We Missed You, “Pamir”!
Бахтиёр Файзуллоев, махсус барои «Футболи Тоҷикистон»
Навор аз ТВ ва садо аз радио…
Солхои охири солхои 80-ум баъзе бегохирузхо дар дашти тасфони Зафаробод шохид мегашти, ки бисёр одамон, гайриодди, яъне барвакттар аз охири рузи кори ба суи хонаашон мешитофтанд. Яке бо мотосикл, дигаре бо харароба, саввумӣ бо трактору велосипед…
Сабаби чунин шитоб бозии «Помир» буд. Он солхо коидахои кор хело вазнин буд. Аммо дар ёд надорам, ки ягон рохбар садди ин амали кормандон мегаштанд. Масалан, тагоям, ки яке аз ашаддитарин мухлиси Помир буд, бо трактори сечархаи култиватор рост аз дохили майдони пахта ба хонааш меомад. Барои ин амалаш хеч гох аз бригадиру дигар рохбар танбех хам нагирифтааст, зеро худи директории совхозу бригадир ва хама мухлиси дастаи Помир буданд. Хурдсолон, ки одатан, ба чаро бурдани гусфандон машгул буданд, навбат ташкил мекарданд ва бо навбат бозихоро тамошо мекарданд. Онхое, ки дар чаро буданд, бозиро тарики радио гуш мекарданд.
Телевизори ранга он вактхо кариб ки набуд. Хама бо телевизори сиёхусафед тамошо мекардем. Он вактхо мавчи телевизиони точик хело бад пахн мешуд (Алалхусус дар н.Зафаробод, ки се тарафашро Узбекистон ихота кардааст). Одатан, хамсояхои гирду атроф дар хонаи мо чамъ мешуданд. Телевизори Кварц-306 доштем. Як дафъа телевизорамон вайрон шуда буду, бозиро дар хонаи хамсояамон тамошо кардем. Он бозиро мо бо муттахид кардани телевизору радио тамошо карда будем (Бози бо Динамои Минск буд). Яъне навори телевизор бе овозу, овоз бошад тарики родиё.
Овоз – овози ширини Нарзуллох Латипов буд, ки хар як бозии Помирро бо калимахои: «Ассалому алейкум мухлисони футбол, хаводорони командаи Помир…» Чи садое фораме дошт, Нарзулло. «…Хучуми футболбозони точик аз тарафи рости майдон Батуренко, пас вай тубро ба Мухсин мепартояд. Зарбаи сахти МУХСИН…Афсус, ки туб ба болочуби дарвоза бархурда аз майдон берун мешавад…»
Садояш аз гуш то хол намеравад. Уро шорехи русзабон Борис Комм хамрохи мекард.
Вақте мардҳо мегирянд….
Дар хамон бози дар вакте мо бозиро бо хисоби 1-2 бохта истода будем, довар баъди симулятсияи Рашид (дар ин бобат вай хамто надошт) чаримаи 11-метра таъин кард. Ба сари туб Мухсин омад. Мо хама якдигарро табрик мекардему, бовари доштем, ки ин бозиро мо албатта мебарем (Як мехмонхонаи (зали) калони хонаи финский пури мухлис буд, сар карда аз бригадир то ба почталёну муаллим).
Аммо…
Туби задаи Мухсинро Сасункевич баргардонд ва боз зарбаи дигари хато накунам ё Вазген буд ё Батуренко (ачиб ин нимхимоятгар ягон бор гол назада буд, аммо чи тавр тубхои кунчиро ичро мекард…) аз майдон берун рафту, хама лол монда будем… Баъди тамом шудани бози ба руи баъзе мардако нигах карда намешуд, аз чашмонашон оби дида мерафт. Мегиристанд.
Ман инро хеч гох фаромуш намекунам!!! Чун дар хаётам бори аввал дида будам, ки мардаки каппа-калон мегирист!!! Баъдтар, дар вакти марги чавонмарде гиристани мардакхоро дида будам!
Ба футбол дар бағоҷ
Як сол (ба фикрам бахор буд) дар шахри Хучанд бозии рафиконаи Помир (Д) ва Динамо (К) баргузор шуд. Маркази вилоят аз шахраки мо (Зафаробод, шахраки Гулистон) зиёда аз 100 км дур аст. Он вактхо мактаббача будем, вале мухлиси Помир будем. Хатто духтаронамон мухлиси мекарданд (Ба хурмати Худо рост мегуям). Хуллас, моро аз дарс чавоб доданду чанд нафар муаллимон хам ба футбол равон шуданд. Директори мактаб бо мошинаш ва чанд нафари дигар.
Он руз як хамсинфам – писари директор ба дарс наомада буд. Вай хануз нисфирузи ба багажи мошин руст шуда будааст. Мехостааст ба футбол хатми равад. Хуллас, падар аз ин хеч огахие надораду рохи сафарро пеш мегиранд. Нав аз шахракамон берун мешаванд. Мошин бо суръат чукуриеро мегузарад, ки доду войи бечора хамсинфам баланд мешавад. Хама аз тарс кариб ки… Фаромада мебинанд, дар хеч чо хеч кас нест. Хама хайрон, чи кор карданро намедонанд, охир хама шунида буданд, садои дардноки кудаконаро.
Як муаллимамон ба фикре меояду багочи мошинро мекушояд, ки эх-хе… Бечора чунон сарашро зада гирифтаст-ки!!! Хун аз пешониаш мерафт. Хуллас, баччаи бечораро бурданд ба духтур, баъд ба хонаашон партофтанду, ба футбол набурданд.
Баъд пагох ба мо накл карданд, ки агар хато накунам, мо бозиро 0-1 бой додем. Рашид чаримаи 11-метраро назада будаст.
Дербиҳои тоҷикону узбакҳо
Як бозии дигарашро Помир бар Пахтакор бохта буд. Бозиро баъзе аз бозигарони точик фурухта буданд (Кажется, якеаш Игор Витютнев буд (раками 4 дошт, агар хато накунам, ба хар хол якбор кофтан даркор, шояд Нарзулло Латипов ёд дошта бошанд). Он бози барои мо ягон фоидае намеовард, мо поёну боло рафта наметавонистем. Аммо барои Пахтакор ин бози хеле зарур буд. Такдираш дар Лигаи оли хал мешуд.
Ана баъд пагох дар мактаб киёмат шуд. Мо (яъне точикбачахо) бо бачахои узбак чунон задухурд кардем, ки… Одатан мо узбакхоямонро факат мезадем. Бо мо футбол бози мекарданд, мо хеле номарди мекардем. Факат мезадем, меафтондему боз дашномхои гушношуниди кабех мекардем. Хуллас хело номарди мекардем. Аз нигохи бози вайхо дар бисёр холат аз мо зуртар буданд. Онхо нисбати мо бузургчусса буданд ва якдигарашро хеле хурмат мекарданд. Мисоли одди бо якдигар «шумо-шумо» доштанд. Кадом бачаи точик якдигарашро «шумо шумо» мегуяд? Дар чануб бошад, хатто аз худ калонро «ту» мегуянд.
Хуллас зури муаллимон барои чудо кардан ин чанг нарасид. Хатто участкавой хам очиз монда буд. Чанд муаллими чавон пинхони бо мо хамзабон буданд. Бо хархашахои зиёд чангро пушониданд. Ман дигар ёд надорам, ки баъди ин дар мактабамон байни узбаку точик ягон хел мусобика барпо шуда бошад.
Холо бошад, хамон узбаконамонро мебинаму шарм медорам аз аблахихоямон…
Аз хама бадаш дар пеш буд. Рузи баъд узбакони поселка чамъ шуданду дар назди идораи совхоз гирдихамои карданд. «Ажрат…Ажрат…» (яъне «Чудокун… Чудокун…») Хархаша хело калон шуда рафта буд…Узбакон хатто ба вилояти Сирдарёи Узбакистон мурочиат карданд. Лек дар чавоб раиси ин вилоят гуфта будааст, ки мо ба ин кори шумо хамрох шуда наметавонем. Хуллас баъди ин номаъкулихо ба узбакон хам рахмдили пайдо шуд.
Марадонаи «Помир»….
Ха фаромуш накунам, шояд ин анъана дар хама чо ба чашм мерасид: дар ягон тую маърка дар вакти сухани табрики мегуфтанд: «Ширин шавад шакар шавад, аввалинаш писар шавад – Марадонаи Помир шавад…
Эхххххх.
А, фаромуш накунам, чанд нафар аз мухлисони ашаддии Помир аз посёлкаи мо ба бозии Помиру Пахтакор ба Тошкент рафта буданд. Онхо ба сектори узбако мешинанд, вакте мо гол мезанем, хайр инхо хам доду вой мекунанд. Аз боло бошад, узбако бо туфливу боз кимчихои дигар бачахои моро бомбаборон мекунанд. Баъди ин чиммакак, боодобона бозиро то охир тамошо мекунанд. Аз стадион бошад бо хамрохии милисахо баромадаанд.
Бахтиёрчон, ташаккур, нагз навиштед!!!
Намехохед бо ВС хамкори кунед? Матнхоятонро пештар хонда будем, ба забони руси хам хуб менависед. Чавоби шуморо интизорем.
Ээээхееее, рахмат ако. Ман кучою “хамкори” кучо! Ман филолог хам нестам, аз кучаи филология хам нагузаштаам, ихтисосам бошад тамоман дур аз варзиш – физикаи хаста (ядро).
Хайр, инчо чизи будагиро руи когаз овардам, тем более, аз нигохи варзиш дур. Фикр кардам, ки акои Фоловар матнро як маротиба хонда, каме ба футбол наздик мекунанд, аммо он кас хам бетараф монданду, лоакал баъзе хатоихоро хам ислох накарда чоп кардаанд 🙂 Баъд, охир хама гапхоро руи рост навиштан… ин аз руи одоб не.
Не ако, Агар ягон хизмат бошад ман тайёру… Лекин бовари дорам, ман аз ухдаи хамкори (ягон кор) намебароям 😉 .
Як чахон ташаккур 🙂
—-Матнхоятонро пештар хонда будем, ба забони руси хам хуб менависед. —-
Кадом матнхо? 🙂 Бори бори аввал аст, ки ба ФТ макола додам ва ин хам бо точики-ку? 🙂
Дар як форуми Русия хонда будем. Агар хато накунем, Шумо дар Хучанд зиндаги мекунеду, аслан аз Бадахшон???
Ё аз Панчакент???
🙂 Хо, дар шахри Хучанд зиндаги мекунам. Аз Зафаробод хастам. Аслан аз Ягноб.
Аааа — ана кадом форумро Шумо дар назар доред, фахмидам. Он чо акцент ба русхо карда будам, ба мисли он ки мо бештар ба футболи рус нигох мекунем ва г. зеро иштироккунандагони он асосан русзабон хастанд, ман барои ба русхои имруза, ки умуман дар бораи футболи точик маълумот надоранд каме русчолибкунак карда навиштаам, ки хуб нест, аммо ончо баъзе чунин суханхо зарур буд…
Ман бахшиш мехохам аз шумо бародарон, Ба хурмати Худо ман намедонистам, ки ончо точикон медароянд, (тем более намояндагони ВС)…
Бахтиер, ягнобиро низ балад хастед?
Вокеан, акаи Нарзулло хохишхои шуморо дар бораи сабти гузоришхо ичро карданд, фардо-пасфардо дар интернет хоед дид.
дар Зафаробод ягон вакт дастаи футбол буд? Професиионали манзурам.
Ташаккур Бахтиёрчон барои маводи чолибу хондани ва зинда кардани хотироти он рузхои пурсаодат
Ассалому алейкум бародарон!!!!!
Ба номи Худо, асло бовари надоштам, ки дигар аз он бозихо садое мешунида бошам.
Чанд руз дар командировка будам, ба интернет “доступ” надоштам.
Бехтарин “тухфа” дар хаётам – сабти садои бозии Помир бо садои ширини Нарзулло Латифов!!!
Акои Фолловар!!! Барка ёбед!!! Садсола шавед!!! Ин хизмататонро асло фаромуш намекунем!!!
Не-а, ягнобиро балад нестам 😦 Волидайнам низ бо забони точики харф мезананд.
Дар Зафаробод дастаи профессионалии футбол буд агар хато накунам холо хам хаст. Пештар “Мироб” (дастаи ИДХОЗ – Идораи Давлатии Хочагии Оби Зафаробод – рохбараш яке аз бехтарини нохия Кудратулло Давлатов) буд. Баъд, бо проблемахои молияви даста баромадашро катъ кард. Соли гузашта дастаи Искандар буд. Ин дастахо дар чемпионати вилоят баромад мекаранд. Имсол – намедонам…
Дар даврахои Шурави хам як дастаи професионали буд. Агар хато накунам “Зафар”.
Анакнун шунидед, чи гуна командаи футбол дошта буданд точикон!!!
Садои Нарзуллох Латифов чи!!! Кас хис мекунад, ки дар хамон бозихо иштирок дошта бошад. Дар худи Москов садои мухлисон: “Помир-Помир…”-ро шунидед?! Бородюку Доброволскию дигару дигараш бозигарони мунтахаби СССР буданд!
Бародарон, дар расми аввал кихоро шинохтед?
Mohsen Mohammadiev – аз тарафи чап дуввум нафаре ки нишастааст
Бародаро фаъол бошед, наход хамон кахрамонхоро нашиносед?
Стадиони Динамои Минск (аввал ба ман гуфта буданд, баъд чанде кабл бо чашми худам дидам). Нисбати ному насаби Аличон Рафиков якчанд назар буд:
1. Аличон Рафиков;
2. Аличон Рафк,ов;
3. Олимчон Рафик,ов;
4. Олимчон Рафиков
🙂 Кадоме дуруст аст?
Ой бубахшед иштибох шудааст:
2. Аличон Рафик,ов
Дар расм уро мебинед?
вакте Олимчон Рафиковро ин чо мечустем дар соли 2009 тасаввур хам намекардем ки ба ТЧК барои кор меояд а…
🙂 Рост гуфтед 😀
Охир дигароша намешиносум ман шахсан – факат Мухсину Рашид
ЧАВОБ БА БАХТИЁРЧОН!!!!!
—————————————–
Рости гап, вакте, ки «Помир» дар лигаи оли баромад мекард, ман хурдакак будам. Он вакт ман мухлиси футбол набудам, мухлиси «лянкабози» будам.
Аз ин сурат он нафароне, ки ман мешиносам.
Ба фикрам:
РЯДИ ПОЁН АЗ ЧАП БА РОСТ: Азамат Абдураимов (намедонам, мумкин хато кунам), Мухсин Мухаммадиев (точно!), Сергей Мандреко (точно!), мистер Х???????? (зарди муйсардарозро намедонам, ки бошад), Юрий Батуренко (ё Воловоденко бошад? Ба фикрам, Батуренкоро пояш качала буд).
РЯДИ БОЛО АЗ ЧАП БА РОСТ: мистер Х (намешиносумша), мистер Y (не знаю, кто это), мистер Z (ба фикрам Заздравных), Хаким Фузайлов, Андрей Мананников (Мананикова кампири 120-сола бояд дона), Рашид Рахимов (о, мистер, симулянт!!!)
Ин сурат аз кадом бози? Соли чанд? Дар кучо буд бози?
Соли 1991 Бози бо Динамо Минск.
Пои качал асосан ба Сысенко тааллук дошт 😉
Бачахои мо баъзе хаминтавр качпохоро “Качали Сысенко” мегуфтанд.
Батура-испольнитель угловых-это точно аз тарфи рост.
Абдуманон – чи? Киро Абдуманнон мегуфтанд?
Манучехр Шумо дар сурат ёфтед уро, факат у ки буд?
Кани бародаро фаъолтар шавем. Ман боз сурате меёбам, ки чистон дорад 😉
Ээээээ, намедонам.
Шумо бигуед, ки дар хозира футболи точик киро “шамол”, “однако”, “коллина”, “буффон” мегянд, ман чавоб митиям. Гуфтестам ку, солхои 1989-1991 вакте, ки Помир дар лигаи оли баромад мкард, ман хурдакак будам. Онвакт ман мухлиси футбол набудам. Ман мухлиси СПАРТАК-и МАСКАВ аз мобайнхои соли 90-ум.
Аслан ба ду тим мухлиси мекунам:
1. Спартак
2. Дастахои мунтахаби Точикистон (юноши, молодежи, национальная)
Памир (Душанбе) – Зенит (Ленинград)
2:0 (1:0)
Судьи: Ю. Савченно, Н. Панькин (оба – Москва), А Кулаков (Алма-Ата).
14/10/1989. Душанбе. Республиканский стадион имени М. В. Фрунзе. Солнечно. 22 градуса. 20000 зрителей.
“Памир”…………………………………………..”Зенит”
А. Мананников……………………………….М. Бирюков
Х. Фузайлов…………………………………….С. Подпалый
И. Сартаков……………………………………А. Степанов
И. Витютнев……………………………………А. Захариков (Д. Радченко, 57)
А. Рафиков……………………………………..А. Афанасьев
В. Ермолаев………………………………….Н. Ларионов
В. Заздравных……………………………….Д. Баранник
Ю. Батуренко………………………Ю. Желудков (В. Иванов, 74)
Н. Азимов (П. Мванза, 76)…………….Б. Чухлов
Ч. Мухадов (В. Манасян, 85)………….Б. Матвеев
М. Мухамадиев……………………………..Н. Воробьев
Н. Азимов (1:0), 41
М. Мухамадиев (2:0), 70
waw. наход рузхое буд ки мо Зенитро шикаст медодем???????????
Дар ёдам хаст ин бози. Додом гуфта буданд, ки бояд бояд ва бояд баранд ин бозиро. (Ба мисли 2*хонед + хонед 8)
Хамон сиёхпуст ба бози баромада буд.
Дар даврахои огози бесарусомони мардуми мо Манасянро сур карда буданд (Ёд доред армянхоро пеш карда будем-ку) 😆
Бечора хайрият бозии “прошалный”-ашро гузаронда буд, дар Душанбе бо Спартак.
Баъд Гертнер гурехта буд… (немис-дия)
Падарам мегуян Азимов дар кадом бозие зарбаи чаримавиро ичро мекунад. Туб ба сари яке аз бозигарои девористода бармехурад. Короче, сотрясенияи мозг!!! 😈
Ана хамон Алекс Гертнер Алекс Азимовро хам ба Олмон мекашаду мебарад 🙄
“Советский спорт” :
С первых минут матча вратарь гостей Бирюков – постоянно в игре. И его несомненная заслуга в том, что до перерыва мяч лишь однажды побывал в воротах “Зенита”.
Хорошее впечатление произвел новобранец “Памира” Чары Мухадов, впервые выступавший перед душанбинскими зрителями. Дважды после его точных и коварных ударов головой Бирюков в акробатических прыжках спасал свою команду от, казалось бы, неминуемых голов, перебрасывая мячи за линию ворот. Развязка наступила несколько неожиданно. В конце первого тайма Захариков уложил на газон Мухамадиева, и Азимов, словно в бильярдную лузу, вколотил мяч с 11-метровой отметки в левый от Бирюкова нижний угол ворот.
В дальнейшем ситуация на поле несколько выравнялась, и уже не раз приходилось вступать в игру Мананникову. А вот на 60-й минуте своего вратаря выручил капитан “Памира” Ермолаев, отбивший мяч, который летел в незащищенные ворота.
И все же переломить ход встречи зенитовцы так и не сумели. Видимо, трудное турнирное положение давило на них тяжелым грузом, не позволив полностью раскрепостить себя. А когда отличная передача с фланга Азимова нашла неприкрытого Мухамадиева, и тот неотразимо забил второй гол, стало ясно, что свой шанс ленинградцы окончательно упустили.
Для всех же болельщиков республики победа “Памира” явилась настоящим подарком к знаменательной дате – 65-й годовщине Таджикской ССР, образованной именно в этот день – 14 октября 1924 года.
В. ЮРЕСКУЛ.
Хуб, имруз хамон Зенит дар Казон ду гол сар дода, Рубинро кахрамон хохад кард.
Иншооллох!!!
Мухсин дар ёд дошта бошад хамон голашро-а? Баъд такдири хамон сиёхпустон чи шуда буд. намедонед?
Ба фикрам онхо бо мунтахаби Замбия ба садама бархурда халок шуда буданд
😯
Дата рождения: 21-окт-1966.
Гражданство: Россия .
Мухсин Мухамадиев
все голы за российские команды
Рост: 172 см. Вес: 65 кг.
Выступал за клубы: «Памир» Душанбе, «Локомотив» Москва, «Спартак» Москва, «Локомотив» Нижний Новгород, «Торпедо» Москва, «Шинник» Ярославль, «Арсенал» Тула, «Витязь» Подольск.
Профиль игрока: • КЛИСФ / Футбол в цифрах • Официальный сайт болельщиков ФК «Спартак» Москва
Всего за российские команды на высшем уровне*: 173 игры, 52 гола
Год Игры Голы Сборная Клуб Чемпионат Кубки Еврокубки
1992 22 7 Локомотив М 22 7
1993 20 6 Локомотив М 19 5 1 1
1994 21 9 Спартак М 15 6 1 2 5 1
1995 19 9 1 1 Спартак М 15 7 2 1 1
1996 32 11 Локомотив НН 31 11 1
1997 31 7 Локомотив НН 26 6 5 1
1998 15 2 Торпедо М 14 2 1
1999 12 1 Шинник 11 1 1
2001 1 Арсенал Т 1
Итого Игры Голы Сборная Клуб Чемпионат Кубки Еврокубки
173 52 1 1 153 45 8 4 11 2
“Памир” (Душанбе)-“Спартак” (Москва)
5:1
Душанбе. Республиканский стадион имени М.В. Фрунзе. 13 октября. Солнечно. 26 градусов 15000 зрителей.
Судьи – В.Жук (Минск), И.Майоров(Витебск), Е.Сережкин(Могилев).
Памир: Мананников, Фузайлов, Воловоденко, Рафиков, Мамаджанов, Постнов, Мухадов(Манасян 83), Батуренко, Базаров( Сергей мандреко 85), Забиров, Мухамадиев.
Спартак: Станислав Черчесов,(во бля) Базулев, Василий Кульков*капитан, Дмитрий Попов, Олег Поздняков, Имреков(Дмитрий Хлестов 63), Перепаденко, Игорь Шалимов, Валерий Шмаров, Александр Мостовой,(!!!) Олег Иванов(Абдураимов 63).
голы: Мухамадиев (6 с пен. и 30), Мухадов(25), Базаров(33), Забиров(88), Валерий ШМАРОВ (90 с пен.)
Предупреждены- Базаров – БАЗУЛЕВ
Эъ 20- хазор набуд-ми?
Ман ин бозиро нагзакак дар ёд дорам. Прямая трансляция нашуда буд. Сабташро нисфи шаб нишон доданд. Яке ганабам бурдаасту Бозиро бе ман тамошо карданд. Ох мотам гирифта будаме!!! 👿
Ох орзуе доштам хамон бозиро як боракак тамошояш кунаме…
Рашид хам набуд дар бози? Стас, Кульков, Шалимов, Шмаров, Мостик ино хама аз чумлаи сборникхо буданд….
Хееееееееееее хайфи хамон даврахо
Мо ки хама хурдсол будем, он кадар дар ёд надорем бозихоро. Аммо суханхои мухлисон, бозиро бо хам тамошо мекардем ёд дорам. Масалан, нисбати Мухсин, якеаш факат мегуфт: “Э боз хам тубро пушт ба дарвоза мегирад…” Яъне хангоми кабули туб у на руй ба суи дарвозаи хариф балки пушташ ба суи дарвоза аст. Аз чунин лахза на хар кас истифода бурда метавонад… Ана хамин хел Мухсин доштем, ки уро бо навозиш Мухсинча хам мегуфтанд… 😳
Шариф Назаров дар ягон клуби Германия мураббиги карда аст, магар ??????
Аз зарбахои Азимов хатто худи великий Чанов мехаросид. Инро ман худам хонда будам! Вакте аз вай интервью гирифта буданд, хамин суханхоро гуфта буд.
Баъд дар дахони мо футболистони номии куча 😆 “удари азими” пайдо шуда буд. Яъне зарбаи хело сахт.
Вакте дар кадом як бози Валерка тубро бо усули “кайчи” ба тури дарвозаи хариф карда буд, мо хам бароварда будем.
Эъ.. Барои чи хамааш чоп нашуд.
Баъди голи Заздравных мо чунин ичрои зарбахоро “удари ни-нихи” мегуфтем.
🙄
Чанов – ин Виктор аз Дынамо Киев…
Неееее Шариф Назаров дар кадом давлати Араб ё Африко ( 🙄 ё шояд Бахрейн буд ?) тренери кардааст. Ман дар боло гуфтам, ки Александр Гертнер (дарвозабони дуюми Помир, бечора ягон бор дар “основа” бози накардааст) Алекс Азимро ба Германия кашида бурда буд…
Хамин кадар мухлисони ноинсоф дошт худорахматии “Помир”-ки: Владимир Ермолаев дар кадом бози як иштибохи “бузург” мекунад. Ампулааш “либерро” буд,
.
Хуллас дар як вохури ба чои он ки тубро зада аз майдон берун кунад (барои ин вакт дошт), саргарми чи кор мешаваду баъд харифро зада меафтонад 😈 (албатта дар чаримагохи худамон). Ана баъди хамин хатои кудаконааш, вайро дигар он кадар чашми дидан надоштем-ки… Шиками бечораро расо хаккорат мекардем. Мардаки тануманддори ишкамбадор буд
(Игорь Черевченко)
Как получилось, что семь лет назад из Душанбе вы отправились играть в Германию?
…..Сезон-93/94 я действительно провел в немецком клубе второго дивизиона, куда меня пригласил таджикский тренер Шариф Назаров, работавший тогда в Германии. Хотя я даже названия той команды не помню. ….
бА ИН ЧИ МЕГУЕД ?
Вааауууу. ана инашро намедонистам…. 😆
Dilovar, on November 21st, 2009 at 16:54 Said:
(Игорь Черевченко)
Как получилось, что семь лет назад из Душанбе вы отправились играть в Германию?
…..Сезон-93/94 я действительно провел в немецком клубе второго дивизиона, куда меня пригласил таджикский тренер Шариф Назаров, работавший тогда в Германии. Хотя я даже названия той команды не помню. ….
бА ИН ЧИ МЕГУЕД ?
——————-
——————–
——————-
Игорь Черевченко дар интервьюаш хато кардааст. Шариф Назаров ягон бор дар Олмон мураби нашудааст.
Ба фикрам, у Шариф Назаровро бо писараш Ораз “перепутать” кард. Касе агар ёд дошта бошад, Ораз аввалхои соли 90-ум дар дастахои Фортуна Дюссельдорф ва Бетцдорф бози кардааст. Шояд, Игорь Оразро дар назар дошт.
Дар он чо на бозингар балки, мурраби, гуфтааст ва кайд кардаги аст, ки кор мекард.
Ман хам дар таасуб мондам, вакте,ки ин мухосибаро хондам….
akai Bakha, bravo baroi makola!
Хеч гап не ако, просто баъзе тахлилхоро овардам. Афсус, фотоаппаратамро бо худ нагирифта будам…
Эъ Шумо Хучанду Регарро дар назар доред охир?
ne, man hamin makolai Pomirro dar nazar doshtam, chand bor shud allakay ki inro mekhonam, masalan hamin holo ham khondam az jumla kommenthoro…afsus mardumi kalonsol ba in blog namedaroyad to dar borai on Pomir navisad…Pomire ki nasli man namedonadash
Салом акои Бахтиёр. Маколаи бисёр хуб. Дар хакикат дилатон ба имрузи футболи точик месухтааст.
Агар барои озмуни Озоди ин маколаро пешкаш кунам, Шумо зид нестед, огои Фоловар?
Хатман пешниход кунед, маколаи оличаноб аст!
Фолловер
Хих, худам дар блоги худам комментарияро ба зур мондаме…ин чо хама нав шуда будааст ку
Аминам зид несте, уже поздно… Чун дар озоди чопаш кардаанд!
Ана он лахзахои таърихи!
Вазген Манасян дарвозаи кажется Черчесов гол мезанад!!!!
УРАААААААААААААААААААААААААА
Странно, чаро нишон намедихад ..
Хуб, ана инаш голи Муха!!!
тамошо кунеду лаззат баред!
Эээй ин голи Мухсин Мухаммадиев буд!
Правда красава-а?!!!
Ин Вазген Манасян буд!!!
Анакнун голи Мухсин Мухаммадиевро бубинед ва рохат кунед:
Хуш, голи Вазген Манасян:
Умед Джайхони
Ин навиштор замонеро ба ёдам овард ки «Помир» дар майдон буд ва ман ҳам футболдӯст будам… Офарин бар ин футболдӯст (афсус ки номашро намедонам).
“Помир”, ай “Помир”, баргард…. « Футболи Тоҷикистон
footballtj.wordpress.com
Шодиёна диҳед! “Футболи Тоҷикистон” дубора фаъолияташро бо нерӯи комил аз сар хоҳад гирифт.
21 hours ago · Like · · Share
Умед Джайхони and Parvina Ibodova like this.
Умед Джайхони Акнун донистам ки ин футболдӯст Бахтиёр ном доштааст. Офаринаш бод ки чунин торнигоре кушодааст.
21 hours ago · Like
Dariush Rajabian То ҷое, ки медонам, “Футболи Тоҷикистон” торнигори Абдулфаттоҳ Шафиев (Шаҳриёр) аст, аз аъзои фаъъоли гурӯҳи “Забони порсӣ”.
21 hours ago · Like
Умед Джайхони Аҷабо, ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем!?
Худованд нигаҳдор бод Абдулфаттоҳро ки гаҳе Бахтиёр асту гаҳ Шаҳриёр. Ҳамеша бахтёру шаҳриёр бод ин дӯстамон!
21 hours ago · Like · 1 person
Abdulfattoh Shafiev Он навишта моли Бахтиёр, бародари фарҳангиву футболдӯстдорамон ҳаст, ки ҳамеша аз бозиҳои Лигаи Олии ТҶК дар Хуҷанд ёддоштҳо ва аксҳо мефиристад.
18 hours ago · Like · 1 person
Abdulfattoh Shafiev Аммо Абдулфаттоҳ як танбалест, ки дигар, мутаассифона, торнигори футболашро дуруст ҳам барӯз намекунад. Ҳай, атанг-а…
18 hours ago · Like · 1 person