News from Nepal

Тоҷикистон

Исмҳои бозигароне, ки пас аз бозӣ бо Баҳрайн мавриди шубҳаи бузургсол будан қарор гирифтаанд, эълом шуданд. Инҳо Бузургмеҳр Қодиров, Фирдавсии Юсуфзода, Абдулло Саидов, Дилшод Холиқов ва муаллифи нахустин голи Тоҷикистон дар ин сабқат Иброҳими Мӯҳтоҷзода мебошанд.

Ҳанӯз ҳеҷ хабаре дар мавриди он ки оё устухони ин бозигарон санҷида шуд ва ё на, ва гар ҳа,п ас чӣ натиҷае дод, маълум нест. Бояд ки ин бозигаронро рӯзи сешанбеи шашуми октябр месанҷиданд.

20091006212735_Tajikistan

Дар ҳамин ҳол, дар бозии дуввуми Тоҷикистон бо Эрон як ҳодисаи ғариб рух дод. Толиб Султонов ном бозигари тоҷик, ки исмаш дар ҳайъати эҳтиётӣ буд, пас аз ним соат маълум шуд, ки ӯ дар майдон бозӣ дорад. Ҳамон лаҳза довари урдунӣ ба ӯ корти зард дод ва аз майдон ронду ба ҷояш Анӯшервон Загуровро дароварданд. Ва сипас дар қисми дуввум боз Толиб Султонов ба ҷойи Анӯшервон ба майдон даромад.

Мувофиқи қоидаҳои футбол, як бозигаре, ки аллакай таъвиз шудааст, наметавонад ба майдон бори дуввум ворид шавад. Вале дар коғази расмии КФо навишта шудааст, ки Анӯшервон аз дақоиқи аввал дар майдон буд ва сипас ба ҷояш Толиб даромад.

Зоир Бобоев, сармураббии наврасони Тоҷикистон, гуфтааст, ин иштибоҳи мудири даста буд, ки ин кор рух дод. Ҳамчнуин, ин ҷо ҷурми довари эҳтиётӣ аз Яман ва комиссари бозӣ аз Бутан низ ҳаст, ки ин иштибоҳро насанҷидаанд. Ҳамакнун, КФО бояд тасмим бигирад, ки бо ин ҳодиса чӣ кор бикунад.

Лубнон

Капитани Лубнон, рақиби фардоинаи мо, Томми Ҳамод эҳтимол на танҳо дар бозӣ бо Тоҷикистон, балки дар се бозии ояндаи байнулмилалии расмӣ иштирок нахоҳад кард.

Капитани лубнониҳо дар бозии мунтахабаш бо Баҳрайн, пас аз анҷоми бозӣ ба оташи ғазаби худ об рехта натавонист ва Сайид Маҳдӣ, рақиби худ аз Баҳрайнро як зарба зад. Ҳамон лаҳза рӯбарӯи худ аз ҷониби довар корти сурхро дид.

lebanon%20player

Ҳамакнун, ин амали капитани Лубнон таҳқиқ хоҳад дид, ва комиссари бозӣ гуфтааст, аз КФО хоҳиш хоҳад кард, то лубнониро барои ҳадди ақал се бозӣ дар нишастгоҳи бинандагон бишинонад.

Сармураббии Лубнон бошад, бозигарашро ҳимоя карда, гуфтааст, довар бо ҳуштакҳои ноодилонаи худ бозигаронашро таҳрик ба ин амал додааст.

Эрон

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Акбар, сармураббии наврасони Эрон, гуфтааст, бештар аз ҳама аз Непал хавф дорад ва ба Непал эҳтироми бештар қоил аст, чун онҳо мизбонанд.

Хуб, ин ҳарфҳоро оқои Акбар пас аз бозии мусовияш, ки барояшон нокомист, бо Тоҷикистон, гуфтааст. Ӯ гуфтааст, бозигаронаш қабл аз бозӣ нерӯи мунтахаби Тоҷикистонро нодида гирифтаанд, вале бо вуҷуд ӯ аз натиҷаи бозӣ қонеъ аст. Қонеъ набошу бин.

Непал

Дамбер Гурунг, сармураббии Непал, пас аз бохт аз заифтарин мунтахаби ин гурӯҳ – Лубнон, ваъда додааст, ки стротежии мунтахаб дигар хоҳад шуд ва бозии мунтахаб низ. Ин стротейӣ иборат аст аз нуктаҳое чун – Бимиру Бозӣ Кун, Тӯбро Ҳаво Набар (непалиҳо қадпастанд маъмулан ва рақибонашон қадбаланд), Як бар Як (ҳар як бозигари рақибро ҳар лаҳза ҳамла кардан), Ҳамеша дар Ҳамла ва ғ.