Дилшод Расулов: «Мо хаста будем, вале пирӯзӣ мехостем»

Сӯҳбати Ганҷина Собирова, «Гол»

Дилшод Расулов бозигари дастаи дубли «Истиқлол» ва капитани тими наврасони Тоҷикистон. Маҳз голҳои вай тими наврасонро ба финали Мусобиқоти Осиё баровард

20091009071038_IMG_0515

– Дилшод, пеш аз ҳама туро бо комёбии дастаатон дар мусобиқаи байналхалқӣ табрик мекунам. Таассуроти ту аз рафти гузаронидани Мусобиқаи Осиё чӣ гуна аст?

– Пеш аз сафар ба ин мусобиқа бисёриҳо имконияти моро минималлӣ меҳисобиданд. Мегуфтанд, ки даста ба гурўҳи тимҳои пурқувват, ба мисоли Эрон, Баҳрайн афтодаасту шанси ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанаш кам аст. Ҳатто пешгўиҳое буданд, ки гўё мо бо ҳисобҳои калон мағлуб мешавем, вале мо бо роҳбарии сармураббӣ пеши худ вазифа гузоштем, ки ҳатман барқасди чунин нафарон ғолиб ба ватан бармегардем. Чоруми октябр ба Непал сафар карда, аллакай рўзи 5-ум бозӣ доштем, барои ҳамин каме хаста будем. Дигар дастаҳо се рўз пеш рафта, истироҳат доштанд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бо дастаи Баҳрайн, гумон мекунам, бад бозӣ накардем. Дар вақти танаффус сармураббӣ моро омода карда, гуфт, ки худро гум накарда, бозӣ кунем. Бозии дуюм бо тими Эрон буд, ба ин бозӣ мо аллакай ҷиддӣ тайёрӣ дидем.

– Бо кадом даста бозӣ кардан душвор буд?
– Бо дастаи Эрон, чунки ин даста пурқувват аст, бар замми ин дар  даста бозигарони азимҷусса бозӣ мекарданд. Қувваи ҳарду даста ҳам дар ин вохўрӣ баробар буд, аммо мо кўшиш кардем, ки дар ин бозӣ мағлуб нашавем ва ба хаёлам аз ўҳдаи вазифаамон баромадем.

– Рўҳафтода нашудӣ, ки дастаи Тоҷикистон ҷои дуюмро гирифт?
– Не. Эрониҳо чор тўб доштанд  ва мо бояд дар бозии охирин 5 тўб мезадем, ки ҷои аввалро соҳиб шавем. Дар ин бозӣ мо метавонистем,  ки голи панҷумро занем, вале яке аз бозигарони даста зарбаи ёздаҳметраро иҷро карда натовонист. Фикр мекунам, дар чунин мусобиқаҳо иштирок кардан, барои мо бозигарони тоҷик хуб аст, зеро ба худ боварӣ пайдо мекунем ва таҷрибаи бозӣ ҳам зиёдтар мешавад. Бо сабаби  хатои комиссари бозӣ даста ҷои дуюмро гирифт, вале мо аз ин рўҳафтода нашуда, ба мусобиқаҳои дигар ҷиддӣ тайёрӣ мебинем.

– Мухлисон шуморо чӣ гуна дастгирӣ мекарданд? Оё аз тарафи мухлисони соҳибони майдон ба шумо ягон фишор  набуд?
– Мухлисони мо ангуштшумор буданд. Танҳо мухлисони соҳибони майдон зиёд меомаданд ва дастаашонро дастгирӣ мекарданд, аммо мо ба онҳо аҳамият надода, бозӣ мекардем. Мо бо ҳариф бозӣ мекардем, на бо мухлисон. Дар охир, ҳангоме ки мо соҳибони майдонро мағлуб кардем, мухлисони онҳо аз ҷо хеста ба мо қарсак заданд.

– Аз чандсолагӣ ба футбол машғулӣ ва барои чӣ маҳз футболбозӣ мекунӣ?
– Аз паи падар рафта, аз ҳафтсолагӣ футболбозӣ мекунам. Фаъолиятамро аз дастаи «Ситора», ки падарам дар онҷо мураббӣ буданд оғоз кардам. Ҳоло дар дастаи дубли «Истиқлол» бозӣ мекунам. Пеш аз ин дар Лигаи аввал, дар дастаи «Рангонгаз»-и ноҳияи Рўдакӣ бозӣ мекардам.

– Падарат туро чӣ гуна дастгирӣ мекунанд?dilshodrasulov
– Маҳз бо дуои падар ба чунин муваффақиятҳо ноил шудам. Баъдан падарам ва Тимур Холович бо ман алоҳида машқ мекунанд, ки ин барои ман хеле муҳим аст.

– Ғайр аз футбол боз бо ягон намуди варзиш машғул ҳастӣ?
– Як вақт баскетболбозӣ ҳам мекардам, аммо ҳоло танҳо футбол машғулияти асосиям мебошад ва метавонам гўям, ки футбол ин зиндагии ман аст.

– Яъне, метавон гуфт, ки оянда футбол ин касбӣ ту мешавад?
– Албатта, инсон то охири умр футбол бозӣ карда наметавонад, то синни 37-38 машқ мекунад. Ман ҳам дар фикри онам, ки ягон касбро аз худ намоям.  Мехоҳам соли оянда ба Донишгоҳи тоҷикӣ-славянӣ дохил шавам, вале ҳоло гуфта наметавонам, ки ба кадом факултет, инашро бо падарам маслиҳат мекунам.

– Ба бозиҳои Чемпионати футболи кишвар меравӣ?
– Ба бозиҳои дастаи «Истиқлол» баъзан меравам ва ин дастаро дастгирӣ мекунам.

– Беҳтарин бозигарони чемпионати кишвар ба фикри ту кист?
– Хуршед Маҳмудов, Нўъмон Ҳакимов ва Юсуф Рабиев.

– Чемпионатҳои футболи кишварҳои хориҷиро тамошо мекунӣ?
– Дар чемпионати Русия мухлиси дастаи «Рубин» ҳастам, чунки дар ин даста тоҷикон ба монанди Мўҳсин Муҳаммадиев кор мекунанд ва ҳамчунин дар дубли ин даста тоҷикбачаҳо низ бозӣ мекунанд. Аз дастаҳои аврупоӣ мухлиси дастаи «Манчестер Юнайтед» мебошам ва умуман мухлиси футболи англис ҳастам.

– Кумират кист?
– Криштиану Роналду. Фикр мекунам техникае, ки ин бозигар дорад, шояд ягон нафар надошта бошад.