Имрӯз, 13-уми октябр, соати 14:15 ба вақти Душанбе, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Катманду бо мунтахаби мизбон – Непал вомехӯрад.

То ин бозӣ Тоҷикистон ягон гол сар надодааст ва Непал голе ҳам назадааст. Непал талош хоҳад кард, то ақаллан дар охирин бозии худ то андозае як қатра об ба оташи ғазаби мухлисонаш бирезад, Тоҷикистон бошад талош хоҳад крад, то ҳар чӣ бештаргол бизанад ва ба марҳилаи ниҳоӣ аз ҷойи аввал роҳхат бигирад.

Барои пайгирии зиндаи ин бозӣ ба бахши “комментҳо” биравед.