Зоир Бобоев: «Нисбати Тоҷикистон хусумат доштанд»

Сӯҳбати Ганҷина Собирова, «Гол»

Тими мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар қувваозмоии гурӯҳи «В» ҷойи дуюмро гирифта, соҳиби роҳхат ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё гашт. Дар комёб гаштан ба ин роҳхат сармураббии даста Зоир Бобоев, ёрдамчиёни вай Зайниддин Раҳимов, Олим Шарипов, духтури даста Равшан Юлдошев ва футболбозони даста саҳм доштанд. Ҳабарнигори мо Ганҷина Собирова баъди бозгашти даста аз сафар, бо сармураббӣ Зоир Бобоев бо чанд савол муроҷиат кард

zoirboboevПеш аз ба мусобиқа рафтан, даста чӣ гуна омодагиҳо дид?
– Ҳамаи тамринҳоямонро дар Душанбе гузарондем. Хусусан як моҳи охир ҷиддӣ машқ кардем, ки натиҷааш дар мусобиқаи калон мусбӣ буд. Дастаи «Истиқлол» ба мо иҷозат дод, ки дар майдони онҳо машқ кунем, барои ин мо аз роҳбарияти даста, президенти клуб Шоҳрух Саидов ва директори майдони варзишӣ Палвонов миннатдорем. Дастаи мо бо тими «Истиқлол» ду бозии рафиқона гузаронд. Бисёриҳо мепурсанд, ки барои чӣ маҳз бо ин даста бозӣ кардед? Ба ҳама маълум аст, ки дар тими «Истиқлол» бозигароне бозӣ мекунанд, таҷрибаи бозӣ дар чемпионати ҷаҳон доранд. Ҳаминро ба назар гирифта хостем, ки дастаи наврасон низ аз онҳо ибрат гиранд. Бозии аввали мо бо ин даста бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфта, дар бозии дуюм мо бо ҳисоби 3:0 бой додем. Вале новобаста аз ин мо малакаи бозиамонро зиёд кардем. Ҳамчунин, бо дастаи «Гвардия» низ як бозӣ доштем, барои мусоидат аз роҳбари даста Сулаймон Миралиев низ  миннатдорем.

– Дар ин мусобиқа ҳарифи асосии дастаи Тоҷикистон кадом тим буд?
– Ба фикрам, ҳамаи дастаҳо пурқувват буданд. Ҳангоме ки тақвими бозиҳо муайян шуд, бисёриҳо мегуфтанд, ки ба дастаи Тоҷикистон омад накард. Дар ҷавоб мегуфтам, ки баръакс, ба мо омад кард ва мо имкон пайдо кардем, ки бо дастаҳои пурқувват бозӣ карда, қувваи худро санҷем. Масалан, яке аз дастаҳои пурқувват дастаи Баҳрайн буд, ки дар он ҷо мутахассисони хориҷа кор мекунанд. Онҳо шароити хуб доранд. Бо ин даста рўзи 5-октябр бозӣ доштем ва ин бозиамонро ба рўзи бузургдошти Имоми Аъзам бахшидем. Чун ин бозии аввал буд, бачаҳоро каме ҳаяҷон пахш карда буд. Баъдан, бозигарони баҳрайнӣ хеле қадбаланд буданд, фикр мекунам, ки синну солашон ҳам калонтар буд. Ва ин ба ҳама маълум буд, вале новобаста аз ин мо тавонистем, бо ҳисоби 2:0 ѓалаба кунем. Ҳарифони асосии мо  дастаҳои Баҳрайн ва Эрон буданд, вале мо ба ҳама вохўриҳо тайёрии ҷиддӣ доштем. Бозигарони мо ба майдон танҳо ба як хотир, ба хотири ѓалаба мебаромаданд.

Доварон дар кадом сатҳ ҳакамӣ намуданд?
– Ҳакамӣ дар сатҳи баланд буд. Миллатпарастӣ накарда, ҳар хатову иштибоҳе буд, ба назар гирифта мешуд. Довароне, ки дар чемпионати Тоҷикистон доварӣ мекунанд, бояд аз онҳо омўзанд ва ба ягон дастаи алоҳида набояд, ки ҳусни таваҷҷўҳ дошта бошанд. Чунки онҳо барои ин корашон маош мегиранд ва бояд софдилона меҳнат кунанд.

– Ҳисоби бозӣ бо эрониҳо дуранги бегол буд. Қуввасанҷӣ бо қаҳрамони феълии Осиё душвор набуд?
– Пеш аз бозӣ бо эрониҳо мо танҳо як рўз истироҳат кардем, ки ин хеле кам аст. Бозигарони дастаи Эрон маълум буд, ки аз мо калонанд. Ман ҳатто ба мураббии онҳо ва комисари бозӣ муроҷиат карда, пурсидам, ки бозигаронашон чандсолаанд? Онҳо дар синну сол аз футболбозони мо калон ва бузургтар буданд.  Аз ин рў, мо дар майдон, ба хатти ҳимоя бештар диққат додем. Мақсади мо бой надодан буд ва мо ба мақсадамон расидем.

– Ҳолати майдон чӣ гуна буд?
– Ҳолати майдон хуб буд. Бояд қайд намоям, ки на танҳо майдон, балки тамоми шароит ва хизматрасониҳо дар сатҳи баланд қарор дошт. Сар карда, аз меҳмонхона, хўрок, автобус то ба майдонҳои варзишӣ мо ягон мушкилӣ надоштем.

– Дар дастаатон аз капитани даста сар карда чор бозигар бо номи Дилшод доред…
– Бале, дар дастаи мо чор Дилшод бозӣ мекунанд, ҳар яки онҳо дар майдон аз ўҳдаи вазифаи худ ба хубӣ мебароянд. Дилшод Расулов капитани даста, Дилшод Саломов, Дилшод Халиқов ва Дилшод Каримов ин футболбозон бешубҳа ояндаи футболи тоҷик хоҳанд буд. Ҳамчунин, бояд қайд намоям, ки дарвозабони даста Баҳодур Шамсов дар ин бозиҳо маҳорати хуби дарвозабониашро нишон дод. Барои он, ки ин бачаҳо ояндаи хуб дошта бошанд, мо бояд онҳоро аз назар гум накунем. Ва онҳо ҳамеша зери назорати мутахассисон ва ФФТ бояд бошанд. Мо дар даста онҳоеро ҷамъ намудем, ки ҳиссиёт ва ифтихори миллӣ доранд.

– Пас аз шубҳаи комиссияи КФО дар синну соли футболбозон чандин бозигар бояд аз ташхиси тиббӣ мегузаштанд. Натиҷаи ниҳоӣ чӣ шуд?
– Худи ман низ даъво кардам, ки бозигарони баҳрайниро аз ташхис гузаронанд. Аз ҳар даста панҷ нафарӣ бозигарон аз ташхис гузаштанд. Албатта, ин фикри шахсии ман аст, вале ба ҳар ҳол ҳамон нафароне, ки ин ташхисро мегузаронданд, нисбати Тоҷикистон хусумат доштанд. Дар бораи ҳарифони мо бошад, онҳо мегуфтанд, ки ин бозигарон синну солашон калон несту бузургҷусса ҳастанд.

– Дастаи шумо бо зиёд будани як корти зард ҷои дуюмро гирифт, вагарна таносуби бурду бохт ва тўбҳои шумо бо эрониён баробар буд. Ин ҳолат шуморо маъюс нагардонд?
– Ин ҳангомаи варзишист. Кортҳои зарди мо зиёд набуд, балки баробар буданд. Хато аз тарафи комисари бозӣ шуд. Шояд ин барқасд буд, шояд комиссар дар ҳақиқат хато кард, намедонам, вале то он даме, ки мо иштибоҳи комиссарро исбот кардем, 8-10 дақиқа гузашта, футболбозони мо бо ҳариф даҳнафара бозӣ карданд. Баъд комиссари бозӣ бахшиш пурсиду бозигари мо боз ба майдон баромад. Яъне, ки ин кортро, бе ягон сабаб ба бозигари мо дода, дар охир ҳисоб карданд. Аслан бо эрониҳо баробар, яъне 6 кортӣ доштем ва  корти ҳафтумро мо бо хатои комисар гирифтем. Шояд агар эътироз мекардем, дар ҷавоб мо бо дастаи «Эрон» як бозии дигар мегузаронидем…

– Аз рафти бозиҳои чемпионати кишвар чӣ хабар доред? Ба фикри шумо, кадом даста имсол чемпион мешавад?
– Албатта, ҳамчун мутахассиси ин соҳа, ба ҷараёни футболи кишвар таваҷҷўҳ дорам. Чемпионати имсола бисёр хуб гузашта истодааст ва чанд даста барои ҷойҳои намоён мубориза мебаранд. Солҳои пеш дар ҷои аввал танҳо тими «Регар ТадАз» буд, имсол дастаҳои «Хуҷанд» ва «Вахш» низ барои пешсафӣ мубориза мебаранд. Кадом даста чемпион мешавад, ҳамчун мутахассис ман ҳеҷ гоҳ таҳлил намекунам. Мехоҳам дар мусобиқоти кишвар тимҳои ба монанди дастаи «Истиқлол», «Регар ТадАЗ», «Вахш», «Хуҷанд», «Парвоз» зиёдтар бошанд. Чунки инҳо дастаҳоеанд, ки барои бозигарон шароити хуб муҳайё мекунанд. Агар чунин дастаҳо зиёд бошанд, пас чемпионати Тоҷикистон дар сатҳи баланд мегузарад. Ҳар дастае, ки хуб бозӣ мекунад, бигузор ҳамон чемпион шавад.

– Фикри шумо дар бораи футболи занона?
– Ба футболи занона низ бояд шароит муҳайё намоем. Духтарони мо низ аз дигарон кам нестанд ва онҳо ҳам метавонанд дар назди худ мақсад гузошта ба мақсад расанд. Баъзан ҳангоме, ки онҳо медаванд, дилам ба онҳо месўзад, онҳо ҳатто бо бачаҳо бозӣ мекунанд. Дар маҷмўъ бошад, ба ояндаи футболи тоҷик бовар дорам