Дар бозии дуввуми худ дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё миёни наврасони зери 16-сола, мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо фаворити аслии гурӯҳаш – мунтахаби нерӯманди Эрон мусовии бидуни гол намуд.

Satisfied draw with the Asian champions

Iran 

Пас аз пирӯзии Тоҷикистон бар Баҳрайн ҳама чашм ба бозии Тоҷдорон бо мунтахаби Эрон буданд, то нерӯи аслии тоҷиконро бубинанд. Чун Эрон дар ин гурӯҳ муддаии ҷойи аввал аст, наврасони қаблии ин кишвар соҳибунвони қаҳрамонии Осиё мебошанд ва шуморе аз рақибони имрӯзаи Тоҷикистон ин кишварро дар Ҷоми Ҷаҳон дар Нигерия дар охири моҳ намояндагӣ хоҳанд кард.

05.10.2009: Варзишгоҳи Дашрат, шаҳри Катманду. Тоҷикистон: Баҳодур Шамсов, Бузургмеҳр Қодиров (Додохон Мӯъминов 59), Анӯшервон Загуров (Толиб Султонов 47 корти зард),  Дилшод Каримов, Дилшод Холиқов, Дилшод Саломов, Абдулло Саидов, Дилшод Расулов (к), Ойбек Абдуғафоров, Иброҳими Мӯҳтоҷзода, Холмурод Назаров ((Шаъбон Раҳматзода 44).

Бозӣ бо бартарии комили наврасони эронӣ дар майдон гузашт. Аммо ҳимоягарони сурхпӯши тоҷик ваIran_Tajikistan_U16Q09 дарвозабони моҳираш дар ин бозӣ ҳунари худро хуб ба намоиш гузоштанд ва нагузоштанд, то зарбаҳои бозигарони эронӣ ба ҳадаф бирасад. Чанд бор дарвозаро Баҳодур Шамсов аз гол наҷот дод.

Тоҷикистон дар ин бозӣ аз ҳимоя кор гирифт. То андозае сабаби ин услубро низ фаҳмидан мумкин аст – пас аз бозӣ бо Баҳрайн шаш бозигари Тоҷикистон мавриди шубҳаи КФО барои синну солашон қарор гирифтаанд.

Бар илова, як ҳодисаи аҷиб низ дар ин бозӣ рух дод. Толиб Султонов ном бозигари тоҷик, ки исмаш дар ҳайъати эҳтиётӣ буд, пас аз ним соат маълум шуд, ки ӯ дар майдон бозӣ дорад. Ҳамон лаҳза довари урдунӣ ба ӯ корти зард дод ва аз майдон ронду ба ҷояш Анӯшервон Загуровро дароварданд. Ва сипас дар қисми дуввум боз Толиб Султонов ба ҷойи Анӯшервон ба майдон даромад.

Мувофиқи қоидаҳои футбол, як бозигаре, ки аллакай таъвиз шудааст, наметавонад ба майдон бори дуввум ворид шавад. Вале дар коғази расмии КФо навишта шудааст, ки Анӯшервон аз дақоиқи аввал дар майдон буд ва сипас ба ҷояш Толиб даромад.

Зоир Бобоев, сармураббии наврасони Тоҷикистон, гуфтааст, ин иштибоҳи мудири даста буд, ки ин кор рух дод. Ҳамчнуин, ин ҷо ҷурми довари эҳтиётӣ аз Яман ва комиссари бозӣ аз Бутан низ ҳаст, ки ин иштибоҳро насанҷидаанд. Ҳамакнун, КФО бояд тасмим бигирад, ки бо ин ҳодиса чӣ кор бикунад.

Дар ним соати охири бозӣ сармураббии эронӣ ба майдон ду ҳамлагари навро ворид кард, то ҳуҷумҳо ранги дигар бигиранд ва бо натиҷае анҷом бишаванд, вале хушбахтона имрӯз рӯзи Эрон набуд.

Пас аз бозӣ сармураббии Эрон мегуфт, аз натиҷа қонеъ аст, ҳарчанд тимаш метавонист пирӯз ҳам шавад. Ӯ гуфт, имрӯз рӯзи Эрон набуд. Зоир Бобоев, сармураббии Тоҷикистон, гуфт, бачаҳояш метаовнистанд беҳтар низ бозӣ бикунанд.

Ҳамин гуна, бозии ду мунтахаби форсизабон мусовӣ бидуни гол анҷом ёфт. Дар ин гурӯҳ имрӯз ҳамчунин ду мунтахаби арабӣ низ бозӣ доштанд. Баҳрайн бо Лубнон. Ин бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба нафъи баҳрайниҳо тамом шуд. Аввал, Алӣ Саад, оне, ки дар даври гузашта ба дарвозаи Непал голи ягонаи лубнониҳоро зада буд, дар дақиқаи 33-юм комгор гардид.

Қисми аввал ба назар мерасид бо ҳамин ҳисоб поён меёбад, вале дар дақиқаи дуввуми иловагии қисми аввал Абдулло Муборак ҳисобро баробар намуд. Панҷ дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ лубнониҳо мусовиро дошта натавонистанд ва Ҳамод Холид барои Баҳрайн пирӯзӣ овард.

Дар охири бозӣ бошад капитани Лубнон Томми Ҳасад корти сурх гирифт ва ин маънои онро дорад, ки ӯ бозӣ бо Тоҷикистон дар рӯзи нӯҳуми октябрро аз нишастгоҳ тамошо хоҳад кард.

jadval