Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар нахустин бозии гурӯҳии худ дар марҳилаи интихобӣ бар Баҳрайн бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Bahrain? No, thanks. We say, Tajikistan

bahrain

Қабл аз ин бозӣ Баҳрайн ва Эрон муддаиёни асосии ду роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ дониста мешуданд ва касе ҳам ҳарфи Тоҷикистонро намезад. Манзур, сармураббиҳои мунтахабҳои ин гурӯҳ ин ҳарфро намезаданд. Ҳатто сармурабии мунтахаби Тоҷикистон Зоир Бобоев низ рақибони асосии худро Эрон ва Баҳрайн ва то андозае Непал – мизбони майдон номида буд.

Оғози бозӣ низ аз ҳамин гуфтаҳо далолат мекард. Сурхпӯшони паҳлавонҷуссаву қадбаланди баҳрайнӣ якуякбора ба ҳамла гузаштанд. Аз тарси ҳамалот онҳо аллакай дар дақиқаи 8-уми бозӣ Дилшод Саломов корти зард гирифт.

05.10.2009: Варзишгоҳи Дашрат, шаҳри Катманду. Тоҷикистон: Баҳодур Шамсов, Бузургмеҳр Қодиров (корти зард) (Умар Бобокалонов 54), Дилшод Каримов, Дилшод Холиқов, Дилшод Саломов (корти зард), Абдулло Саидов, Дилшод Расулов (к), Додохон Мӯъминов (Фирдавсии Юсуфзода 61), Ойбек Абдуғафоров, Иброҳими Мӯҳтоҷзода (корти зард), Толиб Султонов (Шаъбон Раҳматзода 70).

Вале наврасони тоҷик ба зудӣ ба ҳамлаҳои посухӣ гузаштанд ва сари бозигарони баҳрайниро ба андозае гаранг карданд, ки дар байни 5 дақиқа онҳоро маҷбур ба як пеналтӣ ва як корти сурх кунанд. Аввал, дар дақиқаи Бузургмеҳр Қодировро дар ҷаримагоҳ баҳрайниҳо афтониданд, довари таиландӣ пеналти таъин кард, вале капитан Дилшод Расулов (ба ин исм бармегардер боз) аз ин лаҳзаи хуб истифода бурда натавонист.

Ҳамагӣ пас аз 4 дақиқаи дигар, як муҳоҷими араб барои бо оринҷ задани рақибаш корти сурх гирифт ва майдонро тарк гуфт. Ду дақиқа пас, дар дақиқаи 27-ум шумори барзиёди бозигаронро бачаҳои Зоир Бобоев истифода бурда, ҳисобро боз карданд. Иброҳими Мӯҳтоҷзода зарбаи олиҷаноби озодеро рост ба тӯри дарвоза ворид намуд. Як бар сифр. Ва ҳамон лаҳза муаллифи гол корти зард гирифт.

bahrain_tajikistan_u16q_dilshodrasulovҲамлаҳои арабонаи дақоиқи охири қисми аввал ҳеҷ надод ва мунтахабҳо бо ҳамон як голи Иброҳим ба танаффус рафтанд.

Бозӣ пас аз танаффус низ бо ҳамлаҳои даҳгонаи арабҳо оғоз шуд, албатта, онҳо, ки фаворит ба ҳисоб мерафтанд, мағлуб шудан намехостанд.

Хуб, ҳамлаҳоро онҳо оғоз карданду голро тоҷикон заданд. Дар дақиқаи 73-ум як зарбаи олиҷаноби капитани наврасони Тоҷикистон Дилшод Расулов аз дурии 32 метр голи дуввуми Тоҷикистон дар ин бозӣ гардид.

Панҷ дақиқаи иловагӣ дар охири бозӣ ба арабо дигар чизе надод. Ғалабаи олиҷаноби нахустин муборак, Тоҷикистон!

Имрӯз, дар бозии дуввуми ин гурӯҳ ҳамчунин Непали мизбон бо Лубнон рӯиҳам хоҳанд омад.