Тити Эссомба, фарангии камерунӣ, ки дар Қазоқистон лоқ-лоқ мегардад, ва нимҳимоятгари мунтахаби Қазоқистон Сергей Скорих ҳамроҳ бо «Оқтеппа» ба Туркия ба тамрин рафтанд, ва агар умрашон вафо карда бошад, ба Маскав низ бурда хоҳанд шуд ва ба майдон бар зидди «Вахш» бароварда хоҳанд шуд.
Дастаи футболи «Оқтеппа», қаҳрамони Қазоқистон ва рақиби «Вахш» дар Ҷоми Иттиҳод, урра карда ба сабқати Маскав омодагӣ дида истодааст. Ана, аз Камерун ҳам як тип-тип (сип-сиёҳ бо забони Фаринози хурдакаки ман)-ро ба худ ҷалб кардааст. Сергей Скорихро бошад аз даҳони «Фрайбург»-и Олмон кашида гирифт! Вот так вот!
Ҳамчунин, дар Анталия чанд исмҳои нави дигар низ бо «Оқтеппа» дар тамринанд, исмҳо ба андозае нав ҳастанд, ки ба забон овардани онҳо ҳеҷ фоидае надорад, чун ҳеҷ якеашонро намешиносем.
Хуб, ба ҳар ҳол, ҳамин «Оқтеппа» саддарсад ният дорад, ки ба Маскав танҳо ва танҳо барои Ҷом биравад. Дигар ҳеҷ вазифае надоштааст ҷузъ ғалаба, ғалаба ва боз ҳам ғалаба, гуфтааст Василий Юрченко, раҳбари даста.
Дар як назарпурсии Спорт нуқта КейЗет, 444 нафар аз 919 раъйдода, гуфтаанд, дастаи қазоқӣ Ҷоми Иттиҳодро ба даст хоҳад овард. 186 каси дигар гуфтаанд – аз гурӯҳ нахоҳад баромад!
ФК «Оқтеппа»
«Оқтеппа» аз шаҳри Оқтеппа аст, ки дар русӣ Актюбинск мегӯяндаш ва дар қазоқӣ Актобе. Таърихи дурудароз дорад – дар соли 1967 таъсис шудааст, ба фикрам, ҳеҷ хонандаи доимии «Футболи Тоҷикистон» ҳамсолаш нест.
Бо вуҷуди ин ҳама синну сол, даста танҳо пас аз он ба бозии хуб шурӯъ кард, ки маъмулан футболбозон умуман бозиро бас мекунанд – қарибии 40.
Соли 2005 қаҳрамон шуд, соли 2006 нуқраро ба даст овард ва сипас се бор пайидарҳам – 2007, 2008 ва 2009 боз дастаи тиллоии Қазоқистон гардид.Дар соли 1994 ба ниҳояти Ҷоми Қазоқистон расида буд ва дар соли 2008 онро ба даст овард. Ҳамон соли 2008 Абарҷоми Қазоқистон низ насибаш гардид. Умуман, соли 2008 барои даста хеле пурбор буд – ҳар се сабқати дохилӣ ба кафи дасташ даромад.
Даста дар тӯли таърихаш исмашро низ чанд бор иваз карда буд – «Актюбинетс» (1967—1995), «Актобемунай» (1996), «Актобе» (1997), «Актобе-Ленто» (2000-2004), «Актобе» (аз 2005).
Аввалин ғалабаи даста дар Ҷоми Иттиҳод бар …»Вахш». будааст. Дар соли 2006, соли нахустин пайдоиши «Оқтеппа» дар Ҷоми Иттиҳод қазоқҳо бо «Нефтчӣ»-и Боку мусовӣ карданд, аз «Металлург»-и Лиепая шикаст хӯрданд, ва танҳо бар «Вахш» ғолиб омада буданд. Имсол, умедворем, «Вахш» интиқоми он бохтро хоҳад гирифт.
Дар соли 2007 даста аз БАТЭ шикаст хӯрд, ва бо «Регар» ТадАЗ ва ССКА-и Маскав мусовӣ кард. Дар соли 2008 боз бо тоҷикон дар як гурӯҳ буд, ин дафъа бар «Регар» ТадАЗ ғолиб омад, «Хазар-Ланкоран»-и озариро низ шикаст дод, вале аз «Каунас» шикаст хӯрд ва ба чаҳорниҳоӣ нарафт.
Аз гурӯҳ даста танҳо дар талоши чаҳоруминаш – дар соли 2009 баромад – пас аз пирӯзӣ бар «Арарат»-у «Рубин» ва мусовӣ бо «Пахтакор». Дар чаҳорниҳоӣ МТЗ-РИПОи беларусиро ва дар нимниҳоӣ «Интер»-и Бокуро шикаст дод ва дар ниҳояти Ҷом аз «Шериф»-и Молдова дар задани пеналтиҳои пас аз бозӣ ноком шуд.
Дар Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо барои солҳои 2009-2010 дар даври дуввуми интихобӣ бар «Хафнарфйордур»-и Исландия бо ҳисобҳои 4:0 ва 2:0 ғолиб омада, дар даври саввуми интихобӣ аз «Маккаби»-и Хайфаи Исроил шикаст хӯрд (0:0, 3:4). Аз он ҷо ба Лигаи Аврупо рафт ва дар он ҷо дар плей-офф аз «Вердер»-и Бремени Олмон шикаст хӯрд.
Торнамои расмии даста – http://www.fcaktobe.kz/
Таърихи бозиҳои дастаҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар Ҷомҳои Иттиҳод:
- 1997: «Тараз» 3-2 «Динамо» (Душанбе) (Ваганов 14, Мазбаев 43, 55 – Фузайлов 7, Камолиддинов 63)
- 1999: «Варзоб» 1-1 «Елимай» (Норқулов 58 – Вишняков 88)
- 2000: «Варзоб» 2-2 «Иртиш-Бастау» (Князев 24, Ҳамидов 28 – Мендез 36 пен., Клишин 44)
- 2006: «Оқтеппа» 1-0 «Вахш» (Головской 57)
- 2007: «Регар» ТадАЗ 0-0 «Оқтеппа»
- 2008: «Оқтеппа» 5-0 «Регар» ТадАЗ (Бадло 5, Хайруллин 31, Каримов 34 автогол, Струков 69, Богомолов 85)
Дар бораи бозиҳои дастаҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар Ҷомҳои Осиё аз ин ҷо метавонед огоҳ бишавед.
Чемпион страны «Актобе» проводящий учебно-тренировочный сбор в турецкой Анталии провел второй контрольный матч.
Соперником «Актобе» стал турецкий клуб «Газиантепспор», выступающий в высшем дивизионе этой страны. На сегодняшний день команда занимает 11-место. Игра закончилась вничью 1:1, автором единственного мяча у казахстанцев, стал 22-летний Эмиль Кенжисариев, забивший мяч со штрафного.
Клуб экс-кыргызстанца Эмиля Кенжисариева «Актобе» провел очередной контрольный поединок на своем первом зарубежном УТС в Турции. Как сообщает sport.gazeta.kz, соперником команды Владимира Муханова был новичок премьер-лиги России махачкалинский «Анжи». Россияне одержали победу – 4:2. В составе казахстанцев дважды отличился защитник Эмиль Кенжисариев (на фото).
Счет открыли казахстанцы, однако “Анжи” быстро вышел вперед усилиями эстонского защитника Линдпере и форварда Барабадзе. Затем вновь отличился Кенжисариев, однако все тот же Барабадзе и юный Имуридзе принесли победу россиянам. Стоит отметить, что первый тайм остался за “Актобе”, во втором тайме Владимр Муханов произвел ряд замен.
Напомним, что днем резервный состав команды одержал разгромную победу над клубом второй лиги Турции – 7:0.
Мухлисони футболи точик хобанд чи, чанд руз боз комментарияхои худро наменависанд. Ё мисли Россия то 13 январ соли нави кардестан???
“Актобе” (Актюбинск, Казахстан)
Чемпион Казахстана и прошлогодний финалист Кубка Содружества. Клуб из Казахстана в прошлом году запомнился не только очередным завоеванным чемпионством, но и феерическим противостоянием в Лиге Европы против бременского “Вердера”. Напомним, в Германии команды выдали суперматч, закончившийся со счетом 6:3. Чуть ранее, в квалификации к Лиге Чемпионов похожий “триллер” казахи устроили и в противостоянии с израильским “Маккаби” – 3:4. Может от этой команды и на Кубке Содружества ждать чего-то подобного? Тогда все живо покупаем билеты на матчи “Актобе”!