“Energetik” Unlimited Power

Пешгӯинашавандатарин дастаи Тоҷикистон дар ду соли ахир. Метавонад бар дастаи нерӯманде пирӯз ояд, метавонад аз дарвозаи худ 4 гол сар диҳад, метавонад ба дарвозаи рақиб 7 гол занад. Даста дар оғози сол ба сабқати қаҳрамонӣ бо иддае аз бозигарони моҳир омодагӣ мегирифт, вале баъдан натавонист он бозигаронро ба худ ҷалб бикунад ва маҷбур шуд, сабқатро бо футболбозоне шурӯъ кунад, ки аксаран дар ҳайъати дигар дастаҳо омодагӣ мегирифтанд. Аз ин рӯ, дар 4 бозии аввал якуякбора се бохтро чашиданд ва баъдан ин ҳама ба дили Ҳикмат Фузайлов зад ва ӯ аз даста рафт.

Ба сармураббии нав – Ибодулло Қаюмов дар аввал осон набуд, аммо бо оҳистагӣ ӯ шӯълаи бовариро ба дили бозигарони ҷавонаш ҷой дод. Исмҳои хуби нави ҷавони даста чун Шодибек Ғаффоров, ки аз «Саройкамар» омадааст ва Шавкати Ҳотам, ки ба фикрам фарзанди президенти даста мебошад, ҳамакнун сари забонҳост.

Дар марҳилаи дуввум даста танҳо як бор пешпо хӯрд, сахт пешпо хӯрд (шаш гол аз «Вахш), вале дар ҳамаи бозиҳои дигараш дигаронро пешпо дод. Аз ҷумла, шикасте, ки даста бар «Хуҷанд» овард, то андозае тақдири медалҳои тиллои имсоларо ҳал кард.

Бояд инро низ гуфт, дар оғози марҳилаи дуввум даста аввал каме ба мушкилоти молӣ гирифтор буд ва дар ҳоли пошхӯрӣ буд, вале шукри Худо ҳама мушкилот бартараф шуд. Ва агар ин мушкилот дар олси оянда низ бартараф бошад ва ҳамин ҷавононашро даста нигаҳ дорад, соли оянда барои «Истиқлол» беҳтарин дастаи Душанбе будан осон нахоҳад буд.

Марҳилаи аввал:

  • «Энергетик» 1-2 «Парвоз» (Низом Раҳимов)
  • «Истиқлол» 2-0 «Энергетик»
  • «Хуҷанд» 3:2 «Энергетик» (Сӯҳроб Ҳамидов (ду гол)
  • «Энергетик» 2:2 «Равшан» (автогол, Шодибек Ғаффоров)
  • ССКА «Помир» 1-2 «Энергетик» (Сӯҳроб Ҳамидов ду гол)
  • «Регар» ТадАЗ 4:2 «Энергетик» (Далер Шарифов пеналти, Сӯҳроб Ҳамидов)
  • «Энергетик» 5:1 «Спитамен» (Низом Раҳимов, Фариз Аскаров, Сӯҳроб Ҳамидов, Шавкат Ҳотамов, Аҳтам Назаров)
  • «Энергетик» 0-1 «Вахш»
  • «Энергетик» 7:1 «Гвардия» (Сӯҳроб Ҳамидов ду гол, Обид Исмоилов, Расул Пайзов, Алишер Улмасов, Низом Раҳимов, Шодибек Ғаффоров)

Марҳилаи дуввум:

  • «Энергетик» 4:0 ССКА «Помир» (Шодибек Ғаффоров 2 гол, Шавкат Ҳотам 2 гол)
  • «Гвардия» 0:4 «Энергетик» (Сӯҳроб Ҳамидов 2 гол, Шодибек Ғаффоров, Фарҳод Холбеков)
  • «Равшан» 1:3 «Энергетик» (Шавкати Ҳотам, Расул Пайзов, Фариз Аскаров)
  • «Энергетик» 1:0 «Хуҷанд» (Сӯҳроб Ҳамидов)
  • «Вахш» 6:1 «Энергетик» (Сӯҳроб Ҳамидов)
  • «Энергетик» 0:0 «Истиқлол»
  • «Спитамен» 0:3 Энергетик» (Пирӯзии фаннӣ)
  • «Энергетик» 3:2 «Регар» ТадАЗ (Шодибек Ғаффоров 2 гол, Сӯҳроб Ҳамидов)
  • «Парвоз» 0:1 «Энергетик» (Шавкати Ҳотам)

Голзанҳо:

  • Сӯҳроб Ҳамидов – 13
  • Шодибек Ғаффоров – 7
  • Шавкат Ҳотамов – 5
  • Низом Раҳимов – 3
  • Фариз Аскаров – 2
  • Расул Пайзов – 2
  • Далер Шарифов – 1
  • Аҳтам Назаров – 1
  • Обид Исмоилов –  1  
  • Алишер Улмасов – 1
  • Фарҳод Холбеков – 1
  • Автогол – 1

Беҳтарин бозигар:

Суҳроб Ҳамидов, кто же еше. Сӯҳроб, ба назар мерасад, ҳеҷ эҳсоси пирӣ надорад. Аҷаб, ки чаро ба мунтахаб ҷалб намешавад, ба «Хуҷанд» се гол зада метавонаду, наход ба дарвозаи Бангладеш гол зада натавонад а.

 

 

 

Ҷадвали мусобиқа:

Ҷой  Дастаҳо Б П М Ш Т/Т Х
1. «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) 18 15 1 2 44-15 46
2.  «Регар»ТадАЗ (Турсунзода) 18 13 2 3 47-14 41
3. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 18 13 1 4 36-15 40
4. «Истиқлол» (Душанбе) 18 11 3 4 41-18 36
5. «Энергетик» (Душанбе) 18 10 2 6 41-26 32
6. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 18 7 4 7 27-22 25
7. «Равшан» (Кӯлоб) 18 5 2 11 25-45 17
8. ССКА«Помир» (Душанбе) 18 2 2 14 16-42 8
9. «Гвардия» (Душанбе) 18 2 2 14 10-55 8
10. «Спитамен»    (Спитамен) 18 1 3 14 9-44 6