“Khujand” beat Kazakhs

Дастаи «Хуҷанд» дар як бозии санҷишӣ бар ҳайъати дуввуми қаҳрамони Қазоқистон – «Оқтеппа» бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.

«Оқтеппа-2» дар Қайроққум дар марҳилаи интихобии Ҷоми Рустам Долтабоев иштирок дорад.

Ҳисоби он бозиро нахустин муҳоҷими ҳамакнун собиқи ССКА «Помир» Искандар Гадоев боз кардааст. Искандар голи саввуми ин бозиро низ задааст ва дар миёни ду голи ӯ Зокир-ака Бердиқулов як гол задааст.

«Хуҷанд» боз дар як бозии дигар бар «Эсхата» бо ҳисоби 3:2 ғолиб омадааст. Голҳои «хуҷандиён»-ро Искандара Гадоев, Асада Бобоҷонов  ва капитан Шӯҳрат Умаров задаанд.

Ӯроз Турақулов, сармураббии дастаи биринҷии Лигаи Олӣ-2009, ҳокии ин ҳама хабар, ҳамчунин ба «Варзиш-Спорт» гуфтааст, даста то даҳаи саввуми феврал дар Қайроққум мемонад ва дар он ҷо боз бо дастаҳои вилоятӣ ва дастаи қазоқии «Тараз» бозиҳо мекунад.