Qualified With 100% Results 

Дар охирин бозии худ дар гурӯҳ мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар варзишгоҳи Дашрати шаҳри Катманду бо наврасони мизбон рақобат карданд. То ин бозӣ мунтахаби мизбон ҳеҷ голе ҳам назада буд ва тамоми талошаш ҳадди ақал барои гол задане дар майдони худ буд. Мунтахаби Тоҷикистон бошад аллакай роҳхат дар киса дошт ва ҳам ҳеҷ голе низ сар надода буду сар додан намехост.

13.10.2009. Катманду, Непал: Тоҷикистон: Баҳодур Шамсов, Дилшод Каримов, Дилшод Холиқов, Абдулло Саидов, Дилшод Расулов (капитан), Додохон Мӯъминов, Ойбек Абдуғаффоров (корти зард), Иброҳими Мӯҳтоҷзода, Толиб Султонов (Комрон Раҷабализода 54, (Темур Одилов 74), Умар Бобокалонов (Фирдавсии Юсуфзода 43), Шаъбон Раҳматзода.

Ва ҳеҷ голе ҳам сар надод. Баръакс, чаҳор гол ҳам зад. Ҳисоби ин бозиро Толиб Султонов дар дақиқаи 8-ум боз кард. Иброҳими Мӯҳтоҷзода дар дақиқаи 64-ум голи дуввуми ин бозӣ ва голи дуввуми худро дар ин сабқат ба ҳадаф расонид. Даҳ дақиқа баъд Комрон Раҷабализода, ки ба тозагӣ ба майдон даромада буд, голи саввумро заду ҳамон лаҳза боз аз майдон берун рафт.

Ба ин бозӣ дар дақиқаи охирин капитан Дилшод Расулов нукта гузошт. Голи чаҳоруми Дилшод Расулов дар ин сабқат ва чаҳорумин голи бозии имрӯза. Чаҳор бар сифр. Даҳшат дар Дашрат барои непалиҳо.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ Эрон ба Баҳрайн бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Бо ин ҳол, Тоҷикистон ва Эрон бо натоиҷи баробар, даҳ холӣ, ва таносуби голҳояш +9 ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Чун, ҳама натоиҷи ин ду кишвар баробар буд, (холҳо, таносӯби голҳо, шумори голҳо, ҳисоби байни худ), бозиҳои ин ду мунтахаб бо дастаҳои дигари гурӯҳ аз рӯи ҷойгиршавияшон ба назар гирифта шуд. Ҳар ду Баҳрайнро бо як ҳисоб мағлуб карда буданд, вале Эрон ба дарвозаи Лубнон голи бештар зада буд.

 

 TEAM 

 P 

 W 

 D 

 L 

 F 

 A 

 GD 

 PTS 

  Iran  4  3  1  0  9  0  9  10
  Tajikistan  4  3  1  0  9  0  9  10
  Bahrain  4  2  0  2  7  5 2  6
  Lebanon  4  1  0  3  2  9  -7  3
  Nepal  4  0  0  4  0  13 -13  0