Мақсудҷон ИБРОҲИМОВ, ОВИ «ВС». Бознашр аз «Фан-Клуби «Парвоз»

Фатҳулло Фатҳуллоев, яке аз бозигарони бомаҳорати дастаи «Истиқлол» ва тими миллии Тоҷикистон мебошад. Ин ҳафта мехоҳем дар бораи шарҳи ҳоли ин футболбоз маълумотеро баҳри шумо пешкаш намоем.

Маълумот
Ном ва насаб: Фатҳулло Фатҳуллоев
Зодрўз: 24 март 1990
Зодгоҳ: Душанбе
Қад: 178 см
Вазн: 65 кг
Тим: «Истиқлол»
Рақам: 18
Мавқеъ: Ниммуҳофиз

Шарҳи ҳол

Фатҳулло Фатҳуллоев 24-уми марти соли 1990 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Аз кўдакиаш орзуи футболбоз шуданро дошт ва дар ин бора чунин гуфт: «Ман аз кўдакиам орзуи футболбоз шуданро дар дил доштам. Ҳангоме, ки ман футболҳои ҷаҳониро тамошо мекардам, дар дилам ин намуди варзиш ҷой гирифт ва аз ҳамон вақт орзуи футболбози касбӣ шуданро дар дил доштам».

Сабаби ба футбол рў оварданашро чунин маънидод намуд: «Ман аввал дар синфи 2-юмиам ба таэквон-до машқ менамудам. Ин намуди варзишро тайи 2-3 сол омўхтам, вале баъдан чи тавре ки дар боло қайд намудам, ҳамроҳи бачаҳои кўчаамон ба футболбозӣ машқ карданро оғоз намудам. Мехостам ба футболбози машҳури Италия Роберто Баҷо монанд шавам. Инчунин дар он айём ман аз усулҳои ў таълим мегирифтаму баҳри иҷрои он мешудам. Финтҳои аҷоиб дошт. Инчунин ў таҳти рақами 18 баромад менамуд, ки ҳоло ман зери ин рақам дар ҳама чемпионатҳо баромад менамоям. Рақами телефонам ҳам бо ҳамин рақам хотима меёбад».

Пеш аз футбол ў ба намуди таэквондо машқ карда буд: «Ҳарчанд ки дар намуди варзиши таэквон-до машғул будам, вале аз тамошои футбол бетараф намеистодам. Солҳои 1998-1999 ман мухлиси ашаддии тими «Спартак»-и Маскав будам. Аз ин даста ба ман футболбозон ба монанди- Тихонов, Аленичев ва Титов хеле писанд буданд. Ман мехостам ба футболбози машҳури Италия Роберто Баҷо монанд шавам. Инчунин дар он айём ман аз усулҳои ў таълим мегирифтаму баҳри иҷрои он мешудам. Финтҳои аҷоиб дошт. Инчунин ў таҳти рақами 18 баромад менамуд, ки ҳоло ман зери ин рақам дар ҳама чемпионатҳо баромад менамоям. Рақами телефонам ҳам бо ҳамин рақам хотима меёбад».

Мураббӣ

Аввалин мураббии Фатҳулло Иззатулло Мирзоев буд, ки хеле мураббии ботаҷриба аст. Мирзоев инчунин футболбози дигари шинохтаи тоҷик Самад Шоҳзуҳуровро низ таълими футбол додааст. Баъдан Фатҳулло зери сармураббигии Носир Ҳамидов дар тими «Динамо» баромад кард. Ҳоло бошад, ўро дар дастаи «Истиқлол» сармураббии ботаҷрибаи кишвар Салоҳиддин Ғафуров таълими футбол медиҳад.

Чемпионати Тоҷикистон

Аввалин маротиба соли 2004-ум дар ҳайати тими «Ориёно» баромад намудааст: «Дар аввалин дидор дар майдони худ бо дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қувва озмудем. Ҳарчанд ки ҳисоб дар ин бозӣ кушода нагашт, хеле ҷолибу диданӣ буд. Баъдан дар даври дуюм мо бо чемпиони мамлакат бо тими «Регар-ТадАЗ» қувва озмудем. Вале дар ин дидор бахт ба рўи бозигарони регариҳо хандид. Ҳисоби бозӣ 3:1 ба фоидаи онҳо анҷом ёфт. Дар мавсими аввалине, ки камина дар чемпионати Тоҷикистон баромад менамудам, маро ҳиссиёти аҷибе фаро мегирифт. Вақте ки ба бозӣ бо «Регар-ТадАЗ» мебаромадам, маро тарс фаро гирифта буд. Ба худ мегуфтам, ки бо Хуршед Маҳмудову Одил Эргашеву Иброҳим Рабимов чӣ гуна бозӣ мекарда бошам. Вале, ҳамааш бо хубӣ паси сар шуд. Онҳо ҳам мисли мо одами муқаррарӣ будаанд».

Баъд аз пошхўрии тими «Ориёно» Фатҳулло ба дастаи Вазораи корҳои дохилии кишвар «Динамо» омад ва дар он хуб баромад кард. Дастаи «Динамо» ҳам пош хўрд ва Фатҳулло кавл дод, ки дар хориҷа баромад кунад. Аз давлати Аморати Муттаҳидаи Арабистон даъватнома гирифт, вале бо як сухани модараш ин даъватро инкор намуд: «Писарам Фатҳулло, биё ҳамин гузаришатро ба вақти дигар мон. Ягон дастаи худиро интихоб намо». Баъдан бо даъвати Шоҳрух Саидов ў ба дастаи «Истиқлол»-и пойтахт ҳамроҳ шуд. Ҳоло ҳам таҳти рақами 18 дар онҷо баромад намуда истодааст.

Дӯстдоштаҳо

Ба гуфтаи Фатҳулло дар дунё ба мисли Криштиану Роналду бозигари беҳтарин нест. Инчунин ў дар майдонҳои калони Аврупо ба ин футболбоз ва дастааш «Реал» мухлисӣ менамояд. Оши палав дўстдоштарин хўрокаш аст. Шиораш бошад «Ҳамеша ба пеш». Ранги сафедро дўст медорад ва инчунин аз киноҳо силсилафилми «Фирор аз зиндон» («Побег Из Тюрьмы») маъқулаш афтодааст. Дар вақти холигиаш аз бозиҳои компютерӣ истифода мебарад ва инчунин оҳанги Муборакшоро меписандад.

Чемпионати ҷаҳон

– Тими мунтахабаи наврасони Тоҷикистон соли 2007-ум дар давлати Куриёи Ҷанубӣ дар даври финалии Ҷоми ҷаҳон иштирок намуда буданд, ки Фатҳулло Фатҳуллоев низ дар ҳайати тими ҷавонон аъзо буд. Ў бозии беҳтарини худро дар ин мусобиқот дар даври аввал бо ИМА гузаронид. Ў дар дақиқаҳои охирини дидор аз масофаи дур тўбро вориди дарвозаи америкоиҳо намуд ва ғалабаи дастаашро таъмин кард (ҳисоб 4-3). Ў дар бораи голи худ чунин гуфта буд: «Ман ду ҳимоятгари ҳарифро гузаштам ва дидам, ки кунҷи дарвозаи ҳариф кушода аст. Зарба задам, вале боварӣ надоштам, ки гол мешавад. Тўби задаи ман рост вориди дарвоза шуд». Инчунин зарбае, ки дар бозии Тунис ў зада буд, рост ба симчўби дарвоза бурхўрда боз майдон гашта буд.