Goal rains to Lebanon

Ду голи Дилшод Расулов ва якеи дигар аз Толибҷон Султонов ба дарвозаи Лубнон шумори холҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар ҷадвали гурӯҳаш 7-то кард.

lebanan

Қабл аз бозӣ ба ғалабаи наврасони тоҷик дар ин бозӣ кам касе шубҳа мекард. Ва аллакай оғози бозӣ ин тахминҳоро тасдиқ кард.

07.10.2009. Катманду, Непал: Тоҷикистон: Баҳодур Шамсов, Дилшод Каримов, Бузургмеҳр Қодиров (Умар Бобокалонов 31), Дилшод Холиқов, Дилшод Саломов (корти зард), Абдулло Саидов, Дилшод Расулов (капитан), Додохон Мӯъминов, Ойбек Абдуғаффоров (корти зард), Иброҳими Мӯҳтоҷзода (Фирдавсии Юсуфзода 69), Толиб Султонов (Шаъбон Раҳматзода 55).

Лубнониҳо ба ин бозӣ бо табъи хира пас аз бохт аз Баҳрайн ва бидуни капитани кортсурхашон омаданд. Бар иловаи он ҳама бадбахтиҳо, пеш аз бозӣ суруди миллии Лубнонро хато навохтанд ва ин ҳам табиист, ки ба равони бозигарони навраси араб бетаъсир намонд. Ҳамаи ин ба нафъи Тоҷикистон буд, чун ғалаба дар ин бозӣ роҳхат ба марҳилаи ниҳоиро 90% ба дасти Тоҷикистон медод.

Он-лайни бозии Тоҷикистон – Лубнон

Пас аз он ки дар дақиқаи чаҳорум зарбаи хуби Дилшод Расулов каме берунтар аз ҷаримагоҳ вориди тӯри дарвозаи арабҳо гардид, риштаи бозӣ дигар асосан дар дасти «ҷомасафедон»-и Тоҷикистон буд. Дилшод Расулов, капитани наврасони мо, фарзанди собиқ сармураббии «Гвардия» Раҷаб Расулов ва бозигари дубли «Истиқлол», фаъолтар аз ҳар нафари дигар дар майдон буд, каме баъдтар як партоби хубе ба Толиб Султонов, хабарсози бозии қаблӣ, узви дастаи РШВСМ-и Душанбе, дод, вале ин навбат ҳимоятгарони араб саривақт лаҳзаро бехатар гардониданд.

Қисми аввал дигар бе ҳеҷ хабаре шояд ба анҷом мерасид, вале панҷ дақиқа қабл аз анҷоми қисм дарвозабони лубнонӣ лат хӯрд ва ӯро иваз карданд.

Дарвозабони нав аллакай дар дақиқаи дуввуми қисми дуввум гол сар дод. Ин дафъа исми Толиб Султонов дар хабарҳо ба некӣ ёд хоҳад шуд, тӯби ҳавододаи ӯ рост аз болои сари ҳимоятгарон ва дарвозабон ба дарвоза даромад.

Толиб кори худро бо ҳамин тамом кард ва каме баъдтар ба истироҳат рафт, вале Дилшод Расулов ҳанӯз аз гол сер нашуда буд. Капитан Дилшод дар дақиқаи 65-ум ба ибораи як хонандаи ин торнигор дили ҳамаро шод кард. Нуктаро метавонистанд дар дақиқаи 90-ум лубнониҳо бигузоранд, вале пеналтии таъинкардаи довари яманиро барои иштибоҳи Ойбек Абдуғаффоров бозигари лубнонӣ хато зад.

Бад ин гуна, 62 дарсаде, ки дар торнигори СоккерИнНепал ба тарафдории Тоҷикистон раъй додаанд, то ҳол иштибоҳ накардаанд. Тоҷикистон дар гурӯҳаш дар ҷойи аввал аст.

Барои ин ҷойи аввал ба назар мерасад, Эрон бо мо рақобат хоҳад кард. Имрӯз, 9-уми октябр, пас аз бозии мо эрониён ба варзишгоҳи Дашрат баромаданд ва бо мизбонон рақобат карданд. Иштибоҳ кардам, ки рақобат гуфтам, ҳеҷ рақобате ҳам дар ин бозӣ набуд, чун эрониҳо се голи беҷавоб заданд ва дар ин бозӣ пирӯз омаданд.

Group B

  Team

GP

W

D

L

GF

GA

+/-

Pts

  TAJIKISTAN

5

0

7

  I.R. IRAN      2

3

0

4

  BAHRAIN

2

3

-1 

3

  LEBANON

2

5

-3 

3

  NEPAL

2

0

4

-5 

0

                     

Рӯзи якшанбе, 11-уми октябр, мо истироҳат мекунем ва Эрон бо Лубнону, Баҳрайн бо Непал нерӯ хоҳанд санҷид. Бозии охирини мо рӯзи 13-уми октябр бо мизбонон – Непал мебошад. Дар ин гурӯҳ голзани беҳтарин дар ҳоли ҳозир Дилшод Расулов бо се гол дар се бозӣ мебошад.