Tajikistan in FIFA new rating

Мунтахаби Тоҷикистон рейтинги имсолаи ФИФА-ро бо парвози камсобиқа – 17 зина боло оғоз кард ва дар ҷойи 148-ум нишаст.

Ҳамагӣ як пирӯзӣ бар Яман дар оғози соли равон ва холҳои кӯҳанашонро аз даст додани ҳамсоягон барои мунтахаби Тоҷикистон имкони чунин парвозро фароҳам овард.

Тоҷикистон ҳамакнун соли 2010-ро дар рейтинги ФИФА миёни ду мунтахаби африқоӣ – Бурунди ва Лесото оғоз мекунад. Дар миёни мунтахабҳои собиқ Шӯравӣ Тоҷикистон дигар аз ҳама поинтарин нест.

Ва хабари аз ҳама асосӣ – мо Сент-Китсро гузаштем, урра!!! Ин ҷазирачаи аллакай дӯст ва шиноси мо, ки ҳамагӣ 40 ҳазор аҳолӣ дорад, ва ҳадафи мо дар рейтинги ФИФА буд, акнун дар ҷойи 155-ум қарор дорад.

Ҳадафи нав – Каледонияи нав, ки ду зина аз мо болотар аст. Маълумот дар бораи ин кишварро лутфан аз мистер гугл бипурсед ва ба ман ҳам бигӯед.

Даҳгонаи беҳтарини ҷаҳон дар рейтинги ФИФА: 

  • 1) Испониё
  • 2) Бразил
  • 3) Ҳолланд
  • 4) Итолиё 
  • 5) Португалия
  • 6) Олмон
  • 7) Фаронса
  • 8- Аргентина
  • 9) Инглистон
  • 10) Миср

Дар даҳгонаи беҳтарини ҷаҳон ягона тағйирот ба ин даҳгона ворид шудани мунтахаби Фиръавнҳо – қаҳрамонҳои нави Африқо ба ҷойи Хорватистон мебошад. Намедонам, ягон бор ягон мунтахаби африқоӣ оё ба даҳгона ворид шуда буд ё на.

Даҳгонаи беҳтарини Осиё дар рейтинги ФИФА (дар қавс мақоми мунтахаб дар рейтинги ҷаҳонӣ): 

  • 1) Австралия (23)
  • 2) Ҷопон (40)
  • 3) Кореяи Ҷанубӣ (49)
  • 4) Арабистони Саудӣ (59))
  • 5) Баҳрайн (60
  • 6) Эрон (63)
  • 7) Узбакистон (75)
  • 8 – Кореяи Шимолӣ (85)
  • 9) Ироқ (86)
  • 10) Чин (87)

Даҳгонаи беҳтарини Осиё дар рейтинги ҷаҳонӣ ҷойҳои худро кадоме пеш, ва кадоме қафо кардаанд. Аммо миёни худ тағйирот ин аст, ки Баҳрайн ҷои худро ба Арабистони Саудӣ додааст. Ҳамчунин, Уммон ва Қатар аз даҳгона берун афтодаанд ва ба ҷояшон Ироқ ва Чин вориди даҳгона шудаанд.

Тоҷикистон дар рейтинги осиёӣ дар ҷойи 28-ум мебошад ва поинтар аз Лубнону Мянмар ва Ҳонконгу Малдиву Индонезияву Ҳиндустону Сингапуру Вйетнам ҷой гирифтааст. Кишварҳои осиёие, ки дар ин рейтинг поинтар аз Тоҷикистон қарор доранд, 18-то мебошанд.

Собиқ Шӯравиён дар рейтинги ФИФА: 

  • 13) Русия
  • 24) Укроин
  • 49) Латвия
  • 62) Литва
  • 75) Узбакистон
  • 80) Беларус
  • 96) Молдова
  • 102) Арманистон
  • 104) Эстония
  • 114) Озарбойҷон
  • 122) Гурҷистон
  • 123) Қазоқистон
  • 134) Туркманистон
  • 148) Тоҷикистон
  • 158) Қирғизистон

Аз миёни мунтахабҳои собиқ Шӯравӣ касе боло ва касе поин рафтааст. Аммо ягона ҷойивазкунӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон рух додааст. Ҳамакнун, мо дигар поинтар аз ҳама дар Шӯравӣ нестем.

Ҷойҳои охирин дар рейтинги ФИФА:

  • 203) Сан-Марино
  • 203) Ангила
  • 203) Монтсеррат
  • 203) Самоаи амрикоӣ
  • 203) Папуа-Гвинеяи Нав

Беҳтарин нишондоди мунтахаби Тоҷикистон дар рейтингҳои ФИФА дар таърихаш ҷойи 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Бадтарин нишондоди Тоҷикистон ҷойи 180-ум дар боз ҳам июли 2003 мебошад. Беҳтарин болоравияш 27 мақом дар моҳи июни соли 1997 мебошад. Бадтарин уфташ – 18 мақом дар октябри соли 2006 мебошад.