Oliveira and Dontoh’s doubles

Имрӯз даври саввуми сабқати интихобии Ҷоми хотираи Рустам Долтабоев, яке аз аввалин футболбозони саршиноси тоҷик, дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Бозиҳои минтақаи Душанбе бо ширкати 6 даста дар майдони футболи Донишкадаи варзиши Тоҷикистон ҷараён доранд.

Натиҷаҳои даври дуввум аз Озодӣ гирифта шудааст:

«Энергетик» 1:0 «Хайр» (Шавкати Ҳотам 85)

 «Регар» ТадАЗ 5:0 РШВСМ (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ)- (Жаилтон Оливейра ду гол, Ҷамшед Исмоилов, Мансур Ҳакимов, Фарҳод Холбеков якголӣ)

ССКА «Помир» 7:2 «Ҷавонон» (Мирзобек Мирзоев ва Габриел Донтох дуголӣ, Ҷонибек Ғаффоров, Шамс Қосимов ва Ҳабиб Пиров якголӣ – Ҳақназар Ҳақназаров, Умед Ҳамроев)

Натиҷаҳои даври якум аз «ВС» гирифта шудааст:

«Ҷавонон» – «Энергетик» – 0:2 (Шодибек Ғаффоров 49, 56).

ССКА «Помир» – «Регар» ТадАЗ – 1:1 (Каримов 6 пен – Холбеков).

РШВСМ – «Хайр» – 1:1 (Юсупов 20 пен – Аслиддини Зайниддин 47).

Пас аз ҷамъбасти ду даври сабқати интихобӣ дастаи «Энергетик» бо 6 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. «Регар» ТадАЗ ва ССКА «Помир» 4-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо ССКА «Помир» дар ҷои дувум ва «Регар» ТадАЗ дар ҷои севум қарор доранд. Дастаҳои «Хайр» ва РШВСМ якимтиёзӣ гирифтаанд. «Ҷавонон» бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шудааст.

Бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм. 9-уми феврал.

10.00 – ССКА «Помир» – «Энергетик»
12.00 – РШВСМ – «Ҷавонон»
14.00 – «Хайр» – «Регар» ТадАЗ

Даври 4-уми. 11-уми феврал.

10.00 – «Энергетик» – «Регар» ТадАЗ
12.00 – «Ҷавонон» – «Хайр»
14.00 – ССКА «Помир» – РШВСМ

Даври 5-уми. 13-уми феврал.

10.00 – РШВСМ – «Энергетик»
12.00 – «Хайр» – ССКА «Помир»
14.00 – «Регар» ТадАЗ – «Ҷавонон»

Бар асоси низомномаи мусобиқа чаҳор дастаи беҳтарини минтақаи Душанбе ва дудастаӣ аз минтақаҳои Суғду Хатлон ба даври ниҳоии Ҷоми Рустам Долтабоев роҳхат мегиранд.