносибати хуб дорам. Байни мо синну сол фарќ мекунад, вале фикрњову корњои мо ќариб ба њам монанданд.
    – Тассуроти Шумо дар бораи бозингарони нави чандинмиллиона ба мисли Кака ва Роналду?
    – Ман ба ин хел корњо умуман кордор нестам, барои њамин гуфтаниам, ки њамаашро роњбарият идора мекунад. Вале, њаминро гуфтаниам, ки ваќте пул њаст дар он љо кор сањл аст. Онњо худ чї кор карданашонро медонанд.
    – Омадани Кака ва Роналду мумкин Шуморо аз чашми мухлисон дур созад …
    – Мумкин. Барои ин ки ин кор нашавад, ба ман лозим аст, ки ин мавсим хуб баромад намоям. Ман чунин аќида дорам, ки ин мавсим хуб баромад менамоям ва шартномаамро бо даста дароз хоњам кард.
    – Валдано гуфтааст, ки Шумо љойи худро дар соли оянда хоњед ёфт. Ин Шуморо ором гузошта метавонад?
    – Бигзор чунин шавад … Ман њаракат мекунам, ки ў аз гуфтааш пушаймон нашавад. Ман то соли 2013 бо даста шартнома дорам ва мехоњам боз баъд аз чунин солњо бозиамро дар даста идома дињам.
    – Дар бораи мураббии нав, Мануэле Пеллегрини чи медонед?
    – Ман дар бораи ў бисёр чизњоро медонам. Ў љентлмени њаќиќї аст, сенор. Ў дўстдори футболи зебо мебошад. Ман фикр мекунам, ки дар Мадрид ўро љоизањо интизор аст. Ваќте, ў дар «Вилярреал» кор мекард, ба ман имконият шуд, ки як бор бо ў аз наздик сўњбат кунам.
    – Шумо дар Љумњурии Африќои Љанубї соли 2010 дар мусобиќаи љањонї иштирок мекунед?
    – Ња ман ба ин боварї дорам. Ман худро аллакай дар Мундиал дида истодаам.

    Маълумот
    Номи пурра Гонсало Херардо Игуаин
    Лаќаб Pipita
    Зодрўз 10 декабри 1987
    Зодгоњ Брест, Фаронса
    Шањрвандї Аргентина
    Ќад 184 см
    Вазн 75 кг
    Мавќеъ њамлагар
    Даста «Реал»-и Мадрид
    Раќам 20

  8. ЛЕО МЕССИ: «МО ЯКЕ АЗ БЕЊТАРИНЊО ЊАСТЕМ»

    Баъд аз мавсими хотирмон Лео дар зодгоњи худ дар шањри Росариои Аргентина истироњат карда истодааст.
    Соли 2009-ум ба њаёти Мессии љавон як ќатор навгонињоро ворид сохт. Ин њам бошад ѓолиб шудан дар Љоми Испания, Чемпионати Испания ва Лигаи чемпионњо. Инчунин ў бењтарин нишонзани лигаи чемпионњо таин гардид ва яке аз довталаби асосии «Тўби тиллої» дар соли љорї мебошад.
    Месси дар зодгоњаш, ки 22 сол муќаддам, 24-уми июн таваллуд ёфт, зодрўзи навбатии худро љашн гирифт.

    – Дар рўзи зодрўзатон чї орзуи варзишї намудед?
    – Ман ду орзу намудам. Мехоњам, ки боз соли оянда бо љоизањои дастаи «Барселона» мухлисони худро хурсанд созам ва инчунин дар соли оянда мехоњам дар њайати тими Аргентина чемпиони љањон гардам.
    – Шумо тасаввур карда метавонед, ки дар рўзи љашнгирии 23-юмин зодрўзи худ њамчун дорандаи «Тўби тиллої» ва бењтарин футболбози «Барселона» таин мегардед?
    – Ман инро тасаввур карда метавонам. Вале муњим ин аст, ки ќисми асосии даста бошам. Боз мекўшам, ки мисли имсола хуб баромад намуда, чунин љоизањои зиёдро сазовор гардем.
    – Шумо њоло дар бораи чї фикр карда истодаед, 10 сол пеш Шумо орзуи тани сињатро доштед?
    – Рости гапро гўям, дар ин бора фикр накарда будам, ки имрўз чунин мешавам.
    – Истироњатро дар миёни ањли оила ва наздикон гузаронида истода, Шумо аз нав ќувваро барои оѓози мавсими нав љамъ намуда истодаед?
    – Њама ваќт агар ман фурсате ёбам, њатман бо ањли оила мегузаронам. Вале ин ба банда хеле кам рўй медињад. Онњо маро дастгирї менамоянд ва дар бурду бохту рўзи сахту хурсандии ман шарик њастанд. Дар сатњи оилавї ман сад дар сад барои мавсими нав тайёр мешавам.
    – Шумо дар бораи хариди Криштиану Роналду, ки арзишаш ба 94 миллион мерасад, чї гуфта метавонед.
    – Њељ чиз, яке хариду дигаре фурўхт. Ман ба ин њељ дахлдор намешавам, ман танњо хостгори футбол њастам ва дар майдони бозии худро идома медињам.
    – Ба ин хабари хуш Шумо чї гуна менигаред?
    – Хуб аст. Чунин нархро дар олами футбол нашунида будам. Вале чї тавре, ки дар боло ќайд намудам, ин кори ман нест.
    – Ин маблаѓ ба фоидаи кист?
    – Ќисми асосии ин маблаѓро даста мегирад, на футболбоз.
    – Акнун ба назари Шумо ки бењтар аст – «Барса», љоизадори се мусобиќот ё ин ки, «Реал»-и Флорентино?
    – Мебинем. Мумкин дар Мадрид ин футболбозони нав ба монанди Какаю Роналду мањорати хуб нишон дињанд, вале мо њамон њастем. Њамон «Барса»-е, ки ин мавсим тамоми љањониёнро ба ваљд овардем.
    – Кї бењтар, Кака ё Иниеста?
    – Онњо футболбозони гуногунанд ва онњо мањорати худро доранд. Андрес – ситораест бо усули худ ва Кака – низ бо усули ба худ хос.

    – Шумо мехоњед ки мавсими оянда бо Маскерано дар як даста баромад намоед?
    – Албатта, ки намехоњад бо чунин футболбози бузург, ба мисли Хавиер Маскерано дар як даста баромад нанамояд. Мехостам, ки ў ба дастаи мо ояд.
    – Шумо аз он хавотир нестед, ки «Барса» то њоло ягон бозингари навро харидорї нанамудааст?
    – Не, умуман не. Дар дастаи мо бозингароне њастанд, ки дорандаи якбора се љоизаи асосии мавсим шуданд, магар ин кам аст? Ин чунин маъно дорад, ки мо яке аз бењтаринњо њастем.

    Маълумот
    Номи пурра: Лионел Андрес Месси
    Тахаллус: Кайк, Лео
    Зодрўз: 24 июни 1987
    Зодгоњ: Росарио, Аргентина
    Шањрванди Аргентина
    Ќад: 169 см
    Вазн 67 кг
    Мавќеъ: нимњимоятгари кунљї
    Даста: Барселона
    Раќам: 10

    ГОНСАЛО ИГУАИН: ” МАН ХУДРО АЛЛАКАЙ ДАР МУНДИАЛ МЕБИНАМ ”

    Ваќте ки Гонсало Игуаин ба “Реал” омад аксари мутахассон умед надоштанд, ки ин футболбози аргентинї дар њайати асосї мавќеъи худро ишѓол мекунад. Вале њамин тавр шуд ва имрўз «Реал»-ро бидуни Игуаин тасаввур кардан мушкил аст. Њоло ба таваљљўњи Шумо фишурдаи мусоњибаро бо ин футболобози номї пешкаш менамоем.

    – Шумо ваќте, ки ба Мадрид омадед, хеле љавон будед ва бисёрињо Шуморо умуман намешинохтанд…
    – Ња, ваќте, ки ба Мадрид омадам ба дўстдорони даста тамоман ношинос будам. Ман дар он ваќт њамагї 19 сол доштам ва ин даъват ба камина хуш омад. Ман кўшиш намудам исбот намоям, ки ба њайати «шоњона»-њо афтиданам ѓайриоддї нест. Аз натиљаи худам хеле хурсандам ва аз интихоби худ низ. Дар ин љо ман се маротиба чемпиони Испания гардидам, вале имсол чемпионшавии мо ѓайриимкон буд… Ман дар якчанд њолатњо афтида будам, гоње мешуд хуб баромад мекардам ва гоње мешуд наонќадар. Фикр мекунам, ки мавсими оянда боз њам вазнинтар хоњад шуд.
    – Ваќте ки ба «Реал» омада будед, тамоман мањорат надоштед, вале баъдан … Шумо њамаи нозукињои бозии футболро омўхтаед?
    – Ман бозингари асосии даста шудан мехостам ва барои њамин ин бозиро хеле хуб омўхтам. Албатта, њоло њам дар бозии ман камбудињо дида мешавад ва ин камбудињоро ман бартараф намуда истодаам. Дар ин мавсим бозии саддумини худро дар њайати «Реал» гузаронидам ва ба якумин ќуллаи орзукардаи худ расидам. Акнун њарчи бештар бозї карданро хоњонам.
    – Сабаби бисёр голзании Шумо дар чист? Шумо инро чї гуна бањо медињед?
    – Ваќте ки њолати голзаниро аз даст медињам, хеле рўњафтода мешавам, медонам, ки задани гол ин вазифаи њамлагар аст. Асабонї мешавам, ваќте ки чунин њолатњоро аз даст медињам, охир ман метавонам дастаро ба ѓолибият сазовор гардонам. Ман баъд аз голи чемпионии худ дар мавсими гузашта (мавсими 2007-08) таѓйир ёфтаам ё не? Ман намегўям, ки танњо голи ман ба даста унвони чемпиониро овард. Лекин хоњиш дорам, ки њарчи зиёдтар гол занам. Ман инро пеш аз омаданам ба даста орзу мекардам. Пеш аз даромадан ба майдон ба худ ќавл медињам, ки то худам «бас аст» нагуфтан, дастамро њељ ваќт боло намебардорам. Банда рўзњои нохушро гузаронидаам ва фикр мекунам, ки инсони њамеша хушбахт дар рўи замин вуљуд надорад.
    – Фанатњо бо Шумо чї гуна муносибат доранд?
    – Мардум маро ба њолам намегузоранд, вале дар Мадрид њама маро њурмату эњтиром мекунанд. Агар ту бо онњо аксбардорї намої, хеле хурсанд мешаванд ва агар нахоњї онњо туро мефањманд.
    – Дар бораи падаратон чанд сухан мегуфтед?
    – Ба банда омад кардааст. Падарам бо ман зиндагї мекунад, худ футболбоз аст ва аввалин шахсест, ки барои ман маслињатњои муфид медињад. Ў њама ваќт маро њимоя менамояд.
    – Шумо дар бораи Ди Стефано ба ман чї гуфта метавонед?
    – Ман як ваќтњо бо ў вохўрда будам ва ин рўзро ман бењтарин рўзи худ мењисобидам. Ў барои ман дар бораи он солњо, ки футболбози менамуд наќлњо кард. Ди Стефано ба ман гуфт, ки њама корро дар майдон бо аќли худ кор кун, на бо пойњоят. Ин сухани ўро ман то њол дар хотир дорам.
    – Дар бораи символи даста-капитан Раул ягон њарф зада метавонед?
    – Ман аз ў бозї карданро омўхтам.Ба њамаи он нигоњ накарда, ки ў њамаро апллакай ба даст овардааст, ў мекўшад, ки мисли пештара бошад. Ба љои ў аллакай роњбарияти даста бозингар кофта истодаанд ва фикр мекунам, ки ба мисли Раул дар «Реал» ягон кас шарафёб намешавад. Гуфтаниам, ки ў якто аст ва љои ўро ягон кас гирифта наметавонад.
    – Аз ин гапњоятон маълум аст, ки алоќаи Шумо бо ў дар майдон хеле хуб аст.
    – Ња, Ња, бо Руло…
    – Руло?
    – Ња, мо ўро чунин ном мебарем «Руло». Ман бо Руло дар майдон муносибати хуб дорам. Байни мо синну сол фарќ мекунад, вале фикрњову корњои мо ќариб ба њам монанданд.
    – Тассуроти Шумо дар бораи бозингарони нави чандинмиллиона ба мисли Кака ва Роналду?
    – Ман ба ин хел корњо умуман кордор нестам, барои њамин гуфтаниам, ки њамаашро роњбарият идора мекунад. Вале, њаминро гуфтаниам, ки ваќте пул њаст дар он љо кор сањл аст. Онњо худ чї кор карданашонро медонанд.
    – Омадани Кака ва Роналду мумкин Шуморо аз чашми мухлисон дур созад …
    – Мумкин. Барои ин ки ин кор нашавад, ба ман лозим аст, ки ин мавсим хуб баромад намоям. Ман чунин аќида дорам, ки ин мавсим хуб баромад менамоям ва шартномаамро бо даста дароз хоњам кард.
    – Валдано гуфтааст, ки Шумо љойи худро дар соли оянда хоњед ёфт. Ин Шуморо ором гузошта метавонад?
    – Бигзор чунин шавад … Ман њаракат мекунам, ки ў аз гуфтааш пушаймон нашавад. Ман то соли 2013 бо даста шартнома дорам ва мехоњам боз баъд аз чунин солњо бозиамро дар даста идома дињам.
    – Дар бораи мураббии нав, Мануэле Пеллегрини чи медонед?
    – Ман дар бораи ў бисёр чизњоро медонам. Ў љентлмени њаќиќї аст, сенор. Ў дўстдори футболи зебо мебошад. Ман фикр мекунам, ки дар Мадрид ўро љоизањо интизор аст. Ваќте, ў дар «Вилярреал» кор мекард, ба ман имконият шуд, ки як бор бо ў аз наздик сўњбат кунам.
    – Шумо дар Љумњурии Африќои Љанубї соли 2010 дар мусобиќаи љањонї иштирок мекунед?
    – Ња ман ба ин боварї дорам. Ман худро аллакай дар Мундиал дида истодаам.

    Маълумот
    Номи пурра Гонсало Херардо Игуаин
    Лаќаб Pipita
    Зодрўз 10 декабри 1987
    Зодгоњ Брест, Фаронса
    Шањрвандї Аргентина
    Ќад 184 см
    Вазн 75 кг
    Мавќеъ њамлагар
    Даста «Реал»-и Мадрид
    Раќам 20

  9. ШАХСИЯТЊОИ АФСОНАВИИ ФУТБОЛ
    Диего Марадона
    Аргентина бе Марадона наметавонист соли 1986 Љоми Љањонро ба даст орад. Дар вохўрии чорякфиналї бо Англия Марадона тамоми он мањоратњое ки дошт, нишон дод. Хусусан голи сеюми Диего фаромўшнашаванда буд. Ў дар маркази майдон тўбро соњиб шуд ва бо мањорати нотакрор тамоми муњофизони дастаи овозадори инглисро фиреб дода ба дарвозаи онњо голи навбатии худро ворид сохт. Марадона тўбро чун як ќисми узви худ идора менамуд. Бозингари инглис Алан Хасен, яке аз футболбозони машњури њамон замон, ки дањњо мусобиќањоро ѓолиб омадааст, вохўрии аввалини худро бо Марадона бо эњсосоти баланд ба ёд меорад. «Марадона, – мегўяд ў, – дар майдон мањорати хеле баландро нишон медод. Ва ин дар њоле буд, ки ў њанўз 18 сола буд. Вале маълум буд, ки вай ояндаи хело њам дурахшон дорад. Имрўзњо мардум њама дар бораи Бекхем ва Роналду гап мезананд, аммо Марадона нисбати онњо чандин маротиба пурќувватар буд».
    Пеле
    «Шоњи футбол». Барои сазовор гаштан ба ин ном зањматњои хеле зиёд бояд кашид. Пеле яке аз бозингарони бењтарини љањон мебошад, ки дар Бразилия «асри тиллої»-ро гузаронидааст. Вай тўбро хуб идора мекард, зарбањои нишонрас дошт, тўбро соатњо ба замин наафтонда бозї медаровард, худаш танњо метавонист хатти њимояи њарифро ба осонї убур намояд. Якумин голи задаи Пеле дар чемпионати љањон соли 1970 ба дарвозаи тими Италия буд. Ў тўбро ба сўи дарвоза бо сараш чунин моњирона равон кард, ки имконияти баргардонидани он набуд. Пеле 4 маротиба дар чемпионати љањон иштирок кардааст. Дар тамоми карераи худ 1282 бор ба майдони футбол баромада, 1364 гол задааст. Дар 100 бозии тими Бразилия вай 97 бор бо голњои хотирмон тавонистааст худро нишон дињад.
    Муњаммад Алї (Касиус Клей)
    Дар айёми кўдакї дучархаи Кассиус Клейро дуздиданд. Вай ба наздиктарин шўъбаи полис рафта дар бораи ин гирён хабар медињад. Яке аз кормандони полис ба Кассиус мегўяд, ки дуздонро ёфтан дар гумон аст, вале агар ў бо бокс машѓул шавад, авбошон дигар ин гуна рафтор намекунанд. Ин суханони нозир Кассиусро ба клуби боксёрї меорад. Аз њамин рўз эътиборан таърихи нав дар бокси љањон оѓоз мегардад. Унвони аввалини худро дар арсаи љањонї ў соли 1960-ум ба даст меорад. Дар Бозињои олимпї Кассиус Клей соњиби медали тилло мешавад. Апрели соли 1961 вай бо яке аз боксёрони машњури љањон – Ломар Кларк мељангад ва дар раунди 2-юм ўро ба нокаут дучор мекунад. Баъдан ин Кассиус дини исломро ќабул мекунад ва номи худро ба Муњаммад Алї иваз менамояд. Соли 1967 Алиро ба хизмати њарбї даъват мекунанд. Он гоњ ИМА бар зидди Ветнам мељангид. Муњаммад Алї даъватро рад мекунад ва ин љанги њукумати амрикоро зери танќид мегирад. Аз ин сабаб Муњаммад Алиро аз унвонњои варзишї мањрум намуда, 3 сол аз майдон берун мекунанд. Декабри соли 1970 ў боз ба бокс бармегардад ва чандин ѓалабањои бузургро ба даст меорад. Декабри соли 1981 Алї аз бокс меравад.
    Йохан Кройф
    Бозингари Голландия, ки дар майдон мисли парранда парвоз мекард, нишонаи дастаи «Аякс»-и Амстердам ва тими миллии Голандия ба њисоб мерафт. Бозии футбол дар солњои 70-уми асри ХХ дар айни тараќќиёт буд. Соли 1974 Кройф тавонист бо усули љадиди бозии худ дар футбол инќилоб бардорад. Аслан вай њама ваќт аз тарафи чап бозї мекард ва ин ќисми майдон пурра дар ихтиёри ў буд. Мухлисонаш аз бозии Кройф ба ваљд меомаданд, аксњои ўро дар њар як хонаи голлландї дидан мумкин буд. Вале соли 1974 мухлисони ин бозингари олиљаноб аз вай каме ноумед шуданд, чунки дастаи Голландия натавонист дар бозии финалї бар тими Германия (РФГ) ѓолиб барояд. Дар тамоми карераи худ Йохан Кройф 3 маротиба тавонист унвони бозингарони бењтарини Европаро гирад. Дертар мањоратњои «голландии парвозкунанда»-ро њамдастаи ў Марко ванн Бастен давом додааст.
    Зайниддин Зидан
    Эњтимол баъзењо дар ин рўихат номи Зиданро дида дар њайрат монанд, аммо футболбози машњури араб, бозингари тими миллии Фаронса, дастањои машњури љањон – «Бордо», «Ювентус» ва «Реал» дар њаќиќат арзандаи ин унвон аст. Муњофизатгари Фаронса тавонист мањоратњои зиёд нишон дињад, то ин ки дастаи вай соњиби Љоми љањон гардад. Њатто дар бозии њалкунанда бар зидди итолиёвињо дар чемпионати љањони соли 2006-ум ў њамчун марди њаќиќї худро нишон дод ва ба тањќирњои Матератси агарчи аз ќоидаи бозї берун њам бошад, љавоби муносиб дод.
    Лев Яшин
    Бозингари дастаи «Динамо», яке аз дарвозабонони бењтарини Европа соли 1963 буд. Бозињои вай халќро ба њайрат меовард. Яшин хело њам реаксияи тез дошт ва бо як нигоњ аз кадом тараф омадани тўбро њис мекард. Дар карераи худ вай 150 то тўби аз нуќтаи 11 метра задаро (пеналти) гардонидааст. Яшин њамагї 3 маротиба дар чемпионати љањони бозї кардааст (1958, 1962. 1966-ум).
    Баъд аз 9 соли вафоташ ўро яке аз даровозабони бењтарини ИЉШС ва варзишгари аср эълон карданд.

  10. Чем Какаву, Мароданаву дигару-дигар дар бораи ягон футболбози точик менавишти………..

  11. Во вторник подмосковный «Сатурн» рейсом с аэродрома Чкаловский отправилась во Владивосток, где в среду пройдет матч 1/16 финала Кубка России «Луч-Энергия» – «Сатурн». Под руководством Андрея Гордеева к этому поединку готовятся следующие футболисты: Ребров, Чилюшкин, Васиев, Мальков, Проньков, Халилович, Плопа, Сапета, Темников, Спирин, Никитинский, Моц, Белоусов, Юрченко, Шевяков, Окоронкво.

  12. Вот результат
    Луч-Энергия – Сатурн – 3:0 (2:0)

    Голы: 1:0 – Михалев (22), 2:0 – Михалев (29), 3:0 – Дедечко (84).

    Незабитый пенальти: Сапета (28, вратарь).

    ЛУЧ-ЭНЕРГИЯ: Котляров, Данцев, Михеев, Кристич, Казанцев, Михалев (Гогберашвили, 58), Мамаев (Смуров, 65), Гублия, Дедечко, Кудряшов (Сахневич, 79).

    САТУРН: Ребров, Халилович, Мальков, Васиев, Темников, Спирин, Сапета (Никитинский, 73), Плопа (Моц, 23), Белоусов, Шевяков (Юрченко, 51), Окоронкво.

  13. ВОСИЕВ ДАР ЊАЙАТИ АСОСИИ «САТУРН»
    Фарњод Восиев барои гузаронидани даври 1/16 финалии Љоми Русия ба шањри Владивосток дар њайати асосї сафарбар карда шуд. Ин бозии дебютии Фарњод Восиев хоњад шуд.
    Хотиррасон мекунем, ки рўзи гузашта дастаи «Сатурн» бо дастаи «Луч-Энергия»-и шањри Владивосток ќувва озмуд. Фарњод Восиев, ки аз Тољикистон аст, дар тими љавонони «Сатурн» баромад дорад ва дар ин тим капитани даста интихоб шудааст. Акнун ба Фарњод имкон даст дод, то ки мањорати худро дар њайати асосї нишон дињад ва ба њама исбот намояд, ки ў ба њайати асосї арзанда аст. Дар ин бора сомонаи хусусии даста «Аз сайёраи дигар» хабар додааст. Инчунин њаминро ќайд карданием, ки Фарњод дар дастаи љавонони «Сатурн» 37 маротиба ба майдон омада як голро ба самар расонидааст.
    Бози бо хисоби 3:0 ба фоидаи Луч-Энергия ба анчом расид

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s