Tajik teen flies on wing and a prayer
Алвин Саллай, торнамои расмии АФК. Тарҷума аз англисӣ.
Ӯ дар як рӯз панҷ бор салот мегузорад – ба милси ҳамаи ҳамдатагони дигари мусалмонаш. Табассуми бовиқор, вале дӯстонааш хислати дигари ӯст. Ҳарф дар бораи Фатҳулло Фатҳуллоев меравад, ки ду голи ӯ дирӯз ба дарвозаи Шри-Ланка умедҳои Тоҷикистонро дар Ҷоми чолиш эҳё кард.
Ҷойнамоз ҷузве аз ҷиҳози автобуси мунтахаби ин кишвар гаштааст ва Фатҳуллоеву рафиқонаш намози пешинро хонданду, сипас рафтанд ва умедҳои мизбон – Шри-Ланкаро барои дарви нимниҳоӣ барбод доданд.
Чун аз тасвири голи нахустинаш, аз фиреби волоҳунаронаи ҳимоятгарони Шри-Ланка ва лаби хомӯшӣ газидани ҳазор мухлиси дастаи мизбон пурсидам, табассуми шармовар дар чеҳраи Фатҳулло гул зад.
“Ба мисли Марадона буд,” ронандаи автобуси даста ба мусоҳиба ҳамроҳ мешавад. Аз он ки ӯро ба бозигари маъруфи Аргентина монанд кардан боз ҳам табассум ва аммо ин навбат ҳайратовар дар лабҳои Фатҳуллоев ҳувайдо мешавад.
“Ман тӯбро бо пои чапам гирифтам ва танҳо ба сӯи пеш давидам. Ман чаҳор ҳимоятгарро гузаштам, ва дуруст аст, ки он яке аз беҳтарин лаҳзаҳои бозии ман дар карйераам дар мунтахаб буд.» мегӯяд Фатҳуллоев.
Нӯҳ ва ҳисоб давом дорад
Ӯ ҳамагӣ 19 сол дорад ва дар сабқати маҳаллии кишвараш барои «Истиқлол»-и Душанбе заҳмат мекашад. Нахустин бор ба мунтахаб се сол пеш ҷалб шуда буд ва то дирӯз 11 бор пероҳани муҳимтарини футболии кишварашро ба бар карда буд.
Санъати волои ӯ дар бозии дирӯза шумори голҳояш барои мунтахабро ба 9 расонид. (Суол аз Фолловер: Магар се не?).
«Вале барои нахустин бор аст, ки ман дар бозии мунтахаб ду гол мезанам. Ҳанӯзам бовар карда наметавонам ва ман албатта хеле хушҳолам» табассум мекунад ӯ.
Голи аввали ӯ мӯъҷизае буд, голи дуввуми ӯ бошад дар лаҳзае, ки то ҳуштаки довар сонияҳое боқӣ монда буданд, нишон дод, ки чӣ гуна ӯ аз беруни ҷаримгаоҳ низ зарбаи нерӯдоре зада метавонад ва дарвозабонро танҳо коре, ки мемонад, ду даст боло кардан аст.
“Ҳа, ин як нуқтаи нерӯмандии ман аст. Ман метавонам бо ҳар ду по зарба занам ва ҳимоятгаронро дар ҳолати ночорӣ қарор бидиҳам», мегӯяд ҷаовни тоҷик.
Голборон
Узви мунтахаби 17-солаҳои Тоҷикистон дар Ҷоми Ҷаҳон-2007 дар Кореяи Шимолӣ, Фатҳулло ба ёд меорад, ки чунин голе ба дарвозаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зада буд. Голе, ки барои Тоҷикистон пирӯзӣ оварда буд.
“Ман пештар ҳам чнуин гол зада будам. Ман дар як ҷой намешинам, балки фикр мекунам, ки бояд ба пеш биравам ва шонс биҷӯям.», мегӯяд.
Дурахшиши дирӯзаи ӯ итминони бештареро ба дилҳои рафиқонаш дар дастаи Тоҷикистон ҷой медиҳад. “Ӯ бозигари хеле хуб аст, яке аз беҳтаринҳои мост. Ин пирӯзӣ моро боз ба ҳавойпамои сабқат савор намуд.» мегӯяд Пӯлод Қодиров ва ҷойнамозро аз автобус бо худ мегирад.
Фатҳулло ва бозигарони дигар ба меҳмонхона равонанд, то хуб истироҳат бикунанд, вале Пӯлод Қодиров дар варзишгоҳи Суғатадаш меистад, то бозии Бангладеш бо Мянмарро тамошо бикунад. Ӯ бояд пеш аз ин бозӣ намози навбатияшро бихонад.
“Мо барои ғалаба ба ин ҷо омадаем. Дар бозии аввал бо Бангладеш мо ба гармову намии ин ҷо одат нокарда будем. Ҳанӯзам ҳаво барои мушкил аст, вале дорем мутобиқ мешавем ба он». Фатҳулло мутмаин ас, ки Тоҷи Ҷоми чолиш ба сари Тоҷдорон гузошта хоҳад шуд.
Ина танкид карденша баъди бозии Бангладеш, ба Шри-Ланка ду гол зад. Шояд боз танкид кунемша, ки ба Мьянма 2 голи дигар занад?
Suraho az bozii Bangladesh-TJK
Joi tarifkuniyasham ham nest. Ba Sri-Lanka har kas gol zada metavonad. Az uhdai Bangladeshi ki af futbol darake nadorand, nabaromad. Isted ki bo Myanmar chi tavr bozi mekunad. Rosti gap hama umed ba Khurshedu (Makhmudov) va Ibrohim Rabimov!
Ташаккур барои маълумот, Беном
Очевидно и то, что Кубок вызова АФК попал на неподходящее время: «Сейчас период трансферов, подготовки к сезону, – говорит наш легионер Бузургмехр Юсупов, играющий в третьей польской лиге. – Поэтому время очень даже неудобное для футболиста: если он согласится играть за сборную в этот трудный для себя период, то по возвращении ему будет тяжело закрепиться в основном составе».
«Меня пока что не приглашали – наверное, потому, что я еще играю в третьей лиге, – говорит Бузургмехр Юсупов. – Как доберусь до лиги экстра-класса, тогда, может быть, и позовут. Во всяком случае, время покажет».
По словам Тохира Муминова, национальная сборная Таджикистана 1997 года на 80% состояла из легионеров: «Трое из нас были из Узбекистана, один футболист играл в Украине, восемь – в России», – говорит Тохир Муминов. Кстати, именно 1997 год был одним из лучших в истории таджикского футбола: тогда наша страна была на 114-й, самой высокой строчке рейтинга ФИФА за всю свою историю.
«Поэтому хотелось бы, чтобы наше подростковое поколение пробивалось в элитные клубы за пределами республики, играло в сильных чемпионатах, зарабатывало хорошие деньги, но никогда не забывало защищать честь нашей страны на международной арене, – говорит Тохир Муминов, – Нашей сборной должны попадаться соперники как раньше: Китай, Иран, Корея. Мы в свое время переросли и Шри-Ланку, и Мьянму. Сейчас на Кубке вызова АФК мы должны это доказать – занять первое место».
Ин хабархо аз кучо? барои чи сайти Варзиш-спорт кушода намешавад?
Аз Азия Плюс
Очевидно и то, что Кубок вызова АФК попал на неподходящее время: «Сейчас период трансферов, подготовки к сезону, – говорит наш легионер Бузургмехр Юсупов, играющий в третьей польской лиге. – Поэтому время очень даже неудобное для футболиста: если он согласится играть за сборную в этот трудный для себя период, то по возвращении ему будет тяжело закрепиться в основном составе».
«Меня пока что не приглашали – наверное, потому, что я еще играю в третьей лиге, – говорит Бузургмехр Юсупов. – Как доберусь до лиги экстра-класса, тогда, может быть, и позовут. Во всяком случае, время покажет».
Ягон маълумот хаст дар кучо бози мекард ???