Akmal Kholmatov: “I am a Patriot!”

Сухани Пӯлод Қодиров дар сӯҳбат бо «Гол»: «Акмал Холматов, беҳтарин легионери тоҷик, ҳангоме, ки ўро даъват кардем, розӣ шуд, қасам хўрд, ки фарзанди тоҷик аст ва дар дастаи мунтахаб бозӣ мекунад, акнун бедарак аст, телефонашро намебардорад. Ў бори дуюм аст, ки чунин рафтор мекунад. Соли гузашта низ розигӣ дод, ки меравад, пеш аз парвоз занг зад, ки ҷароҳат дорад. Баъди ин чӣ тавр метавон, нуқтаи назари ўро фаҳмид? Ҳамон вақт, аз дастаи мунтахаб бозӣ накард, аммо дар бозиҳои рафиқонаи дастаи «Пахтакор» фаъол буд. Мо ба роҳбарияти клуби «Пахтакор» телефонӣ сўҳбат кардем, онҳо гуфтанд, ки «марҳамат агар худаш розӣ бошад, бозӣ кардан гирад».

Посухи Акмал Холматов дар сӯҳбат бо «Варзиш-Спорт»: «Ман аз суханони сармураббиямон ҳайронам. Ман ҳеҷ гоҳе даъват ба мунтахабро рад накардаам, зеро барои худ дар зери парчами Ватан бозӣ карданро шараф медонам. Ҳа, ман ваъда дода будам, ки ба мунтахаб меоям, агар маро даъват кунанд. Вале сармураббӣ Пӯлод Қодиров бо ман дар тамос нашудааст. Пас аз тамринот ман дар мобилам дидам, ки ду занги посухнадода дорам. Дар муддати чанд рӯзи дигар талош кардам, то бо он рақамҳо занг занам, ҳеҷ кас гӯширо намебардошт. Агар ӯ маро наёфтааст, пас ин ҷурми ман нест.

Ман ҳайронам, кив ақте қаблан Шариф Назаров сармураббӣ буд, ӯ ҳамеша маро меёфт. Ҳарчанд он замон тамоси мобилӣ ба мисли ҳозира пешрафта набуд. Сармураббӣ мегӯяд, гӯиё дар «Пахтакор» ба ӯ гуфтаанд, «бо худи Холматов ҳарф занед.». Иҷозаи бозӣ дар мунтахабро ба ман даста медиҳад, на ман. Аз ин рӯ, шубҳа дорам, ки ба ӯ дар «Пахтакор» чунин гуфта бошанд. Қодиров маро муттаҳам мекнуад, ки дар сабқат қаблӣ низ ман бозӣ дар ҳайъати мунтахабро рад карда бошам. Ин дуруст нест. Ӯ намедонад, ҳарчанд сармураббӣ бояд дар бораи ҳамаи бозигаронаш донад, ӯ намедонад, ки пои ман шикаста буд ва ман тӯли тамоми мавсим дар табобат будам. Дар ҳоли ҳозир тамрин мекунам, дар ҳолати хуби ҷисмонӣ ҳастам ва бо аввалин даъват омодаам, то ба мунтахаби ватанӣ ёрӣ бидиҳам. Ман шаҳрванди Тоҷикистон, худро ватандӯст мешуморам, аз ин рӯ ҳеҷ гоҳ аз мунтахаб даст накашидаам ва нахоҳам кашид.

Бояд ба назар гирифт, ки ҳеҷ дастае бозигарашро ҳақ надорад аз мунтахаб маҳрум кунад, ва ҳамчунин ҳеҷ дастае бозигарашро бештар аз як моҳ рухсатӣ намедиҳад. Аз ҳафтаномаи «Варзиш-Спорт» хоҳиш дорам, то ба самъи сӯҳроб Қосимов, раиси ФФТ, расонанд, ки ман ҳамеша омодаи бозӣ дар мунтахаб ҳастам.»

Илова: Акмал Холматов феълан бо «Пахтакор» дар тамринот дар Туркия мебошад. Дастаи ӯ дар ин тамринот бо «Мика»-и Арманистон сифр бар сифр мусовӣ кард, бар «Васлуй»-и Руминистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад, ва бо «Терек»-и Грозний низ 2:2 кард. Дар ҳамаи ин бозиҳо Холматов иштирок дошт.