Ҳамакнун, биёед, роҳи «Регар» ТадАЗ-ро барои Ҷоми саввумаш бубинем.
То он ки бозигарони «Регар» ТадАЗ дар рӯзи 25-уми сентябр дар Турсунзода медалҳои тиллои Ҷоми раиси КФО-ро ба гардан биниҳанд, аввал ба шаҳри дури Катманду дар Непал сафар карда буданд.
Моҳи май буд ва дар гурӯҳи худ тоҷиконро лозим меомад, то барои як ё ду роҳхат бо ВАПДА, «Непал Полис Клаб» ва «Тайван Пауэр Компани» вориди даргирӣ бишаванд.
Дар бозии аввал, дар санаи 14-уми май, 1500 мухлиси варзишгоҳи Дашрат шоҳиди ҳеҷ голе дар бозии тоҷикон бо ВАПДА нашуданд. Он замон мусовӣ бо ВАПДА сенсатсия қаламдод мегардид, вале кам касоне интизор доштанд, ки сенсатсияҳои бештар аз ВАПДА дар пеш аст.
Намедонам, пас аз он мусовӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ба бозигаронаш чӣ гуфту, чӣ нагуфт, ки ду рӯз пас «Тайван Пауэр Компани» се гол хӯрд. Иброҳим Рабимов, Маъруф Рустамов, Сардорбек Эминов ва се бар як.
Бозии охирин ва ҳалкунанда бо непалиҳо буд. Непалиҳое, ки барои тоҷикон ҳамеша рақиби сарсахт буданд ва боре ҳам аз тоҷикон шикаст нахӯраду буданд. Барои непалиҳо, ки дар майдони худашон бозӣ мекарданд, ҳатман лозим буд, ки «Регар» ТадАЗ-ро шикаст бидиҳанд, вале ба ду голи Четан Гимире, Шуҷоат Неъматов ва Маъруф Рустамов посухи мусовӣ доданд.
Ҷойи аввал дар гурӯҳ ва роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ, ки баъдан маълум шуд, дар Турсунзода хоҳад гузашт.
Ҳамин гуна, дар охири сентябр шаҳри ғарбии Тоҷикистон маркази футболи саввумдараҷаи Осиё гардид. Рақиби соҳибони майдон боз ҳам ВАПДА буд, ки ба таври сенсатсионӣ то ба ин марҳила расида буд. Агар касе фикр мекард, то ҳол бахт бар рӯи покистониҳо хандида буд, бозии нимниҳоии онҳо бо «Регар» ТадАЗ нишон дод, ки комилан иштибоҳ мекунад.
Соҳибони майдон се бор маҷбур буданд, то аз паси покистониҳо бидаванд ва ҳисобро баробар кунанд. Қаҳрамони ин бозӣ боз ҳам Маъруф Рустамов гардид, ки аввалан дар дақиқаи иловагии вақти асосӣ ҳисобро баробар намуд ва сипас дар дақиқаи пешазохири вақти иловагӣ нагузошт, то кор ба пеналтӣ биравад.
Ҳамин гуна, қарҳамони Тоҷикистон дар як триллер ғалабаро ба даст овард ва ӯро дар ниҳояти Ҷом рақиби ҳамешагияш аз Қирғизистон – «Дордой-Динамо» интизор буд. Қирғизҳо ташнаи интиқом бaрои бохти соли гузашта дар майдони худ буданд, вале турснузодагиҳо ба андозае мизбони меҳмонмадбин буданд, ки ба ҳалқи меҳмонони худ об нарехтанд. Дар оғози ҳар як қисм як голӣ ва Ҷом дар Турсунзода боқӣ мемонад.