Ягона голи Габриел Донтох, фарангии ССКА «Помир» дар бозии санҷишии дастааш бо «Истиқлол» дар тамринот дар Норак нахустин шикасти муддаии унвони қаҳрамонӣ дар имсол буд.

«Варзиш-Спорт» хабар медиҳад, партоб аз кунҷ бо зарбаи саронаи фарангии ССКА «Помир» аз Гана ба дарвозаи дарвозабони нави «Истиқлол» – Абдуазиз Маҳкамов анҷомид.

Дар ҳайати ССКА «Помир» ҳамчунин Раҳматулло Фузайлов,  нимҳимоятгарон Обидҷон Исмоилов ва Қурбоналӣ Собиров ва фарангии эронӣ дарвозабон Воҳид Обидӣ низ бозӣ карданд.

«Истиқлол» дар ҳар қисм бо ҳайати нав ба бозӣ даромад. Ин бозӣ то сафари бозигарони мунтахабии даста анҷомида буд.