Зокир Бердиқулов, капитани “Спитамен”, футболбозе, ки исмаш дар таърихи омори футболии Тоҷикистон то солҳои зиёди дигар боқӣ хоҳад монд, дар марҳилаи дуввуми сабқати қаҳрамонӣ дар ҳайъати дастаи дигар бозӣ хоҳад кард.

Зокир-ако бастаи капитании спитамениро бо пероҳани футболии “Хуҷанд” иваз карданд.

Тавре Ӯроз Турақулов, сармураббии дастаи рақами яки ҷадвали сабқати қаҳрамонии Тоҷикистон ба хабаргузории “Варзиш-Спорт” гуфтааст, Зокир Бердиқулов аллакай ҳамроҳ бо “Хуҷанд” тамрин дорад ва аллакай дар як бозии санҷишӣ ҳатто гол ҳам зад. Ин бозӣ бо “Сомонком” буд ва бо ҳисоби 4:0 анҷом ёфт. Ду голи дигарро Пирмурод Бурҳонов ва як голи дигарро Маҳмадлоиқ Нуриддинов заданд.

Дар марҳилаи аввал Зокир Бердиқулов дар ҳамаи 9 бозии спитамениҳо ба майдон баромада буд ва ду гол ҳам зада буд. Худи ӯ дар мавриди ба “Хуҷанд” гузаштанаш гуфтааст, ин даста дар назди худ ҳадафи қаҳрамониро гузоштааст ва барои ин ҳадаф vay ин дастаро ихтиёр кардааст.

Дар ҳамин ҳол, “Хуҷанд” дар талоши гирифтани Низом Раҳимов аз “Энергетик” мебошад.

Дар ҳамин ҳол, “Хуҷанд”-ро Ҳусейн Ҷалолов, яке аз бозигарони ҳайъати асосӣ тарк гуфтааст ва бино ба хабари “ВС”, ҳанӯз маълум нест, ки ӯ ба куҷо меравад. Хабаргузорӣ тахмин задааст, ки шояд ба СОП ё “Сомонком”, дастаҳое, ки дар сабқати вилоятӣ бозӣ мекунанд.

Воқеан, дар Тоҷикистон ба назар мерасад, ки бозигарон гӯё мардикор бошанд ва имрӯз дар хонаи як сарватманде кор мекунанд ва фардо дари дигареро мекӯбанд. Аҷиб аст, ки оё ин ҳама таъвизҳо дар чаҳорчӯби қонунҳои футболӣ, оинномаи Федеросюни футболи кишвар ва шартномаҳои миёни бозигар ва даста сурат мегирифта бошад ва ё хайр? Ё дар ин кор ҳам “тоҷикӣ мекунанд”?

Ёд дошта бошед, Одил Эргашев марҳилаи аввалро бо “Регар” ТадАЗ оғоз карда буд ва бо “Истиқлол” давом дода буд.

Метавон дар ин бора ҳатто реклама кард. Аз дастаат хаста шудӣ? Дастаи нав мехоҳӣ? Зуд ва сарфи назар аз қоида? “Истисно” – махсус барои ту ва дар фтуболи Тоҷикистон! Метавон ба ҷои даста калимаи бозигарро илова кард.

Хуб, ба хабарҳои дигар аз ин сабқати истисноӣ. “Хуҷанд”-ро боз як бозигари дигар тарк гуфтааст ва ӯ ҳам Хайрулло Ғайбуллоев ном дорад, ки дастаи як қадам то қаҳрамонро ба дастаи бонкирҳои суғдӣ – “Эсхата” иваз кардааст. Аҷабо, оё он вақт медонист, ки раиси дафтари ин бонк дар Чкалов ҳамаи пулҳои ин бонкро гирифта гурехтааст.

Аз хабарҳои дигари дастаҳои тоҷикӣ. “Истиқлол” дар охири июл дар як бозии санҷишӣ аз ССКА “Помир” интиқом гирифт ва ин дастаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голро, “ВС” менависад, Маҳмадсаид Бобомуродов дар дақиқаи 33-юм задааст. Дар ин бозӣ низ коре рух додааст, ки қариб дар ҳар даври сабқати қаҳрамонӣ рух медиҳад. Рембоҳои мо бо ҳам ҷанҷол шудаанд ва довар маҷбур шудааст ба Дилшод Восиев ва Сӯҳроб Ашӯров корти сурх ҳадя бикунад.

Хуб, дар маҷмӯъ, сармураббии ҳар ду даста ба “ВС” гуфтаанд, аз ин бозӣ ва аз бозигаронашон қонеъ мебошанд.

Як қисми дигари омодагиҳои дастаҳои намбер уани Тоҷикистон дар Қайроққум хоҳад гузашт. Аз ҷумла, “Вахш”, “Истиқлол”, “Энергетик”, “Парвоз” ва “Сомонком” ба он ҷо мерафтаанд. Пеш аз рафтан ба вилояти Суғд, “Энергетик” ба вилояти Хатлон рафта буд, то бо “Вахш” як бозии санҷишии бидуни ягон гол анҷом бидиҳад.