Turkmenbashi will not come to Tajikistan

«Вахш», қаҳрамони Тоҷикистон, имрӯз дар саввумин бозии худ дар Ҷоми президенти Туркманистон дар шаҳри Ишқобод бо дастаи «Гандзасар»-и Арманистон нерӯ месанҷад.

«Вахш» ду бозии қаблии худро ба дастаҳои «Олтин Асир»-и Туркманистон ва мунтахаби дастаии Туркия бо ҳисобҳои якгунаи 0:2 бохт. Дар бораи бозии нахуст гуфта будем. Дар бозии дуввум бо туркҳо аллакай дар дақиқаи 8-ум Бахатин Косе ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 36-ум Чагри Яркин голи дуввумро зад ва барои «Вахш» чиптаи бозгашт ба Қурғонтеппаро фармоиш дод. Сомонаи расмии туркманӣ мегӯяд, як бор Аҳтам Ҳамроқулов бо дарвозабони турк як ба як баромад, вале истифода бурда натавонист ва дар лаҳзаи дигар зарбаи Меҳроб Заҳурбеков ҳам хато рафт.

Дар бозии дигари даври дуввуми гурӯҳи «А» «Алтин Асир» ба дарвозаи арманиҳо се голи беҷавоб зад ва бо шаш хол ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифт.

Қабл аз бозиҳои имрӯз, туркманҳо 6 хол доштанд, туркҳо 4 хол ва арманиҳо се холу тоҷикон ҳеҷ хол.

Бозиҳои гурӯҳи «А»:

  • «Вахш» 0:2 «Алтин Асир»
  • «Гандзасар» 1:1 Мунтахаби дастаии Туркия
  • «Вахш» 0:2 Мунтахаби дастаии Туркия
  • «Алтин Асир» 3:0 «Гандзасар»

Бозиҳои гурӯҳи «Б»:

  • «Окжетпес» 1:1 «Экранас»
  • «Абдиш-Ата» 0:1 «Небитчӣ»
  • «Абидш-Ата» 0:2 «Экранас»
  • «Окжетпес» 4:0 «Небитчӣ»

Ғолибони Ҷоми Туркманбошӣ

  • 1995 – «Копетдоғ» (Ишқобод)
  • 1996 – Мунтахаби дастаҳои Туркманистон
  • 1997 – Мунтахаби дастаҳои Туркманистон
  • 1998 – «Истиқлол» (Теҳрон, Ирон)
  • 1999 – «Нисо» (Ишқобод)
  • 2000 – Мунтахаби Ишқобод
  • 2001 – «Копетдоғ» (Ишқобод)
  • 2002 – «Торпедо» (Кутаиси, Гурҷистон)
  • 2003 – «Нисо» (Ишқобод)
  • 2004 – «Нисо» (Ишқобод)
  • 2005 – «Нисо» (Ишқобод)
  • 2006 – «Дачия» (Кишинев, Молдов)
  • 2007 – МТТУ (Ишқобод)
  • 2008 – МТТУ (Ишқобод)
  • 2009 – МТТУ (Ишқобод)
  • 2010 –  

Дастаҳои Тоҷикистон дар Ҷоми Туркманбошӣ

  • 12.02.2004 «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) 3:2 «Локомотив» (Маскав). Голҳо: Ҳакимов 5 пен., 50. Раҳимов 87.
  • 14.02.2004 «Авиатор» 0:2 «Нисо» (Ишқобод)
  • 16.02.2004 «Авиатор» 3:1 «Тулевик» (Эстония). Голҳо.
  • Бозӣ барои ҷойи саввум. 17.02.2004. «Авиатор» 0:1 «Ворскла» (Полтава, Укроин)

———————————————————————–

  • 11.02.2005 «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) 5:2 «Небитчӣ» (Балканобод, Туркманистон). Голҳо: Бобоҷонов 22, 73, М. Ҳакимов 65, 67, Рабиев 84)
  • 13.02.2005 «Авиатор» 1:1 Мунтахаби Туркманистон (М. Ҳакимов 27)
  • 15.02.2005 «Авиатор» 2:2 «Ворскла» (Укроин). Голҳо: Норқулов 45 пен, 80 пен.)
  • Бозӣ барои ҷойи саввум. 18.02.2005 «Авиатор» 3:2 «Мика» (Аштарак, Арманистон). Голҳо: Армен Петикян 3 автогол, Нӯъмон Ҳакимов 30, Мансур Ҳакимов 61.

Медалҳои биринҷӣ насиби «Авиатор»-и Тоҷикистон гардид ва Мансур Ҳакимов бо 4 гол беҳтарин голзани ин сабқат дар соли 2005 эълон шуд.

————————————————————————- 

  • 11.02.2006 ССКА (Душанбе) 0:2 «Небитчӣ» (Балканобод, Туркманистон)
  • 13.02.2006 ССКА (Душанбе) 0:2 МТТУ (Ишқобод, Туркманистон)
  • 15.02.2006 ССКА (Душанбе) 0:3 «Трактор» (Тошкант, Узбакистон)

————————————————————————-

  • 22.02.2007 «Ориёно» (Душанбе) 1:3 «Ишқобод» (Туркманистон). Гол: Давронҷон Тухтасунов 50.
  • 24.02.2007 «Ориёно» (Душанбе) 0:3 «Ворскла» (Укроин)
  • 26.02.2007 «Ориёно» (Душанбе) 1:1 ПЕА (Бангкок, Таиланд). Гол: Комил Саидов 74.

—————————————————————————

  • 22.02.2008 «Вахш» 2:1 «Небитчӣ» (Балканобод, Туркманистон). Голҳо: Нӯъмон Ҳакимов 7, 72.
  • 24.02.2008 «Вахш» 1:3 «Ишқобод» (Туркманистон). Гол: Ф. Фатҳуллоев 78.
  • 26.02.2008 «Вахш» 0:4 Мунтахаби 19-солаҳои Эрон

Нӯъмон Ҳакимов бо ду голаш ба қатори беҳтарин голзанҳои ин сабқат дар соли 2008 дохил шуд.

————————————————————————————-

  • 21.02.2009 «Парвоз» 0:0 «Гандзасар» (Капан, Арманистон)
  • 23.02.2009 «Парвоз» 0:1 «Ишқобод» (Туркманистон)
  • 25.02.2009 «Парвоз» 2:2 Мунтахаби 21-солаҳои Баҳрайн

———————————————————————————