Muslim Star of France

Таҳияи Мақсудҷон Иброҳимов, ОВИ«ВС». Бознашр аз Фан-Клуби «Парвоз»

Номи пурра – Франк Билол Рибери
Тахаллус – Лиқои бо ҷароҳат (Scarface), Franky
Зодрўз – 7 апрели 1983
Зодгоҳ – Булон-сюр-Мер, Па-де-Кале
Шаҳрвандӣ – Фаронса
Қад – 170 см
Вазн – 61 кг
Мавқеъ – Ниммуҳофиз
Даста – Бавария
Рақам-  7

Франк Билол Рибери айни ҳол футболбозе мебошад, ки барои харидани ў якчанд тимҳо мубориза бурданд, вале ба ягон тим муяссар нагардид, ки ўро харад. Ў ҳоло дар бундеслигаи Олмон баромад намуда истода, шарафи тими «Бавария»-ро ҳимоя менамояд.

ТАРҶУМАИ ҲОЛ
Франк Билол Рибери (фр. Franck Bilal Ribéry) 7 апрели соли 1983 дар Булон-сюр-Мери шаҳри Па-де-Калеи Фаронса таваллуд шудааст.

Аллакай дар синни дусолагиаш ў қариб дунёи фониро тарк гуфта буд, вале бахташ омад кард: автомобиле, ки волидайни ў идора менамуданд, аз сайрхати худ берун шуда, ба дарахти дар роҳ буда бармехўрад. Дар ин ҳолат футболбози оянда дар нишастгоҳи оқиб нишаста буд ва аз зарби автомобил ба дарахт аз ҷои худ парида аз тиреза рост ба замин омада мезанад. Франкро бо ҷароҳати рўй ба дармонгоҳ ҳозир мекунанд. Ба духтурон лозим омад, ки рўи Риберии 2-соларо ҷарроҳии пластикӣ гузаронанд. То ҳол дар рўи ин футболбоз нақше аз осори 24-сол пеш боқӣ мондааст.

Вақте ки Франк ба синни дувоздаҳсолагӣ расид, ў ба академияи футболии тими «Лилл» даъват карда шуд. Вале, аз сабаби кори зиёд доштанаш ўро аз ин академия барканор карданд. Дар натиҷа, Рибери боз ба хона баргашт ва давом дод бозиҳои кўчагии худро. Ва баъдан ба як дастаи ғайрикасбии зодгоҳаш аъзо мешавад, ки ин даста дар дивизиони сеюми Фаронса баромад менамуд.

ОҒОЗИ КАРЙЕРА
Баъдан Рибери ба худ қарор дод, ки ба дастаи шўҳратманд роҳ ёбад. Дар синни нўздаҳсолагиаш ба дастаи ғайрикасбии «Алес» мегузарад ва баъд аз як сол ўро ба тими «Брест» даъват мекунанд. Пеш аз мавсими 2004/05 тими «Брест» бо дастаи «Метс» бозии рафиқона доир мекунад ва сармураббии дастаи Лотарингииҳо Жан Фернандес ба Рибери диққати махсус медиҳад. Баъдан мефаҳмад, ки Франк бо дастаи «Брест» шартномаи касбӣ надорад ва аз ҳамин фурсат истифода намуда, ўро ба дастаи худ меорад.

Дар ним сол дар 20 бозӣ баромад намуда, ду гол ба дарвозаи ҳарифон ворид сохта буд. Баъдан тими «Галатасарай»-и Туркия иқрор мешавад, ки дар ҳақиқат орзуи дар ҳайати даста Рибериро доранд. Тими «Метс», ки ба ҳолати молиявӣ эҳтиёҷ дошт, даррав Рибериро савдо мекунад. Медонед, тими «Галатасарай» ин футболбози ҳозираи ба арзиши 55-60 миллион евро доштаро ба кадом арзиш харид? Ҳамагӣ ба ним миллион евро. Барои бозигари ҷадиди «Галатасарай» дар Туркия як қатор проблемаҳо оғоз гардид: муносибати нохуб бо роҳбарияти даста, ноумедиҳои мухлисон, кам будани нархи маош ўро думболагирӣ менамуд. Ҳамаи ин ба Рибери имкон дод, ки бо тими туркиҳо шартномаашро бекор намояд. Боз савол пайдо шуд: Ба куҷо? Ба назди кӣ?

БОЗГАШТ БА ВАТАН
Боз ба назди сармураббии дўстдоштааш Жан Фернандес меравад, ки ў аллакай дар ин ҳангом тими «Марсел»-ро машқ медод. Дар мавсими 2005/06 Франк лидери ҳақиқии тим гардид. Баъд аз ин ўро ба тими мунтахаби Фаронса даъват намуданд. 27 майи соли 2006-ум ў бозии дебютии худро гузаронид, ки дар 15 дақиқаи охири бозӣ ў Зайниддин Зиданро иваз намуд. Ва баъдан Раймон Доминек, сармураббии тими Фаронса ўро ба ҳайати даста ҳамроҳ намуда ба мундиал бурд. Чӣ хеле, ки мухлисони «ПСЖ» мегўянд, намозхонии Зидан ва Рибериро дида дар ҳайрат мондаанд.

МУСУЛМОН ШУДАНИ РИБЕРИ
Инчунин ҳаминро қайд карданием, ки соли 2004-ум ў исломро қабул намуд ва ба анъанаи мусулмонҳо пайравӣ намуда, ба худ номи дуюм – Билолро қабул намуд. Сабаби исломро қабул кардани Рибери ин шиносоӣ бо духтари алҷазоирӣ Воҳиба Белъамӣ ҳангоми баромад намудан дар «Брест» буд. Рибери сахт ба духтар дил мебандад ва ҷудоӣ аз ў баробар ба марг буд. Волидайни духтар ба Рибери мегўянд, ки фарзанди онҳо танҳо ба шахси мусулмон ва худотарс ба шавҳар мебарояд. Барои ба дидори маҳбубаи худ расидан Рибери китоби муқаддаси «Қуръон»-ро аз худ намуд ва дини Исломро қабул кард. Ҳоло онҳо бо ҳам оила бунёд кардаанд ва аз онҳо се фарзанд ба дунё омадааст, ки ҳар сеи он соҳиби номи мусулмонӣ ҳастанд. Ҳаминро боз қайд мекунем, ки акнун мухлисони «Галатасарай» фаҳмиданд, ки Рибериаш кӣ будааст. Дар тими мунтахаб, ў бо «ҳамдавлати» завҷааш Зайниддин Зидан мисли бародару додар ҳастанд.

ОЛМОН ВА «БАВАРИЯ»

Дар чемпионати ҷаҳонии соли 2006-ум, ки дар Олмон баргузор гардида буд, Рибери бозингари беҳтарини ҳайати Фаронса ба ҳисоб мерафт. Бозии беҳтарини худро дар даврҳои плей-оффӣ бар задди Испания, Бразилия ва Португалия нишон дод. Баъд аз нобаробарӣ дар даври ниҳоӣ оғоз ёфт, давраи хобии Рибери. Ў дигар тамоман ақаллан ба ҳайати асосии тими «Марсел» намеомад. Аз ҳама проблемаи асосӣ ин ҷароҳати зонуи Рибери буд.

Баъдан аз муомилаи нохуби Рибери роҳбарияти тим ба қароре омад, ки ситораро ба маблағи 25 миллион евро мефурўхтагӣ шуданд. Ба ин маблағ «Реал» ва «Манчестер Юнайтед» Рибериро инкор карданд, вале дастаи «Бавария» ҳамон маблағро қурбони як бозии Рибери намуд. Ҳоло Рибери чор миллион евро маоши солона мегирад ва таҳти рақами 7 дар тим баромад менамояд.

Баъдан дар охири мавсими соли гузашта, барои харидории Рибери якчанд топ-клубҳо талош варзиданд: «Барселона», «Реал», «Манчестер Юнайтед» ва ғайра дастаҳо. Вале ба ягон даста имкон нагардид, ки бо ин футболбози мусулмони фаронсавӣ ҳайати худро пурқувват намоянд.

ДАСТОВАРДҲО
ДАСТАВӣ
Чемпиони Олмон: 2008
Дорандаи Ҷоми Фортис Туркии: 2004/05
Дорандаи Ҷоми Интертото: 2005
Дорандаи Ҷоми лигаи Олмон: 2007
Дорандаи Ҷоми Ллмон: 2007
Финалисти Ҷоми ҷаҳон: 2006

ХУСУСӣ
Беҳтарин бозингари бундеслига дар пурсишномаи Kicker: 2007/08